Барои як афсари тоҷик стимули арабии «Ҳоҷӣ» волост ё рутбаи ҳарбии «Генерал»?

№123 (3424) 14.09.2015

Ҳодисаҳои чанд вақти охир нишон доданд, ки кинаву адоват ва бадбинию хусумат ҳанӯз аз замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (соли 1997) то имрӯз аз зеҳну хотираи тарафдорони ИНОТ ва намояндагони ҲНИТ пок нагаштааст. Дилҳои пур аз кинаву қалбҳои саршор аз хусумат эшонро намегузорад, ки ором нишинанд ва онҳо ҳар лаҳза дар сар афкори регрессивию қафокашандаи ҷамъиятро парварида, ба ҳар роҳу восита монеаи рушди ҳамаҷониба мегарданд. Махсусан аъзои ҲНИТ бо истифода аз эҳсосоти динии мардум шаҳрвандони кишварро ба гумроҳӣ кашида, афкору андешаи ҷавонону наврасонро бо суханони догматикию схоластикӣ ва мифологии асри VII араб пур менамоянд. Ин амали онҳо боис гардид, ки мардуми Тоҷикистон аз аслу насаб ва фарҳанги волои ниёгони худ маҳрум гардида, тамаддун ва фарҳанги пешазисломии тоҷикро барои худ ҳамчун фарҳанги бегонаю зиддиинсонӣ қабул намоянд. Маҳз ҳамин рафтори эшон аст, ки имрӯз дар фазои фарҳангии тоҷик ба ҷойи идеологияи миллӣ идеологияҳои тамоман бегона ба вуҷуд омада, моро ҳар лаҳза аз тамаддуни хеш дур месозанд. Аз таърихи давлату давлатдории башар маълум аст, ки ҳар Давлату Ҳукумате, ки дорои идеологияи миллии худ нест, дер ё зуд ба бунбасти сиёсӣ ва вартаи нобудӣ хоҳад расид. Барои мисол, идеологияи коммунистӣ, ки барои мардуми шӯравӣ ҳамчун идеологияи таҳмилӣ буд, баъд аз ҳукмронии 70-сола осон аз байн рафт. Иллати аслии аз байн рафтани идеологияи коммунистӣ он буд, ки вай идеология ва фарҳангҳои дигарро пурра аз байн набурд. Вале ислом, ки ҳамчун идеология ҷангхоҳ ва ҷиҳодгар буд, фарҳангҳои дигар қавму миллатҳоро пурра аз байн бурд, то дар фазои холии онҳо роҳат инкишоф ёбад ва мардумро «манқурт» намояд. Имрӯз дар байни мардуми тоҷикистонӣ низ «манқуртҳои исломӣ» ва арабпарастону арабшудагон кам нестанд, ки арзишҳои аҷдодию миллиро сарфи арзишҳои биёбонию шири уштурхӯрии исломӣ намоянд. Мисоли равшани ин гуфта, ҳодисаи рӯзи 4-уми сентябр мебошад, ки таҳти сарварии ҳоҷии арабшудаю генерали тоҷик Абдуҳалим Назарзода анҷом дода шуд.

Рафтору кирдори ношоистаю хиёнаткоронаи собиқ сардори Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Гулмурод Ҳалимов ва собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода бори дигар нишон дод, ки дар кишвари мо ғаразҳову бегонапарастиҳо ҳеҷ аз байн нарафтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки аввалӣ ба сафи «Давлати исломӣ» пайвасту дувумӣ бошад, ба «намакдон туф кард» ва муқобили давлати миллии хеш баромад. Генерали хиёнаткор А. Назарзода бо гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи худ бори дигар фазои орому осудаи кишварро ноором гардонида, хостори  ҷанги шаҳрвандии дигар дар Тоҷикистон шуд. Ин амали хиёнаткоронаю паймоншиканонаи ҳоҷӣ-генерал бори дигар собит кард, ки ӯ ва дигар намояндагони ИНОТ ҳеҷ гоҳ ободии Ватан, осудагии халқ ва пешрафти кишварро намехоҳанд.

