16-уми апрели соли 2025 Шуро оид ба супоридани Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барандагони ҷоизаи асосии башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2024-ро эълон намуд.
Ҷоиза ҳамасола ба намояндагони давлатҳои Иттиҳод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва ба рушди ҳар як кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар маҷмуъ ба тамоми Иттиҳод мусоидат менамояд, дода мешавад ва маблағи мукофот 2 миллион рублро ташкил медиҳад.
Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 15 номзад аз 8 давлат рақобат намуданд. Бо қарори ҳакамон, ки ба ҳайати он чеҳраҳои маъруфи фарҳангу маориф аз тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил буданд, ҷоизаҳо ба ҳафт довталаб дода шуданд.
Дар бахши «Барои саҳми барҷаста дар фарҳанг ва санъат» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода– академик, профессори кафедраи адабиёти тоҷику форси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» гардид.
Ёдрас менамоеям, ки маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба барандагон 14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»