Таърих ва омӯзиши дурусти он масъалае мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир доранд. Омӯзиши таърих хусусан дар замони истиқлолият раванди тоза касб кард. Дар ин муддат садҳо китобҳои пурарзиш таҳия ва нашр гардиданд, ки ҳар кадом аз гузашта саҳифаи наверо боз намуда, таърихи пурғановати моро бозгӯӣ мекунанд.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Воқеан, чунин аст. Таърихро барои он меомӯзем то кӣ будану аз куҷо омаданамонро донем, бузургонамонро, ки дар рушди фарҳанги башарият нақши мондагор гузоштаанд, шиносем ва осори онҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳифзу арҷгузорӣ намоем. Донистани таърих, сабақ бардоштан аз он ба хотири имрӯз ва оянда аст. Дар замони муосир ҳақ надорем нисбат ба таърих бетафовут бошем, вазифадорем, ки беш аз пеш мероси ниёгонро ҳифз намоем.
Солҳои охир ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешидаву ибтикори зиёд амалӣ гардиданд. Ҳоло ноҳияе нест, ки дар он осорхона набошад. Ин имконияти хубест барои боло бурдани савияи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Омӯзгорони фанни таърих метавонанд ҳадди ақал дар ду моҳ як маротиба хонандагонро ба сайри осорхона бурда, шавқи омӯзиши таърих ва ифтихор аз гузаштаро дар наврасон бедор намоянд.
Иқдоми дигаре, ки барои омӯзиши таърих имконияти хуб фароҳам овардааст, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп ва ба ҳар хонадон дастрас кардани шоҳасари таърихӣ – «Тоҷикон» мебошад. Ин иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи боло бурдани худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.
Ташаббуси дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои омӯхтани таърих мусоидат менамояд, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» мебошад. Он бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёкон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният баргузор мешавад. Тибқи низомнома, он миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳама зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо — устодони фанни таърихро шод кард. Шоҳид шудем озмунҳои пешин, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар ҷомеа инқилоби фарҳангӣ ба бор оварда, тӯли чор сол садҳо чеҳраҳои нави китобхону забондонро кашф кард. Мутмаинем, ки озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» муҷиби кашфи садҳо ҷавони худшиносу худогоҳ мегардад.
Парвина АБДУРАЗОҚОВА,
омӯзгори фанни таърихи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