Боғча-зинаи аввали шинохти муҳит барои кӯдакон

№17 (4279) 06.02.2021

СадикТаълиму тарбияи насли наврас аз муҳимтарин масъала дар дилхоҳ ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар барои сохтани хонаи мустаҳкам ба пойдевор ва нахустхишти он аҳамияти хоса зоҳир шавад, пас фарзандони мо хиштҳои аввалини бинои ояндаи ҷомеаанд.

Пӯшида нест, ки бо пошхӯрии Давлати Шӯравӣ, ки ҳоло ҳатто давлатҳои сармоядорӣ маорифи пешрафтаи онро эътироф менамоянд, инчунин, ҷанги бемаънии дохилӣ дар кишвар ҷомеаи тоҷикро лозим омад, корро дар самти мактабу маориф аз сифр оғоз намояд, ки саҳлу осон набуд. Хушбахтона, новобаста ба мушкилиҳо, бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, дигаргуниҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд. Натиҷа ин шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат маорифи кишвар ба соҳаи пешрафта табдил ёфт. Дар бадали 15 — 20 сол он қадар биноҳои замонавии мактабу донишгоҳ, донишкадаю литсею гимназия ва кӯдакистонҳо сохта, ба истифода дода шуданд, ки назир надоранд. Дар баробари ин, муассисаҳои номбурда, бо таҷҳизоту технологияи пешрафта муҷаҳҳаз мебошанд. Музди меҳнати кормандони соҳа ҳам сол то сол баланд бардошта шуда, роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба онҳо ғамхории зиёд  менамояд.

Таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандии наврасону ҷавонон вазифаи ҷонӣ ва пуршарафи оила, мактаб ва ҷомеа ҳисоб меёбад, ки дар ин кори бузург саҳми кормандони муассисаҳои томактабӣ низ кам нест. Аксар кӯдакон то по ниҳодан ба остонаи мактаб дар боғчаю кӯдакистонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тарбия ва таълим фаро гирифта мешаванд, ки барои гузаштан ба давраи баъдии ҳаёт  бетаъсир намемонад. Ба ибораи дигар, дар кӯдакис­тон чашми онҳо ба зиндагӣ, муҳити атроф кушода мегардад. Ба манфиати кор мебуд, агар дар оила ба ташаккули ҷисмонию зеҳнии кӯдак аҳамияти хоса зоҳир  шавад. Дар он сурат тарбияи ӯ дар муассисаи томактабӣ бамаротиб осон гардида, то гузаштан ба марҳилаи навбатӣ, яъне мактаб, бисёр фазилатҳои ҳасанаро соҳиб мешавад. Ду марҳилаи аввал дар ташаккули кӯдак ниҳоят муҳим аст. Муҳимтарин тадбири тарбияи насли наврас роҳнамоии онҳо ба корҳои фоиданок мебошад, ки ҳамчунин, онҳоро аз дигар шуғлҳои номатлуб бозмедорад. Аз таҷрибаҳои пешин — ташкил ва роҳандозии маҳфилҳои фанниву клубҳо, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, шабнишиниҳои фарҳангӣ истифода бурдан хеле ба манфиати кор аст. Монанд ба ин роҳу шеваҳои пурсамари таълиму тарбия кам нестанд ва  омӯзгору мураббии эҷодкору навовар метавонад, ки онҳоро дар фаъолият истифода барад.

Ҳар давру замон дар боби таълиму тарбия бартарияту мушкилии хос дорад. Бинобар ин, масъулиятшинос будани падару модарон ва омӯзгорону мураббияҳо ҳатмист. Бо пешрафти ҷомеаи башарӣ ҳаёт дар назди инсоният талаботи нав мегузорад. Аз ҷумла, ҳар қадар сиёсати тарбиявии мо баланд бошад ҳам, бо мурури вақт ҷои онро бояд роҳу воситаҳои  наву фоиданок ишғол намояд. Барои таъмини рушди кишвар, хушбахтию некуаҳволии мардум дар сатҳи баланди касбӣ омодасозии мутахассисон дар симои як насл дастоварди арзанда ҳисобида мешавад.

Мо — кормандони муассисаҳои томактабӣ ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти Давлату ҳукумати кишвар дар амалӣ гардидани ормонҳои волои миллӣ қувваю дониш ва таҷрибаро дареғ намедорем.

Мунаввара ҚОСИМОВА,

мураббияи ширхоргоҳ — кӯдакистони № 157-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе