Бардошт аз «Шикасти фитна»

№69 (4489) 07.06.2022

imagesДар таърихи навин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дасисаи бархе аз бадхоҳон борҳо рӯ ба рӯ шудааст ва бо шарофати матонату хирадмандии мардуми шарифи кишвар, касбияти мақомоти дахлдор ҳадафи нопоки хиёнатгарон ҳамеша ифшо гардида, ҷинояткорон ба сазои аъмолашон расиданд. Рӯйдодҳои моҳи майи соли равон дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдода аз ҷумлаи онҳост.

Чӣ гуна барномарезӣ шудану аз ҷониби киҳо бо кадом мақсад ташкил шудани тазоҳуроти зиддиҳукуматии ҷинояткорон дар ВМКБ аз тариқи филми мустанади «Шикас­ти фитна» ба тафсил намоиш дода шуд. Он бо далелҳои раднашаванда найрангу ватанфурӯшӣ, хиёнат ва амалҳои экстремистии гурӯҳҳои манфиатхоҳ, инчунин кирдорҳои зишту ғайриқонунии онҳоро, ки  боиси халалдор сохтани ҳаёти мардуми осоишта мегарданд, бозгӯ намуд.

Дар ҳоле ки амният дар кишвари ҳамсоя рӯз то рӯз нигаронкунанда мегардад ва гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ барои минтақа хатар эҷод мекунанд, бояд зиракии сиёсӣ ва ҳисси ватанпарас­тиро на ин ки аз даст надиҳем, балки барои оромии Ватан беш аз пеш талош варзем.

Роҳбарони тазоҳуроти тарҳрезишуда барои расидан ба ниятҳои нопок ва хиёнаткорона аз боварии мардуми заҳматкаш истифода бурда, бар ивази маблағ ба Ватан хиёнатро раво диданд. Мутаассифона, дар натиҷаи кирдорҳои зишти онҳо мардуми осоишта зарар дида, кормандони мақомоти қудратӣ, ки ҳамеша содиқона барои таъмини ҳаёти осоишта ва ҳифзи манфиатҳои Ватан хизмат мекунанд, талафоти ҷонӣ доданд.

Ҳоло дида истодаем, ки ҷавонон фаъолона амалҳои хоинонро маҳкум мекунанд. Барои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳ надодан ба амалҳои зишт иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ бамаврид аст. Филми мустанади «Шикасти фитна» исбот кард, ки ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои бадхоҳ тавассути дастгирии бегонагон, барои халалдор кардани ҳаёти осоиштаи ҷомеаи кишвар баъзан даст ба хиёнат мезананд.

Далелҳои дар филми мустанад овардашуда бори дигар ҷомеаи моро аз ҳадафҳои хиёнаткорон огаҳ намуда, барои ҳар як шахси ватанпараст моҳияти суботи давлат, манфиати ваҳдату ягонагиро талқин мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд: «Ҳамватанони азизи мо хуб мушоҳида мекунанд, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доимо шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлат ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо». Ин суханони арзишманди Пешвои миллат бояд сармашқи фаъолияти ҳар як сокини кишвар бошад.

Э. ДОСТИЕВ,

декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 номзади илмҳои иқтисодӣ,

 дотсент