Истеъдодҳои ҷавон

Бо чунин ҷавонон ояндаи ҷомеаи мо нек аст

№135 (3120) 24.10.2013

АРУС

Қаҳрамони мо  яке аз донишҷӯдухтарони ятими  фаъоли Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»  Савлатмо Ақназарова мебошад. Вай, тибқи квотаи президентӣ, ҳоло дар курси чоруми факултети фарҳангшиносии шуъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии  санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил мекунад. Аз суҳбати нахустин  бо Савлатмо мушоҳида кардам, ки  ӯ аз бисёр ҳамсолонаш  комилан фарқ мекунад ва дасти ин  гуна ҷавононро бояд гирифт. Ӯ зодаи ноҳияи Қумсангири   вилояти Хатлон, фарзанди хурдии оила буда, дар айёми тифлӣ аз падар маҳрум шудааст. Дар оила онҳо ҳафт фарзанд тарбия меёбанд. Тавре огоҳӣ пайдо кардам, Савлатмо бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад ва ният дорад, ки баъди хатми донишгоҳ дар Театри тамошобини наврас «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон  Қосимов фаъолияти эҷодии худро давом диҳад. Баробари таҳсил вай ду сол боз дар театри мазкур кору фаъолият дорад ва аз ҷумлаи фаъолони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ба шумор меравад. Ӯ қариб дар тамоми  чорабиниҳои фарҳангӣ — маърифатии ноҳия, Маркази мазкур ва донишгоҳ ширкат меварзад. Соли  2010 дар олимпиадаи ноҳиявӣ  аз фанҳои химия- биология иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гашт. Соли ҷорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Арӯси арзанда» ширкат варзида, сазовори унвони «Беҳтарин арӯси кадбону» дониста шуд. Ҳамзамон, Савлатмо соли равон  барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои  Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» бо Ифтихорномаи   Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. То ҳол Cавлатмо дар чор намоишномаи Театри тамошобини наврас  «Аҳорун» ва дар шаш филми тоҷикӣ ҳамчун ҳунарпеша нақш офаридааст. Дар филми «Меҳри модар» (аз рӯйи асари Қурбони Ҳомид), ки рӯзҳои наздик пешкаши ҳаводорони кино мегардад,  ӯ нақши асосиро бозидааст.

«…Ҷавонони мо ҳар қадар босаводу соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва огоҳу донишманд бошанд, ояндаи Ватан ҳамон  қадар обод мешавад ва нерумандии давлат меафзояд».

(Аз суханронии Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат, 4 июли соли 2013)

Воқеан  ҳам ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда эътироф гардидаанд ва рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан  ғайриимкон аст.

-Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон  пайваста дар баромадҳои  худ таъкид менамоянд, ки мо бояд ба таълиму тарбияи насли наврас  диққати ҷиддӣ диҳем, зеро онҳо ояндаи миллатанд . Инчунин  Ҷаноби Олӣ нисбати ятимон ва бепарасторон низ ҳамеша ғамхориҳо  зоҳир менамоянд. Мо ятимдухтарони Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  миннатдор ҳастем, ки чунин шароити таҳсилро фароҳам овардааст, — иброз дошт Савлатмо ва ҳамзамон бо таассуф гуфт: — Ман мушоҳида мекунам, ки бисёр ҳамсолонам ба беҳудагардиву корҳои ношоиста машғуланд. Ҳатто аз техникаи ҳозиразамон – компютер низ ба зарари худ истифода мебаранд, асосан ба бозӣ ва тамошо машғул мегарданд.

Дар баробари фаъолияти корӣ ва таҳсил Савлатмо се сол мешавад, ки дар вақтҳои холигиаш дар Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забон ва санъати овозхонӣ — рақси  ҳиндӣ машғул мебошад.Соли ҷорӣ сертификати Сафоратхонаи Ҳиндустон  барои донистани забони ҳиндиро гирифтааст. Инчунин ба хондани китоб,  рӯзномаю маҷалла ва касби дӯзандагӣ, навиштани саҳнаҳои театрӣ машғул шуда, кӯшиш менамояд, ки забони англисиро низ аз худ кунад.

Тавре Савлатмо мегӯяд: — Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», ки  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 31 декабри соли 2008 таҳти №670 дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯдухтарони ятим ва бепарастори таҳсилкунандаи макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст,  ба мо — ятимдухтарон тамоми шароити  зист ва кору таҳсилро муҳайё кардааст. Марказ дорои китобхона, синфхонаҳои компютерӣ,  дӯзандагӣ,ошхона ва толори маҷлисгоҳи замонавӣ мебошад. Барои расонидани кӯмаки аввалия бунгоҳи тиббӣ низ  фаъолият мекунад. Барои боз ҳам  сайқал додани савияи дониши мо — донишҷӯдухтарони  ятим дар ин Марказ омӯзиши забони англисӣ, асосҳои информатика , забони модарӣ, таълими касбу ҳунар, этика ва эстетика ба роҳ монда шудааст. Дар Марказ 49 нафар донишҷӯдухтарони ятим аз тамоми манотиқи мамлакат таҳсил мекунанд. Ҳамасола донишҷӯдухтарон бо сарбаландӣ макотиби олӣ ва омӯзишгоҳҳоро хатм намуда, бо тавсияи Марказ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

- Директори  Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» Савринисо Расулова нисбати мо — ятимдухтарон ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда, дар тамоми чорабиниҳои Марказ ҳамроҳи мо барномаҳои фарҳангӣ, адабиро таҳия мекунад, ки ниҳоят миннатдорем,- афзуд Савлатмо.

Бале, Савлатмо аз зумраи ҷавононест, ки бо онҳо ояндаи ҷомеаи мо нек аст. Маҳз ба ҳамин гуна ҷавонон, сарфи назар аз баромади иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодии хонаводаашон, бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, ҳамаҷониба кӯмак расонида шавад.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»