Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Абдураҳмон Хоновро таҳти унвони «Ҷавононро дар заминаи арзишҳои маънавӣ тарбия бояд кард», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 15 декабри соли 2014 таҳти №149 (3295) чоп шудааст, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тобеи вазорат мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар гуна навиштаро, ки аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба миён гузошта мешавад, ҷиддан мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Маҳз тавассути ҳамин гуна навиштаҳо аз андешаи аъзои ҷомеа бохабар шудан имкон дорад ва агар танқид, пешниҳод ва маслиҳат воқеию созанда бошад, онро дар кори ҳаррӯзаи худ мавриди истифода қарор медиҳад.
Б.ОДИНАЕВ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон