Рисолати ҳар расона аз аввал дар баробари бозтоби масоили гуногуни ҷомеа, таҳлилу баррасии мушкилот, ташаккули ҳисси инсонпарварию башардӯстӣ дар ниҳоду сиришти мухотабон аст.
Барномаи таҳлиливу сиёсии «Тоҷикистон ва ҷаҳон»-и Телевизиони Тоҷикистон низ дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон, маҳкумияти ҷангу хунрезӣ, дӯстию ҳамзистии мусолиматомез, тарғиби ҳисси инсонпарварӣ ва ҳадафҳое амсоли инҳоро меҳвар қарор додааст. Аз ҳар зовия ба масъалаҳои баррасишаванда дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» бо муаллифии Фатҳиддин Замон нигарем, ниҳоятан маҳаки он дифоъ аз ҳуқуқи башар ва тарғиби инсоният иборат аст.
Масоиле аз қабили ҷангу нооромӣ, таъсири мушкилоти сиёсӣ ба ҳаёти кӯдакон, ба харобазор табдил ёфтани кишварҳои зери сояи ҷанг, рукуди иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳои ҷангзада ва ҳамчунин буҳронҳои иқтисодию экологӣ ва терроризму экстремизми байналмилалӣ густурда баррасӣ мешаванд.
Шоҳидем, ки дар ҷаҳони муосир ҳуқуқи башар зери ҳадафҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра бо дағалона вайрон кардани асосҳои байналмилалии озодиҳои инсон поймол мешавад. Бо ин тарзи бозтоби масоили гуногун муаллифи барнома ба амалҳои ғайриинсонӣ вокуниши нарм, вале касбию ҳадафрас иброз дошта, аз ҷониби дигар рушду пешрафти кишвари азизамонро бо баррасии масоили гуногун ҳамчун нишони риояи қонун ва ваҳдату иттиҳоди миллӣ барои бинанда ошкор месозад. Шиори барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» — «Иттиҳоди мо қудрати мост» далели ин гуфта мебошад.
Ҳамчунин, дар барномаи мазкур ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи обу иқлим ва терроризму экстремизм шарҳу тавзеҳ дода мешавад.
Аз ин лиҳоз, бисёр дақиқ ва моҳирона маҳкум кардани поймолсозии озодиҳои фитрии башар, ки дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» ифода меёбад, аз ҷаҳони ботинӣ ва инсонмеҳвар андеша кардани муаллифи барнома башорат медиҳад. Дарвоқеъ, донишу маҳорати журналист асоси сатҳи баррасии масоили баррасишавандаро нишон медиҳад, ки хушбахтона, муаллиф бо донишу ҷаҳонбинии фарох, забондонӣ ва тарзу усули махсус барномаашро омодаву пахш мекунад.
Бо гузашти 11 сол аз таъсиси барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» масъалаҳои зиёди сиёсати ҷаҳонӣ, ифротгароиву терроризм, обу иқлим, демография, ҷомеашиносӣ, география ва ғайра баррасӣ шуда, муаллиф ба илму маорифи дунявӣ ва рушди техникаву технология таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, бахшҳои гуногуни барномааш дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ҳузури омӯзгорону донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.
Фирдавси НИЗОМ,
номзади илми филология