Дар робита ба мақолаи Б.Каримзода «Майдони фурудгоҳи маҳвораҳо» (рӯзномаи «Садои мардум» аз 15 феврали соли 2014, №16 (3162)) вобаста ба масъалаи пешгирии таъсири филм ва барномаҳое, ки ба ахлоқи наврасон ва ҷавонон таъсири бад мерасонад, ба идораи рӯзнома маводҳо мерасанд. Дар зер яке аз чунин навиштаҳо пешкаши хонандагон мешавад,
Дар ҷомеаи пешрафтаву мутараққӣ бояд диққати махсус, пеш аз ҳама, ба тарбияи насли наврас дода шавад, то ин ки онҳо оянда равиши хубе ба ояндагонашон пешкаш намоянд ва дар ғафлату ҷоҳилият ғӯта нагарданд.
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ се навъи ахлоқ ба миён омадааст:
1.Ахлоқи файласуфон бо далели илмӣ;
2.Ахлоқи динӣ, аз ҷумла дини ислом, ки пешрафта ва шаффоф буда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсониро фарогир аст;
3.Ахлоқи ҳадисӣ, ки аз гуфтаҳо ва тарбияи Расули Акрам (с) гирифта шудааст.
Ин намудҳои тарбия ба нафъи ҷомеа буда, ҳеҷ зараре ба ҷамъият наовардаанд. Одоби тарбия аз рафтор ва гуфтори нек сарчашма гирифта, амали некбинонаи шахсро ба миён меоварад. Ин ҳама аввалан аз тарбияи модару падар сарчашма гирифта, фарзандон дар бунёди тарбияи гирифтаашон рахти зиндагиро бунёд месозанд.
Боз тарбияи чорум ҳам ба миён омада, ки ҳам хуб асту ва ҳам зарарнок. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон моҳвораҳои мавҷӣ парфишонанд, ки насли наврасро дар оғӯш гирифта, аз маънавиёт ба дуриҳои маҳвкунанда мерасонанд.
Албатта, пешрафти ҷаҳони муосир ногузира аст, ба гуфти устод Рӯдакӣ- «Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз». Созиш метавонад сӯзанда ва ҳам созанда бошад. Зимомдорони замона бояд аз технологияи пешрафта баҳрабардорӣ намуда, ҷанбаҳои манфии онро манъ ва хубашро дастраси ҷомеа гардонанд.
Насли навин ҳар қадар дар фишори пасти ин борони фаҳшои осмонӣ (параболӣ) ғӯта занад, ахлоқу одобу рафтораш аз чорчӯбаи фармуда берун мебарояд, ки оқибат мусибате ба ҷомеаи орому обод мерасонад.
Инсон ҳар қадар шароити мусоиди нафсониро барояш мусоидат оварад, ҳамон қадар ношукрияш зиёд мегардад. Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷамъият бошанд, пас дар тарбияи онҳо бояд ҷадал кард, то созгори ҷомеаи мутараққӣ гарданд. «Ҷавонӣ гӯшае аз ҷунунӣ»,- гуфтааст бузурге. Барои оқилиро ба даст овардан низоми ҳаёти тарбияи падару модар зарур аст. Аммо на ҳамаи модару падар аз уҳдаи ин кор мебароянд, чунки худи «онон» ба тарбия ниёзманданд.
Агар худотарсии инсон аз ӯ дур карда шавад, пас вай ба як ҳайвони шаклгирифтаи зараровари ҷамъиятӣ табдил мегардад. Ин мусибатро аз ӯ ниҳодҳои пешрафта ҳукумати мутараққӣ метавонад бо тариқи фармоишӣ бартараф созад.
Кас ба воқеоти бародарони украинӣ назар андӯхта, аз амалҳои номатлуби ҷавононаш таассуф мехӯрад. Ин воқеот ба ҳар сохти ҳуқуқдорӣ як такони бедорӣ бояд бошад. Агар инсон аз одоб, дин, эҳтиром ва мукофоти оқибати корҳову амалҳояш ноогоҳ бимонад, ҳамон қадар нафси васвосиаш ӯро ҷилавгири хеш месозад. Ин гуна ҷавонҳо ҳеҷ вақт ба нафъи ҷомеаву миллат кор нахоҳанд кард.
Албатта, имрӯз ҷавонони соҳибилму ботақво ва пуркор ҳам дар ҷомеаи мо ифои вазифа карда истодаанд, ки умед аст роҳнамои дигарон гарданд. Дар ин замина ниҳодҳои дахлдори марбутаи ҷавонон тариқи ростӣ тарбияро дар худ пайгирӣ намуда, роҳгумзадагонро ба саъю кӯшиши беандоза сафарбари накуиву растагорӣ созанд.
Беадаб бошӣ агар, мақбул найӣ,
Хорро бар ёд орӣ, гул найӣ.
Дастуроти антеннаҳои параболӣ аз бисёр ҷавонони имрӯза вафои зиндагиро дур намуда, шамъи зиёро асири нафси дунёпарастӣ гардониданд, ки дарахти пурбаракати ҳосилафшонро дар маърази завол ва макру тасвир гирифтор кардааст. Дасти имдоди органҳои марбута бояд ҷавонони роҳгумзадаро аз ваҳшати зулмат берун оварад, то ормонҳои дили покро баҳри ободии ҷомеа дармон созанд.
То хазони умрро бинем баҳор,
Ишқи покашро ба дил дорем қарор.
М.НАЗАРОВ,
мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам -Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит