Бозгашт ба мавзӯъ

Беэътиноӣ нисбат ба забон гуноҳи нобахшиданист

№120 (4070) 08.10.2019

Кӯдакон ва ҳатто бархе аз калонсолон тамошои филмҳои тасвириро дӯст медоранд, зеро қаҳрамонони аксари онҳо одамон ва махлуқоти некукору некрой мебошанд. Забони қаҳрамонон орӣ аз алфози қабеҳу дурушт, барои бинандаву шунаванда хушоянд аст ва бояд чунин бошад, чунки бо тамошои филмҳои тасвирӣ тифлакон ҳам одобу ахлоқ меомӯзанд ва ҳам забон. Вале…

Вақтҳои охир зимни тарҷума ва дубляжи бархе аз филмҳои тасвирӣ, ки аз ҷониби ашхоси ғайриҳирфавӣ амалӣ мегарданд, мазмуну маънӣ ва забони қаҳрамонон баъзан ба ҳадде тағйир дода мешавад, ки шарми кас меояд.

Дар шумораи 7 апрели соли 2018 (№43) рӯзномаи «Садои мардум» матлаберо дар ҳамин бора бо номи «Нағмаи ноҷӯр. Кӯдак ибораи «арӯси ма мешӣ»-ро чӣ гуна бояд қабул кунад?» ба табъ расонида буд, ки дар он оид ба вожа, ибора, ҷумлаҳои таҳқиромез, беадабонаву ба меъёрҳои забони адабии тоҷик  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгӯ набудаи баъзе аз филмҳои тасвирӣ сухан мерафт. Муаллиф аз фитае бо номи «Гургҳо ва бузҳо» чанд мисол, аз қабили «Арӯси ма мешӣ?», «Ягон арусут биёрум?», «Э ота, ту прикол кадестай?», «Ага ура бинӣ, ҷо ба ҷо тар менӣ»  оварда, пешниҳод карда буд, ки тарҷума ва дубляжи филмҳои тасвирӣ аз ҷониби  Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, КВД «Тоҷиккино» ва ниҳоду муассисаҳои марбута тарҷума ва дубляжи филмҳои тасвирӣ  зери назорати қатъӣ қарор дода, пеши роҳи интишори филмҳои бадеӣ ва тасвирии каммазмуну завқи мардумро пасткунанда гирифта шавад. Вале, дар тӯли беш аз як соли чопи матлаб аз номи ягон ниҳоду муассисаи марбута вокунише ба идораи рӯзнома нарасид ва  мутаассифона, ҳоло ҳам дар баъзе аз дӯконҳои фурӯши фитаҳо ҳамин гуна филмҳои тасвириро пайдо намудан мумкин аст. Чанд рӯз пеш боз бо чунин тарҷумаи ғайриҳирфавии филми тасвирӣ дучор омадем ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат(19 марти соли 2018) ба хотир расид, ки аз ҷумла, гуфта буданд:

«Таърихи забони миллии мо шоҳиди он аст, ки маҳз забон бо иқтидор ва тавонмандиҳои худ миллати тоҷикро дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир сохтааст. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне, забони модариву давлатии мову шумо, тасхир кардаанд.

Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз — забони давлатӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи зиёиёни мамлакат дар шароити кунунӣ маҳсуб меёбад».

Бинобар ин, беэътиноӣ нисбат ба забони асарҳо, бахусус, осори кӯдакона гуноҳи нобахшиданист. Бовар дорем, ки пас аз ин таъкид масъулин ба забону тарҷумаи филмҳои тасвирӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. 

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»