Андешаҳо оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини ваҳдату якпорчагии кишвар
Ифтихормандам, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои пурмасъул фаъолият доштаму шинохту хотиротам аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд аст.
Қабл аз ҳама, иброз менамоям, ки кулли дастовардҳоям дар зиндагӣ ва сазовор шудан ба мақому манзалат дар ҷомеаро, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонам. Зеро то соли 1993 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғул будам ва то он вақт вазифаҳои давлатиро ишғол накарда, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ иштирок накардам, дар амалиёти ҷангию кашмакашиҳои сиёсӣ низ бевосита ширкат надоштам. Бинобар ин, фаъолияти меҳнатиам бояд ҳамчун олим ва омӯзгор давом мекард. Аммо моҳи июни соли 1993 маро ба вохӯрӣ бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов даъват карданд ва хабар доданд, ки аз байни чанд номзади пешниҳодшуда ба вазифаи вазири адлияи ҷумҳурии тозаистиқлол номзадии ман интихоб шудааст.
То ба ҳол он вохӯрии фаромӯшнашаванда ва суханони Сарвари давлат, ки дар рафти он гуфта шуда буданд, барои ҳамеша дар ёдам ҷой гирифтаанд: «Дар Девони Вазирони навтаъсиси кишвар шумо аввалин вазири адлияи Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳед буд. Вазифаи муҳимтаринатон таъмини таҳкиму устувории Истиқлолияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ташкили ташаккули низоми нави қонунгузории мустақили миллӣ ва низоми судӣ бояд дар мадди аввали фаъолиятатон бошад. Масъалаи асосӣ бароятон дар лаҳзаи ҷорӣ иштироки бевоситаи шумо дар кор карда баромадани Конститутсияи нави кишвари соҳибистиқлоламон мебошад».
Аз ҳамон лаҳза, ки масъулиятам барои хизмат ба Ватан, ба Президент дучанд гардид, дар кадом вазифае, ки будам, худро сарбози содиқ дар тими Президенти кишвар шуморида, дастуру супоришҳоро бовиҷдонона иҷро кардаам.
Баъди ба вазифа таъин гардидану бо вазъи кор дар Вазорати адлия аз наздик шинос шудан дарк намудам, ки дар он барои фаъолияти пурсамар монеаҳои зиёд ҷой доранд. Риоя нашудани қонунҳои амалкунанда ва набудани заминаи дахлдори ҳуқуқӣ дар он давр ба ҳизбҳои сиёсӣ имконияти васеъро фароҳам оварда буданд, ки сабаби бо салоҳдиди худ фаъолият намудани онҳо гардида буд. Бар асари ноустувории вазъияти онвақта мақомоти судӣ, мақомоти адлия, нотариат ва муассисаҳои қайди ҳолати шаҳрвандӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ба андозаи пурра кор бурда наметавонистанд. Дар бисёре аз манотиқи кишвар, ки дар онҳо амалиёти ҷангӣ ҳанӯз давом дошт, ҳатто мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ таъсис нагардида буданд, ҳамлаҳои гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ тез — тез ҷой доштанд. Аз сабаби бесарусомонии давр дар заминаи ҳуқуқӣ баръало норасоиҳои кадрӣ ва моддӣ ба назар мерасид, идомаи хатари зиёд ба ҳаёт ва саломатии кормандони мақомоти тобеи Вазорати адлия ҷой дошт ва ин, албатта, ба фаъолияти шаффоф ва муассири онҳо халал мерасонид.
Хушбахтона, қадам ба қадам бо дастгирии бевосита ва ҳамаҷонибаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тартибот дар кори Вазорати адлия ва мақомоти он ба роҳ монда шуд. Барои мустаҳкам намудани кадрҳои вазорат ба кор ба вазифаҳои калидӣ мутахассисони аз ҳама бештар лаёқатманд, аз ҷумлаи шогирдонамро, даъват кардам, ки имрӯз дар вазифаҳои баланди давлатӣ дар тими Президенти кишвар фаъолият доранд. Ҳукумат барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ ёрии амалӣ расонд. Аз ҷумла, дар вазорат нашриёт, матбаа, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва ғайра таъсис дода шуд. Дар натиҷа, Вазорати адлия дар қатори дигар сохторҳои давлатӣ дар муддати кӯтоҳ, тибқи талаботи Пешвои миллат, ба яке аз мақомоти пешбари ҳокимияти марказӣ табдил ёфта, фаъолиятро ба таври назаррас тағйир ва такмил дод, сиёсати ҳуқуқӣ заминаи таҳкими давлати тозаистиқлолро муайян намуда, роҳи рушди ояндаи давлати ҳуқуқбунёдро таъмин сохт. Дар иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ бастаи қонунҳои зарурӣ таҳия гардида, қабул карда шуданд, рамзҳои давлатӣ тасдиқ гардиданд. Артиши миллӣ таъсис ёфта, тартиботи ҳуқуқӣ ҳукми қонунӣ гирифта, дар натиҷа, аксарияти гурезаҳо ба ҷои иқомати доимиашон баргаштанд.
Сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат дар он давр низ барои барқарорсозии сулҳу оромӣ ва ҳар чӣ тезтар расидан ба суботи комил дар Ватани азизамон равона шуда буд. Солҳои 1995-1997 якчанд фармони Президенти кишвар барои иҷрои масъала оид ба гардиши ғайриқонунии яроқу аслиҳа қабул шуда буданд. Аз ин хотир, мо – аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сафар намуда, на танҳо бо роҳбарони гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ва мусаллаҳи мухолифин дар якҷоягӣ бо намояндагони ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ машварату гуфтушунидҳо мегузаронидем, ҳамчунин дар ҷамъоварии яроқу аслиҳа аз мардум дар амалиётҳои зарурӣ бевосита иштирок мекардем. Сарвари давлат, новобаста аз серкориашон, муҳимияти масъаларо дарк намуда, на танҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои амният, балки дар дигар ҷамъомадҳо ба он ҳамеша аҳамияти хоса зоҳир менамуданд, ба ҳисоботи ҳар як узви Ҳукумат диққат дода, таҳлилҳои зарурӣ намуда, хулосаҳои амиқ мебароварданд ва оид ба баъзе аз мавзӯъҳои нозук тавсияҳои пурарзишу хирадмандона медоданд. Муҳаббати беандоза ба Ватан, кордонӣ ва шуҷоату ғайрати табиии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки на ҳар як инсон ба он қодир аст, моро ба ҳайрат меовард.
Мо шоҳиди ҳол будем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне бо ҷасорати беназиру қобили ситоиш зимоми қудратро ба даст гирифтанд, кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Нотавонбинони миллат, онҳое, ки кишвари азизамонро ба ин варта афканда буданд, аз ҳолати баамаломада меболиданду нақшаи тақсими Тоҷикистон ва аз байн бурдани онро аз харитаи ҷаҳон дар сар мепарвариданд.
Дар Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаҳои таҷдиди заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ сари вақт ҳалли худро меёфтанд, ба Парламенти мамлакат лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъхирнопазир пешниҳод гардида, оид ба масъалаҳои фаврӣ ва дарозмуддат қарорҳои ҳукуматӣ қабул карда мешуданд. Ташаббускори асосии бунёди пояҳои сохти давлатӣ, ташкилкунандаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ чун ҳамеша маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Барои исботи ин гуфтаҳо фармонҳои Сардори давлат дар солҳои 1996 ва 1998-ро бояд ба хотир овард. Мувофиқи онҳо, ба деҳқонони кишвар аввал 50 ҳазор ва баъдан боз 25 ҳазор гектар замин барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дода шуд. Маҳз ба шарофати ин амалҳои дурандешона хавфи гуруснагии аҳолӣ тадриҷан бартараф карда шуд, мустаҳкам шудани хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон асоси ҳуқуқӣ пайдо карданд ва то ба ҳол он хоҷагиҳо то 40 фоизи талаботи аҳолии афзудаи мамлакатро бо меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ таъмин карда истодаанд. Дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа ба амал омаданд, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафта ва босуръат тараққиёбанда табдил доданд.
Мехоҳам, махсусан корҳои ҷиддӣ ва заҳматталаби шабонарӯзиро таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари мамлакат дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қайд намоям. Ҳалли ин масъалаи ниҳоят муҳими давр ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд замина гузошта, ба бетартибию худсарӣ, ҷудоихоҳӣ, кӯшишҳои халалдор кардани ягонагии миллати тоҷик ва тамомияти арзӣ хотима мебахшид.
Ба сифати санади асосии ҳуқуқии кишвар Конститутсия мебоист меъёрҳои ҳуқуқиро дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, аз ҷумла масъалаҳои барпо намудани асосҳои ташаккули ҳама шохаи ҳокимияти давлатӣ, тараққиёти иқтисоди миллӣ, муайян кардани шаклу усулҳои фаъолияти хоҷагӣ ва истифодаи моликият дар шароити бозор, ки барои таъмини заминаи нави ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиклол, барои соҳибихтиёрӣ ва рушди давлати навтаъсиси мо заруранд, муқаррар мекард.
Бояд махсус қайд кард, ки ҳалли масъалаҳои зикргардида дар шароити ноороми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва заифии ҳокимияти давлатӣ, вазъи буҳронии иқтисод, якбора паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дар натиҷаи равандҳои дигаргунсозиҳо дар ташаккули давлати нави тоҷикон, ҳамчунин, ҷорӣ шудани нархи бозори озод ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба суръати ислоҳоти пешбинишуда таъсири манфӣ расонида, сифати татбиқи онҳоро, хусусан дар соҳаи ҳуқуқ, хеле паст кард, оғоз гардид.
