Баргузории мизи мудаввар бахшида ба ашъори Иқболи Лоҳурӣ дар ДМТ

№ 11.11.2022

9 ноябр бо ташаббуси факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбати мизи мудаввар дар мавзуи «Саҳми Иқболи Лоҳурӣ дар густариши адабиёти Шарқ» баргузор гардид.

Дар он ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Илёс Ғаффорзода, устодони факултет ва донишҷӯён иштирок карданд.

Чорабиниро декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дотсент Рустам Шодиев ҳусни оғоз бахшида, баъдан ректор перомуни шахсияти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ андешаронӣ кард.

- Иқболи Лоҳурӣ дар шоирӣ истеъдоди бемислу беназир нишон дод осори ҷовидонае ба забони форсӣ – тоҷикӣ ёдгор гузошт. Перомуни ашъори Иқболи Лоҳурӣ сухан зиёд гуфта шудааст ва ҳар яке аз пажуҳишгарон мақолоту китобҳои зиёдеро таълиф намуда, азамати шеъри ӯро ошкор сохтаанд. Мероси пурмояи ӯ мутааллиқ ба тамоми мардуми дунё ва махсусан мардуми машриқзамин аст, — иброз дошт Қобилҷон Хушвахтзода.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар низ дар бораи шеъри Иқболи Лоҳурӣ изҳори андеша карда, аз ҷумла гуфт:

- Иқболи Лоҳурӣ шоир, мутафаккир ва орифи бузурги Шарқ ба шумор меравад. Паёми ӯ на танҳо барои мардуми машриқзамин, балки барои ҷаҳониён метавонад роҳкушову роҳнамо бошад. Ӯ як шахсияти ҷаҳонист, зеро ашъораш дар тамоми ҷаҳон суруда мешавад ва шеърҳои ӯ ба чандин забонҳои дунё, аз ҷумла англисӣ, ҷопонӣ, хитоӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Мазмуни асосии эҷодиёти Иқболи Лоҳуриро худшиносӣ, баробарӣ, ваҳдат ва сулҳ ташкил медиҳад.

Инчунин, доир ба шуҳрати ҷаҳонӣ ва мавзӯи ватанпарастӣ дар ашъори Иқболи Лоҳурӣ аз ҷониби устодони кафедраи филологияи ҳинд маърӯзаҳо қироат карда шуд.

Дар охир донишҷӯёни шуъбаҳои ҳиндӣ ва урду аз ашъори Иқболи Лоҳурӣ бо як маҳорати хуб бо забонҳои тоҷикӣ ва урду шеърҳо гуфта, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»