Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар остонаи Ҷашни Наврӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар баргузор мегардад ва дар ҷараёни он роҳи тайшуда, корномаи аҳли фарҳангу ҳунар, дастоварду комёбиҳо ва ҳамзамон камбуду норасоиҳои мавҷуда мавриди баррасии амиқу доманадор қарор мегиранд. Махсусият ва муҳимияти дигари мулоқоти фавқуззикр дар он зоҳир мегардад, ки дар он аз ҷониби Роҳбари хирадсолори давлат тибқи таҳлили асоснок дастуру ҳидоятҳо ироа мешаванд.
Аслан назари андешамандона ба ҷараёни зиндагии сипаришуда ва сабақ бардоштан аз он, нақшарезӣ намудани ҳаёту фаъолияти баъдӣ яке аз оинҳои наврӯзист. Бо дарназардошти ин ҷанба, мулоқоти имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дорои хусусиятҳои хос буд, зеро он дар арафаи панҷсолагии мақоми байналмилалӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз доир гардид. Расидан ба ин марҳила, ки орзуи деринаи мардуми мо маҳсуб мешуд, ниҳоят тӯлонӣ ва душвор буд. Махсусан дар паҳнои ҷаҳоне, ки имрӯз, ба қавле «тӯфонист» ва тамоми тасмимҳо дар заминаи «ҷаҳонӣ шудани инсону инсонӣ шудани ҷаҳон» амалӣ мешаванд, моҳияти хосеро касб намудааст. Алҳол бештари фарҳангҳо, хусусан фарҳангу арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд дар вартаи нобудӣ қарор доранд.
Таҳаввулоти ғайриинтизоре, ки дар ҷаҳон ба вуқӯъ омада истодааст, касро ба фикру андеша водор месозад. Мо шоҳиди онем, ки чӣ гуна кишварҳои бузургу пешрафта барои амалисозии аҳдофи геополитикии худ давлатҳои хурдро ба бозӣ мекашанд ва аз содагии сокинони онҳо суиистифода намуда, асосан ҷавононро ба мақсадҳои муғризонаи хеш пойбанд мегардонанд.
Ҳамон гуна, ки аз таҷрибаи таърихӣ бармеояд, дар чунин давраҳои ҳассосу сарнавиштсоз барои ҳар миллат мавҷудияти фарзандони баруманд, хирадманду оянданигар ниҳоят зарур ва муҳим аст.
Воқеан, бахти баланду хушиқболи мардуми тоҷик аст, ки дар чунин марҳила зимоми сарварии онро шахсияти дурандешу сиёсатмадори маорифпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад ва бо ҳидоятҳову роҳнамоиҳои худ мардумро ба сӯи фардои неку созанда раҳнамун месозад.
Бояд изҳор дошт, ки яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маорифу омӯзгор ба шумор меравад. Сарвари давлат дар сангинтарин даврон барои Ватани мо зимоми давлатдориро ба дӯш гирифт. Замоне, ки масоили маорифу мактаб аз назарҳо дур монда буд ва имрӯз низ, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ба масъалаҳои беҳсозӣ ва пешрафти соҳаи маориф ва баланд бардоштани ҷойгоҳу манзалати омӯзгор таваҷҷуҳу ғамхориҳои падарона зоҳир менамоянд. Маҳз самараву натиҷаи ин ҳама диққату ғамхориҳои доимист, ки акнун омӯзгор дар ҷомеа аз манзалати волову ҷойгоҳи арзанда бархӯрдор аст ва ҳамчун созандаи миллату тарбиятгари насли ҷавон шинохтаву муаррифӣ мегардад.
Айни замон беш аз ҳар вақти дигар вазифаҳои пурмасъулияте пешорӯи омӯзгорон гузошта шудааст. Онҳо метавонанд бо таълиму тадриси содиқонаву софдилонаи худ насли ҷавонро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву ватандӯстӣ тарбия намоянд ва барои шогирдон аз лиҳози фазлу илм ва гуфтору рафтор намунаи ибрат бошанд. Аз ин ҷост, ки омӯзгор бо дарки масъулияти муҳими хеш бояд ҳамеша дар пайи омӯзишу пажӯҳиш ва бохабар аз тозатарин навгониҳои ҷаҳони муосир бошад ва иҷозат надиҳад, ки қадами иштибоҳе аз ҷонибаш бардошта шавад, зеро «фитнаи олим фитнаи олам аст». Як ҳарфи нодурусте, ки омӯзгор ба шогирд таълим медиҳад, аз нигоҳи равоншиносӣ метавонад сабабгори бадбахтии якумраи шогирд ва ҷомеа гардад. Беҳуда нест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳар чӣ бештар шинос намудани онҳо бо технологияи муосири таълим амри зарурӣ мебошад».