Ислоҳоти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабули санадҳои фавқулодаи ҳукуматӣ, ки ба муътадилсозии вазъи бавуҷудомадаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуда буданд, инчунин санадҳои алоҳидаи қонунгузорӣ, ки паҳлуҳои гуногуни давлату ҷомеаро танзим мекарданд, оғоз ёфт. Маълум буд, ки бо ин қонунҳо бе қабули фаврии Коститутсия муносибатҳои нави бавуҷудомадаро ба таври ҳамаҷониба танзим кардан имконнопазир аст.
Бо ин мақсад гурӯҳи кории Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1993 таҳти №1428 таъсис дода шуда, бояд дар муҳлати кӯтоҳ лоиҳаи онро, ки ҳам хусусиятҳои миллӣ ва ҳам таҷрибаи байналмилалиро инъикос кунад, таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод мекард.
Тибқи дастуру супоришҳои дурбинонаи Пешвои миллат, дар лоиҳаи Конститутсия бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ давлати иҷтимоии танзимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мадди назар буд, ки дар он тақсимоти вазифаҳои шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии демократӣ мушаххас шуда, барои пешравии ҷомеа кафолатҳои давлатии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, паст назадани шаъну шарафи шахс, дахлнопазирии моликияти давлатӣ, хусусӣ ва дигар моликият, таъмини озодии фаъолияти соҳибкорӣ, барои равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ шароит фароҳам гардид.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон аъзои гурӯҳи корӣ аз таҷрибаи хориҷии танзими конститутсионӣ, назарияи ҳуқуқӣ ва амалияи давлатҳои дигар истифода бурданд. Минбаъд, дар асоси муқаррароти Конститутсия як қатор қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки фазои мукаммали ҳуқуқиро барои фаъолияти ҳама шохаи ҳокимият, ҳукумат, парлумон, судҳо муҳайё намуданд.
Пас аз омода шудани лоиҳаи Конститутсия ва баррасии он аз тарафи шаҳрвандон, ташкилотҳо ва мақомоти давлатӣ таклифу тавсияҳои пешниҳодшуда ҳаматарафа баррасӣ гардиданд. Бо супориши Сарвари давлат дар вохӯриҳо бо аҳолӣ дар ҳама минтақаи мамлакат лоиҳаи такмилдодашуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Махсусан, бояд қайд кард, ки Роҳбари мамлакат на танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, балки аз ҷиҳати мазмун ташаббускор ва иштирокчии хеле фаъоли раванди конститутсионӣ буданд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ихтилофоти ҳалнашаванда байни аъзои гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҷиддӣ Сарвари давлат ба таври конструктивӣ, дар асоси ақли солим, таҷрибаи ҳаётӣ ва натиҷаҳои интизоршаванда ақидаашонро оид ба ҳалли масъалаи баҳс баён мекарданд ё пешниҳод менамуданд, ки масъалаи баҳснок дар ин ё он ҷанба баррасӣ карда шавад. Аз ҷумла, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор андешаҳои пурмазмуни консептуалии навро пешниҳод намуданд, ки Конститутсияро ғанӣ гардонида, ғояҳои он, рушди стратегии кишвар ва устувории онро барои солҳои зиёд муайян намуданд.
Масъалаи давлат ва ҷамъият дар марҳалаи ҳозираи тараққиёти таърихии мамлакат аз он иборат аст, ки татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ пайваста омӯхта ва инкишоф дода шуда, таҷрибаи демократӣ барои он ба даст оварда, аз тамоюлҳои дар Конститутсияи мамлакат гузошташуда истифода бурда шаванд. Бинобар ин, Конститутсия ҳуҷҷати шахшуда нест, балки организми зинда ва тараққиёбанда аст, ки бояд бо дарназардошти пайдоиши воқеияту ҳодисаҳои нав мутобиқ шавад. Далели суханонам тағйироте мебошад, ки бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конститутсия дар соли 1999 вобаста ба таъсиси парлумони дупалатагӣ, ки он давра дар Осиёи Марказӣ беназир буд, ворид шудаанд.
Ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи баъзе аз давлатҳои абарқудрат, раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани терроризм ва дигар ҷараёну гурӯҳҳои номатлуби замон ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми Ватан таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона, бо азму талоши бесобиқа кору пайкор намоем.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ гиромидошти шахсиятҳои арзанда ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо бо шаклҳои гуногун, аз ҷумла ба номашон гузоштани макону иншооти камназир, дар асъори миллӣ ҷой додани ном ва ғайра, маъмул буда, ҳаргиз арзишҳои демократиро коҳиш намедиҳад. Баръакс, чунин кор боиси иттиҳоду ҳамбастагии бештари мардум дар роҳи расидан ба идеалҳои миллӣ мегардад
Бо дарки масъулият самимона мегӯям, ки чунин кор ба маънои томаш муҳаббатномаи тоҷикони олам ва тоҷикистониён ба фарзанди сазовори худ аст.
Шавкат Исмоилов,
доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ходими шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2005