Даҳуми марти соли равон бо ибтикори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ), Иттифоқи журналистон ва Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи (ВАО) Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо» чорабинӣ баргузор шуд.
Зимни он ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода нақши ВАО-ро дар рушди ҷомеа назаррас арзёбӣ намуд. Муовини вазири фарҳанги кишвар Қурбоналӣ Абдураҳимзода рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрик ва доир ба рушди матбуот дар даврони соҳибистиқлолӣ баромад кард. Бино ба гуфти ӯ, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 191 рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, ҳоло 621 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки 395-тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Дар ҳоле ки солҳои аввали истиқлолият дар кишвар танҳо як агентии иттилоотӣ фаъолият мекард, ҳоло теъдоди онҳо ба 11 расидааст, ки аз ин шумора 10 агентӣ ҷамъиятиву хусусӣ аст.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, мушовири Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шодон Шарифзода сухани табрикии раиси кумитаи зикршуда Саидмурод Фаттоҳзодаро қироат намуд.
Баъдан, профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ Мурод Муродӣ дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баромад кард. Ӯ роҳи тайкардаи матбуоти тоҷикро аз «Бухорои шариф» то ба ҳол таҳлил намуда, аз ҷумла, гуфт, ки матбуот дар марҳилаҳои гуногуни инкишоф барои ҷомеа хизмат кардааст. Ва доир ба хусусияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ касб кардани рақобати иттилоотӣ суҳбат намуда, таъкид кард, ки рӯзноманигорон дар чунин шароит бояд роҳҳои беҳтари ҷалби таваҷҷуҳи аудиторияро истифода кунанд.
Раиси Шӯрои ВАО, сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзӯи «Нақши меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар рушди журналистикаи муосир» сухан ронд. Номбурда иттилоъ дод, ки меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро аз нав таҳия намудаанд, ки пас аз қабул шудан аз ҷониби ҷомеаи журналистӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, директори Академияи ВАО Саъдӣ Маҳдӣ ва раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло суханронӣ намуданд.
Пас аз анҷоми қисми аввал иштирокчиёни чорабинӣ осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карда, бо фаъолияти китобхонаи замонавӣ дар бинои факултети иқтисодии ДМТ шинос шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»