Ногуфта намонад, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо зиёиёни кишвар вобаста ба ҷойгоҳу нақши омӯзгорон дар ҷомеаи имрӯза чунин ибрози назар намуданд: «… ҷиҳати рушди Тоҷикистони азиз, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоянд. Дар ин самт мо, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон такя намуда, вазифаи онҳоро ба сифати равшанфикрони пешқадам дар дуруст ва самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебинем. Онҳо вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Махсусан, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд».
Чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастуру роҳнамоии Роҳбари мамлакат бори дигар мо — омӯзгоронро водор мекунад, ки бо дарки масъулият ва ифтихор аз пешаи худ дар таҳаққуқи сиёсати фарҳангӣ, иҷтимоии давлат ва боло бурдани сатҳи донишу малакаи насли имрӯз саъю талош варзем.
Пешрафту шукуфоии ҳар миллату кишвар ба сатҳи тарбияву камоли зеҳнии ҷавонони он вобастагӣ дорад, зеро маҳз ҷавонон бо зарфияту неруи ақлонии худ ояндаро месозанд, аркони ҷомеаро бунёд мекунанд. Беҳуда нест, ки дар суханрониву вохӯриҳои худ Сарвари кишвар ба ин масъала таъкид намудаву таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро маҳз ба тарбияи насли ҷавон равона месозад. Чунки фардои миллат бо ҳама арзишҳову муқаддасоти худ вобастагӣ ба онҳо дорад. Бо дарназардошти ин нукта Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки дар тарбияи насли ҷавон на фақат омӯзгор, балки падару модар ва ҳама ҷомеа масъуланд. Аз ин рӯ, дар мулоқоти навбатӣ ба зиёиёни кишвар дар робита ба тарбияи ҷавонон фармуданд: «… ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбияро дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамаҷониба тарғиб намуда, тавассути се ниҳоди асосӣ — ҷомеа, мактаб ва оила ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро таъмин гардонанд. Адибони моро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар ин рӯҳия тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда парчами озодӣ ва истиқлолиятро ҳамеша парафшон нигоҳ доранд».
Равшан аст, ки дар мулоқоти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пешорӯи зиёиёни кишвар вазифаҳои муҳим гузошта шуд, ки иҷрову амалисозии онҳо барои ҷомеаи мо муассиру аҳамиятноканд. Агар вазифаҳои муҳиму тақдирсозро раддабандӣ намоем, он гоҳ метавон вазифаҳои зеринро ёдовар шуд:
1. Ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти омӯзгор зарур аст.
2. Ба рушди бонизом ва воқеии илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмҳои бунёдиро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоянд ва ба хотири ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфи роҳу имкониятҳои нави рушди кишвар ва боз ҳам устувор намудани неруҳои зеҳнӣ саъю талоши бештар намоянд.
3. Ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбияро дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамаҷониба тарғиб намуда, тавассути се ниҳоди асосӣ — ҷомеа, мактаб ва оила ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро таъмин намоянд.
4. Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона фаъолона иштирок кунанд.
5. Ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон тавассути воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти дастаҷамъона корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳифзи озодиҳои инсон бевосита саҳмгузорӣ намоянд.
Тавре бармеояд, дар меҳвари ҳидоятҳои Сарвари давлат илму маориф, тарбияву таълим ва дигар манфиатҳои миллӣ қарор доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки татбиқи ин панҷ вазифа, ки чун панҷ иршоду роҳнамоӣ мебошанд, аз як тараф, арзишҳои миллиро таҳким бахшида, барои ҳифзу посдории манфиатҳои халқу миллат чун ҷавшани рахнанопазир хидмат мекунанд, аз тарафи дигар, кишвари сарсабзу хуршедии моро аз нигоҳи дастовардҳои илмиву фаннӣ ва ҳамқадами замона будан дар қатори пешрафтатарин кишварҳо қарор медиҳанд.
Мо — зиёиёни кишварро зарур аст, ки роҳнамоиҳо ва суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маҳаки кору фаъолияти худ қарор диҳем, зеро татбиқу амалисозии дастуру роҳнамоиҳои ин абармард ифодагари эҳсоси масъулият ва амалӣ кардани рисолати худ дар домани таърих мебошад.
Абдусалом МИРАЛИЕВ, муовини якуми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим, профессор