Ҳангоми таҳлили таърихи фаъолияти ҲНИТ мушаххас мегардад, ки ҳизби номбурда чандин марҳалаҳои на чандон дури таърихиро паси сар кардааст. Ба гуфти худи сарваронаш замоне, ки ҳизбашон таъсис ёфт, ҳанӯз ҳукумати шӯравӣ салтанат дошт. Сарварони ин ҳизб дар ёддоштҳои худ навиштаанд, ки «онҳо тариқи пинҳонӣ фаъолият мекарданд». Замоне, ки ҲНИТ ба фаъолият шурӯъ намуд, дар Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ, арзишҳои динӣ маҳдуд буданд. Барои мисол, нашри адабиёти динӣ маҳдуд, дари масҷид ва мазорҳо баста, рафтан ба ҳаҷ мамнӯъ буд. Бинобар ин, аксарият инсонҳои соҳибфарҳангу равшанфикр роҳи аз ин мушкилот берун рафтанро дар озодии дину мазҳаб медиданд. Бештари фарҳангиёну тараққихоҳони миллӣ озодии миллату давлатро дар эҳёи арзишҳои динии исломӣ медиданд.
Дар баробари ба даст омадани истиқлолият муносибат ба дин ва арзишҳои динӣ ба куллӣ дигар шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳама барои қонеъ гардонидани талаботи динии шаҳрвандон фаъолият кард. Дари ҳазорон масҷидҳо кушода ва мазорҳову ҷойҳои муқаддас ободу эҳё, адабиёти динӣ фаровон нашр шуданд. Масалан, бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ бо теъдоди сад ҳазор нусха нашр гардид, соли 2009-ум 1310 — солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит ҷашн гирифта, шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии кишварҳои исломӣ эълон шуд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат маносики Ҳаҷро ба ҷо оварда, ҳоҷӣ шуданд ва имрӯз ҳам рафтан ба шаҳрҳои Макка, Мадина ва дигар ҷойҳои муқаддаси мусалмонон ягон мушкилӣ надорад.
Аз ин рӯ, вуҷуд доштани ҳизбе, ки гӯё ба хотири манфиатҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон мубориза мебарад, умуман зарурат надорад. Агар воқеаҳо ва хатарҳои муосири минтақа ва ҷаҳонро ба назар гирем, вуҷуд доштани ҳизби дорои характери динӣ дар замони авҷ гирифтани ифротгаройиҳои динӣ-таассубӣ воқеан ҳам барои Тоҷикистон ва барои минтақа хатари ҷиддӣ дорад, зеро барои гурӯҳҳои пасипардагие, ки мехоҳанд манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷии худро амалӣ кунанд, беҳтарин ниҳоди расмӣ ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ-исломианд. Ҳизбҳои динӣ бошанд, аз эҳсосот ва боварҳову эътиқодоти динии мардум хеле хуб истифода карда, ононро ба роҳгумӣ мекашанд. Ба гуфтаи файласуфи ҷавони тоҷик, Нуриддин Шаҳобуддинов: «Онҳо тавассути ҳизбҳои сиёсӣ-исломӣ инфрасохторҳои мавҷудаи давлатиро барҳам медиҳанд ва ҳар ҳадафу манфиате, ки доранд, барои барҳам додани амнияти минтақа ва давлатҳо бо истифода аз ҳамин созмону ҳаракатҳои сиёсӣ амалӣ мегардонанд». Аз тарафи дигар, кирдору амалҳои хиёнаткоронаи содиркардаи Ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар собит сохт, ки намояндагони собиқи ИНОТ ва аъзои ҲНИТ кинаву адоват ва ғаразу хусуматҳои пешинаро ҳанӯз ҳам аз қалб нарондаанд ва аз кирдору амалҳои пешинаашон даст кашиданӣ нестанд. Бинобар ин, ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баста шудани ҲНИТ як амали саривақтӣ ва рисолати таърихие буд, ки бояд 15-20 сол қабл анҷом дода мешуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҲНИТ чанд сол пеш дар фазои озоди кишвар фаъолияти густурда дошт, вале сарваронаш аз ин имконоти мавҷуда истифода намуда, таври пинҳонӣ амалҳои ҷиноятии худро пеш мебурдаанд. Ҳодисаҳои чанд вақти охир нишон доданд, ки намояндагони ҲНИТ мехоҳанд, воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоянд. Ин кирдори ноҷавонмардонаи роҳбарияти ҳизбро дида, шаҳрвандоне, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба ҳизби номбаршуда бовар доштанд, бо хоҳиши худ аз аъзогии он даст кашиданд. Маҳз иштибоҳи худи роҳбарияти ҳизб сабаб шуд, ки пеш аз қатъи фаъолияти ғайриқонунии ҳизб аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар манотиқи алоҳидаи ҷумҳурӣ ин ҳизб худ аз худ аз фаъолият бозмонад. Шаҳрвандони кишвар пайи ҳам аз узвияти худ дар ин ҳизб даст мекашиданд ва дигар ба роҳбарияти ҲНИТ бовар надоштанд.
ҲНИТ баста шуд ва бояд гуфт, ки ин амал ба тақдири он афроде, ки аъзои ҳизб буданд, мисли дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳеҷ хатаре таҳдид наменамояд, зеро онҳо ҳам як ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандии мо буда, дар қатори дигар сокинони кишвар метавонанд орому осуда пайи зиндагии хеш бошанд. Чунки аъзои одии собиқи ҲНИТ ҳеҷ ҷинояте содир накардаанд ва ҳеҷ амали зиддиконститутсиониеро анҷом надодаанд. Мутобиқи қонунгузории кишвари ҳуқуқбунёди мо озодии дину эътиқод ва андеша барои тамоми шаҳрвандон таъмин аст ва касе ин ҳуқуқҳои онҳоро поймол карданӣ нест.
Номвар ҚУРБОН, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон