25 августи соли равон Донишкадаи давлатии идоракунӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълимиро дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ ба ширкаткунандагон пешниҳод намуд.
Иштирокчиёни Барномаро ректори Донишкадаи хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода, муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Маҷидӣ ва роҳбари барномаҳои тадқиқотии Донишкадаи давлатии идоракунӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Роман Могилевский хайрамақдам намуданд.
- Барномаи мазкур беҳтарин тарзи машғулият дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, Барнома ба хизматчиёни давлатӣ ва коршиносони Тоҷикистон зарур аст, зеро он имконият медиҳад, ки дар соҳаи таҳлили давлатӣ малакаҳои худро боз ҳам васеътар гардонанд,- гуфт Абдулҳаким Розиқзода.
Барномаи таълимӣ барои хизматчии давлатии миёна ва баланд, таҳлилкунандаи мустақил, кормандони марказҳои тадқиқотӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ гардидааст. Мутобиқи Барномаи дарсӣ дар шаҳри Душанбе қариб 30 нафар ба қайд гирифта шудааст. Барои мутобиқкунии дарс бо кор барои иштирокчиён Барномаи ба таври фишурда пешниҳод гардидааст.
Лексияҳои барномаи дарсӣ аз тарафи мутахассисони баландихтисос таълим дода мешавад. Барнома аз чор модул: рафти омодасозии стратегияи давлатӣ, иқтисодиёт барои таҳлили стратегияи давлатӣ, усулҳои таҳлили стратегияи давлатӣ, мониторинг ва баҳогузории барномаҳои давлатӣ иборат аст.
Иштирокчиён барои азхудкунии дониш кори ихтисосӣ менависанд, ки аз тарафи комиссия ва шахсони мутасаддӣ баҳогузорӣ мешавад. Корҳои беҳтарини ширкаткунандагон дар маҷмӯаи маърӯзаҳои Донишкадаи давлатии идоракунӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба нашр мерасад.
- Барномаи мазкур ҳам барои ҷавонон ва ҳам барои мутахассисони таҷрибадор пешбинӣ гардидааст. Мо барои иштирокчиён дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишкадаи хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти хуби баланд бардоштани такмили ихтисосро медиҳем,- иброз дошт роҳбари Барнома Роман Могилевский.
Ҳамзамон зикр гардид, ки донишҷӯёне, ки дарси таълимиро бомуваффақият ба анҷом мерасонанд, соҳиби сертификати баланд бардоштани ихтисос дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ мегарданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Донишкадаи давлатии идоракунӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2011 барои мустаҳкам кардани сиёсати давлатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»