Чанде пеш дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муҳаммадҷон Шакурӣ дар масири илму эҷод» ҷамъомад баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок варзиданд.
Директори Китобхонаи миллӣ Абдусалом Мирализода оид ба шахсияти Муҳаммадҷон Шакурӣ суханронӣ намуда, саҳми ӯро дар пажӯҳиш ва рушди илми филологияи тоҷик назаррас арзёбӣ намуд.
- Муҳаммадҷон Шакурӣ аз зумраи олимони муваффақ мебошад, ки 60 соли умри бобаракати худро дар пажӯҳиши адабиётшиносӣ сарф карда, зиёда аз 50 асар эҷод намудааст. Асарҳои ӯ «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ», «Забони мо – ҳастии мо», «Хуросон аст ин ҷо» ва «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» моро ба шинохти бештари ин шахсият водор менамоянд, — қайд кард доктори илми филология, профессор Ғаффор Ҷӯраев.
Чорабинӣ, ки ба поси хотири ин чеҳраи мондагори илм, давомдиҳандаи кору пайкори устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд, гувоҳи самимият ва қадршиносии аҳли ҷомеа ба фарзанди фарзонаи миллат аст.
А. Мирзозода,
«Садои мардум»