Тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. Аз ин рӯ, соли 1992 дар пойгоҳи собиқ Техникуми геологии шаҳри Душанбе Коллеҷи олии фармондеҳӣ-муҳандисӣ таъсис гардид. Дастпарварони аввалини он пас аз се моҳи таълим савганди ҳарбӣ ёд намуда, дар Паради ҳарбӣ бахшида ба нахустин ҷашнгирии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Минбаъд ҳайати шахсии Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ — муҳандисӣ дар барқароркунии сохти конститутсионӣ дар мамлакат саҳми назаррас гузошт.
30 апрели соли 2002 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи мазкур ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил ёфт. Тайи солҳои баъдӣ дар он чӣ гуна дигаргуниҳо ба амал омаданд? Шароити таҳсилу таҷрибаомӯзии курсантҳо чӣ гуна аст? Кадом ихтисосҳо дар он ҷо омӯзонда мешаванд? Бо ин саволҳо ба роҳбарияти донишкада муроҷиат намудем.
- Муассисаи мо барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ тайёр менамояд, — мегӯяд сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майор Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай. Ва алҳол 65 фоизи талаботи сохторҳои ҳарбии ҷумҳуриро ба кадрҳои соҳибихтисос қонеъ мегардонад, ки боиси ифтихори мост.
Айни ҳол дар муассиса се факултет — умумиқӯшунӣ, ҳавопаймоии ҳарбии ва мусиқачиёни ҳарбӣ амал намуда, дар онҳо аз рӯи ихтисосҳои идоракунии қӯшунҳои пиёдагард, ҷузъу томҳои қӯшунҳои десантӣ, муҳандисӣ, разведкавӣ, артиллерӣ ва танкӣ, истифодабарии нақлиёти ҳавоӣ ва идоракунии ҳаракатҳои ҳавоӣ (аз рӯи самтҳо, дар авиатсияи ҷабҳавӣ ва ҳарбӣ), истифодабарии техникаи ҳаракаткунанда ва нақлиёти ҳавоӣ, техникаи авиатсионӣ, таҷҳизоти радиоэлектронии ҳавопаймоҳо, комплексҳои силоҳии дастгоҳҳои парвозкунанда, ҳамчунин, афсарони корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, равоншиносон ва дирижёрон тайёр карда мешаванд.
- Курсантҳо дар донишкада будубоши доимӣ доранд. Тибқи дастуру раҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит барои таҳсил, машқ ва истироҳат фароҳам аст, — боифтихор таъкид менамояд генерал-майор А. Маҷидзода. — Алҳол муассиса соҳиби чор хобгоҳ, чор бинои таълимӣ, ду толор ва ду майдони варзишӣ, ду ҳаммом, дармонгоҳи тиббӣ, шаш маҷлисгоҳ, ду китобхона, шаш толори лексионӣ, осорхонаи «Шарафи ҷангӣ», парки автомобилӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ, майдончаи тактикӣ, ду ошхонаи замонавӣ аст, ки мавриди истифодаи афсарон, курсантҳо ва сарбозон қарор доранд.
Ҳамчунин, дорои Маркази таълимии «Тоҷмаҳал» аст, ки пойгоҳи саҳроӣ буда, барои омӯзонидани ҳайати шахсӣ аз фанҳои тайёрии ҷангӣ, ноил шудан ба малакаи баланди саҳроӣ ва обутоб гирифтани ҳайати шахсӣ дар шароити мураккаб (наздик ба шароити ҷангӣ) истифода мешавад. Базаи моддиву техникии факултети ҳавопаймоии ҳарбӣ — Фурудгоҳи Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ (воқеъ дар шаҳри Ҳисор) барои гузаронидани давраи таҷрибаомӯзӣ бевосита бо техникаи ҳавоӣ — ҳарбӣ ба курсантҳои солҳои 3-юм ва 4-уми таҳсил хизмат мекунад.
Соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд филиали донишкада таъсис дода шуд. Дар он афсарони масъул барои таъминоти маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, хӯрокворӣ ва амволи шайъии ҷузъу томҳо тайёр карда мешаванд. Оянда ташкили фаъолияти пурраи он дар назар аст. Ҳамчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки дар донишкада ихтисоси «Куҳнаварди ҳарбӣ» ташкил карда шавад, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ басо зарур аст.
Муовини сардори донишкада оид ба корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ, полковник Н. Ниёззода таъкид намуд, ки 20 фоизи дохилшавандагонро ятимон ташкил медиҳад. Айни ҳол шумораи умумии онҳо ба 93 нафар расидааст, ки ба ғамхории махсус фаро гирифта шудаанд. Дар арафаи ҳар иду ҷашн аз ҷониби Пешвои миллат ва Вазорати мудофиа бо туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакпулиҳо ҳавасманд гардида, пас аз хатми донишкада низ ба онҳо ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Аксари устодони донишкада соҳиби унвонҳои илмӣ буда, хатмкардагони академияҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, Хитой ва мамолики дигар мебошанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи афсарону хизматчиёни ҳайати шахсии донишкада 3 нафар бо медали «Ҷасорат», 1 нафар бо медали «Шафқат» ва 3 нафар бо «Ифтихорнома», зиёда аз 160 дастпарвари донишкада бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, ки далели ҷавобгӯйи талабот будани сатҳи тахассусии онҳост.
Зимни яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Масъулияти бузурги тарбияи чунин ҷавонон — афсарони ояндаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯз бар дӯши омӯзгорони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон-мактаби ҷавонмардони ватандӯст аст ва онҳо минбаъд низ вазифаи хешро бо сарбаландӣ иҷро хоҳанд кард.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»