Тибқи гузориши сомонаи интернетии «Лента.ру»  собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар, ки ба даст доштан дар ҳамлаҳо ба шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат муттаҳам  шудааст, дар бораи ин ҳаводис мегӯяд: «Ман рӯзи чаҳоруми сентябр иттилоъ ёфтам,  ки мақомоти ҳукуматӣ қасд доранд, дар як шабонарӯз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифинро боздошт кунанд». Ин генерали хиёнаткор худро мисли обсофкунак хостааст сафед ва покиза нишон диҳад, вале гуфтаҳои ӯ сад дар сад дурӯғанд. Чунки саволи мантиқӣ ин аст, ки чаро мақомоти қудратӣ собиқ қумандонҳои ИНОТ-ро интиҳои солҳои 90-ум ва ибтидои солҳои 2000-ум неву маҳз имрӯз дастгир мекардааст? Ҳол он ки саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва талаву тороҷгарони ин ҷанги бародаркуш маҳз эшон буданд, ки мехостанд Тоҷикистонро мисли дигар кишварҳои олами ислом ҳамеша дар ҳолати ҷангӣ нигоҳ доранд. Агар ба суханони бемантиқи баъзе одамони аз ҷаҳон бехабар ва ҷаҳонбинии тангдошта, ки мегӯянд: «Имрӯз фишорҳо болои ҲНИТ зиёд шудаанд ва собиқ мухолифин аз сафи кормандони давлатӣ хориҷ карда мешаванд», диққат кунем, хоҳем донист, ки ин ҳарфҳо комилан дурӯғ ва ботиланд. Зеро агар Давлату Ҳукумат дар сар чунин фикрро мепарвариданд ҳеҷ гоҳ ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ эътироф намекарданд. Баъдан, сӣ фоизи мансабҳои давлатиро ба мухолифин намесупурданд, садҳо афроди хиёнаткори Ватану миллат аз зиндонҳо авф намешуданд, дар кишвар беш аз 4000 масҷид бунёд намегардид ва ҳар соле ҳазорон тоҷикистонӣ зиёрати Ҳаҷ намекарданд. Агар воқеан ҳам Ҳукумат мехост, ки қумандонҳои собиқи мухолифинро барканор кунад, пас чаро ҷаноби ҳоҷӣ-генерал Назарзодаро муовини вазири дифоъ таъин намуд. Ин амали Ҳукумат аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо бахшида шудаанду Ҳукумат ба эшон эътимоду боварии қавӣ дорад. Лекин амалҳои мусаллаҳонаю ҷангҷӯёнаи солҳои охир воқеан ҳам собит сохтанд, ки ҷониби мухолифин кинаву адоват ва ғаразҳои қаблиро ҳеҷ аз қалб набаровардаанду аз кирдорҳои пешинаашон даст кашиданӣ ҳам нестанд. Маҳз ҳамин рафтори эшон боис гардид, ки беш аз ҳазорон нафар аз сафи ҲНИТ даст кашиданду зиёда аз 70 шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияҳо фаъолияти худро қатъ намуданд.

Аммо аксар ҳодисоти нангин ва хиёнаткориву ҷангҳои баъд аз ба имзорасии Ваҳдати миллӣ, ки дар ҳудуди кишвар рух додаанд, бемуболиға ё ба ислом ё ба ИНОТ ва ё ба ҲНИТ рабт доранд, ки ҳодисаи 4-уми сентябр яке аз онҳост. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки мухолифи арабшудаю  бегонапарасти тоҷик ҳеҷ гоҳ аз ҷангу ҷидол ва куштору порасозии Ватан даст барнамедорад. Бо вуҷуди ин, Давлату Ҳукумати кишвар ба эшон дасти дӯстӣ дароз кард ва онҳоро барои пешбурди ҷамъият ҷалб намуд, ҳарчанд онон ҳеҷ гоҳ дар фикри пешрафти кишвар нестанд. Чунки онҳо агар дар сарҳои тоҷикию майнаҳои арабии хеш афкори созандаю бунёдкорона ва пешбарандаи Давлату миллатро инкишоф медоданд, то имрӯз оид ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ садҳо барномаҳо пешниҳод мекарданд. Вале онҳо ба ҷойи ин ҳама монеаи рушду инкишофи ҳамаҷонибаи илму техника шуда, мардумро ба догма мекашиданд. Барои мисол, амали ғаразноку хиёнаткоронаи ҳоҷӣ-генерал А. Назарзода даҳҳо ҷавонони ватандӯстро ба гумроҳӣ бурда, ононро ба Ватан, миллат, хешу ақрабо душман кард. Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар ин маврид дуруст фармудааст:

Ба нопокзода надоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.

Вале ин генерали арабшудаи тоҷик, ки аз ин пас ҳоҷӣ мебошад, умеди як вазорати калидӣ, орзуҳои як мақомоти қудратӣ ва ормонҳои дифоъгарони марзи кишварро барбод дод. Ӯ барои бегуноҳ нишон додани хеш, ба воситаи паёмак (сообщение) навиштае фиристод, ки гӯё вай ҳеҷ гуноҳе содир накардааст. Ин навиштаи ҳоҷӣ-генерал як навъ ба дидаи мардум хок пошидану гуноҳҳои худро зери чанги хок пинҳон кардан аст, яъне хешро дар назди мардум ширин кардан мехоҳад. Агар ин суханони Ҳоҷиҳалим рост мебуданд, пас чаро ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса шаш адад автомати Калашников, ду адад ПК, як адад СВД, як адад РПГ-7В ва миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо дарёфт ва мусодира карда шуданд. Дар ҳақиқат, ҳоҷӣ-генерал гунаҳкор намебуду дар дил ғаразе намедошт, ҳеҷ гоҳ ин миқдор яроқҳои ҷангиро бо хеш намебурд. Албатта, ӯ чун дигар собиқ мухолифин нақшаи ғаразноку тарҳрезишудае дошт, яъне мардуми тоҷикро мисли солҳои 90-ум ба сангарҳо ҷудо карда, боз ҷанги бародаркуши дигарро оғоз намудан мехост.

Хулоса, тамоми далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳоҷиҳалим маҳз барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопокаш даст ба ҷинояту хиёнат задааст. Хиёнате, ки зидди Ватану миллат равона гардидааст.

Номвар ҚУРБОН