Меҳрнома

Бо роҳи илм рафту накӯном шуд

№60 (4322) 04.05.2021

111Шояд дар бораи инсонҳои ба дилу ҷон қарин, наздикону пайвандон изҳори андеша намудан андак аз доираи одоб ё хоксорию фурӯтанӣ берун бошад. Аммо ба андешаи камина, агар он шахс нафари намунаи ибрати дигарон бошад, месазад дар васфаш беҳтарин суханҳоро гуфт. Бинобар ин, барои ман баён дош­тани ҳиссиёти гуворои дил дар бораи бародари арҷмандам Шавкат Исмоилов мояи ифтихору сарбаландист.

Ӯ аз зумраи он шахсоне ҳастанд, ки ба муаррифӣ ниёз надорад. Зеро номи неку амалҳои шоиста, хизмати барои халқу Ватан анҷомдодааш вайро соҳибиззату соҳибэҳтиром гардонидааст.

Падарамон — ҳуқуқшиноси варзида, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Маҳмуд Исмоилов зиёда аз 11 сол вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъдан, раиси Комиссияи ҳуқуқӣ дар назди Совети вазирони кишварро ба зимма доштанд, ки ба ҷои Вазорати адлияи ҳозира амал мекард. Ҳамчунин, бо вуҷуди дар нафақаи меҳнатӣ қарор доштан, наздик ба чор сол шуъбаи маъмурӣ – ҳуқуқии  Совети вазирони ҶШС Тоҷикистонро сарварӣ намуданд.

Новобаста ба он ки шикастапораи тири тӯпи душман дар мағзи устухони пояшон ҷой гирифта буду то поёни умр вайро азият медод, ҳамчунин, дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кор мекарданд, ҳамеша барои тарбияи мо, фарзандон вақт меёфтанд ва таманнову умедашон он буд, ки сазовори давру замон ба камол расем, дар мактаб бо баҳои хубу аъло хонем, касбу ҳунар омӯзем, дар пешрафту ободии Ватан саҳм гузорем, хулоса, рисолати инсониро ба ҷо орем.

Хуб дар хотир дорам, ки падар ҳангоми панду насиҳат кардан, борҳо таъкид менамуданд: Бо ному кори гузаштагон ва волидон ифтихору сарфарозӣ кардану хотираи онҳоро пос доштан амали шоистаи таҳсин аст. Аммо инсон бояд кӯшиш намояд, ки дар зиндагӣ ба монанди онҳо шавад, яъне корҳои хайру савобро идома дода, чароғи манзилашонро фурӯзон нигоҳ дошта, бо дӯстонашон дӯстӣ варзида, номбардорашон шавад. Тавре шоир мегӯяд:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?

Падари хеш шав, агар мардӣ!

Албатта, андарзу насиҳати волидонро мо, фарзандон мешунидем, маъқул мешуморидем ва чун вазифаи ҷонӣ мепазируфтем. Аммо аз қиёфи андешаманд, қатъият ва ҷиддияти бародарам Шавкат маълум буд, ки вазифагузории падару модарро, пеш аз ҳама, вазифаи худ медонист ва тайёр буд барои хушнудии волидон ва дарёфти ризои онҳо ҳама кори аз дасташмеомадаро анҷом диҳад. Ман низ ҳамчун хоҳар ҳамеша эҳсос менамудам дар симои Шавкат на танҳо дар паҳлу бародари ба ҷону дил баробар, балки рафиқи меҳрубону дӯсти беғараз дорам, ки маро ҳамеша мефаҳмад, ба суханам гӯш медиҳад ва барои кумак расонидану маслиҳат додан омода аст.

Ба гуфти хирадмандон, яке аз нишонаҳои саодатмандии шахс он аст, ки ба падару модар монанд бошад. Албатта, дар ин маврид танҳо монандии зоҳирӣ таъкид намешавад. Яъне мурод, пеш аз ҳама, монандии ботинӣ аст. Шояд таъсири ҳуқуқшинос будани қиблагоҳ бошад ё шавқи ин касб аз овони наврасӣ дар дилашон маъво дошт, ки Шавкат аз солҳои мактабхонӣ орзу мекарданд, ки ҳуқуқшинос шаванд. Аммо мақсад аз ин тасмим соҳиб шудан ба ягон мансабу вазифа набуд. Бародарам мехостанд олими соҳаи ҳуқуқ шаванд ва бо ҳамин роҳ дар тарбияи кадрҳо саҳм гирифта, дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ҳисса гузоранд.

Парвардигор ба Шавкат Исмоилов бисёр хислату рафтори ҳамидаро арзонӣ доштааст. Аз ҷумла, яке аз онҳо ёфтани забони умумӣ ва муносибати якхела бо ҳама аст. Аз давраи мактабхониаш маълум буд, ки қобилияти дар атрофи як мақсад муттаҳид намудани дигаронро дора­д. Хуб медонам, ки ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар факултети ҳуқуқшиносӣ бо маҳорат ба ҳамсабақон зимни иҷрои супоришҳои устодон, ташкили чорабиниҳо, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ сарварӣ менамуданд.

Ин хислату рафторашон ҳангоми таҳсил дар аспирантура бештар зуҳур кард. Барои тоҷикбачаи ба истилоҳ, музофотӣ дохил шудану таҳсил намудан дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ва сарвари гурӯҳ таъин шудан комёбӣ буд беназир, ки на ба ҳар кас муяссар мегардид. Аммо бародарам аз муваффақиятҳо ҳаргиз, ба гуфте, саргаранг нашуда, аз паи донишандӯзӣ ва амалӣ намудани орзу буданд.

Дар зиндагӣ бисёр инсонҳоро дучор омадаам, ки бинобар  соҳиби мансаб будани падару модар ё наздикон тафохур мекунанд. Аммо ин хислат ба Шавкат бегона буд. Мо ҳеҷ гоҳ ному мансаб ва мақому мартабаи волидон, аз ҷумла падарро, барои осон расидан ба ягон мақсад истифода набурдаем. Дар зиндагӣ ба кадом дараҷаю мартаба расида бошем, ба туфайли меҳнату заҳмат, саъю талош расидаем. Вақте ки Шавкат рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии номзади илми ҳуқуқшиносӣ шуданд, 28 сол доштанд.

Табиист, ки баъди ба зиндагии мустақилона баромадан соҳиби хонаву дар, оилаву фарзанд шудан фарзандони як падару модар то андозае аз ҳамдигар дур мешаванд, чун пештара зуд – зуд ба дидори ҳамдигар расида наметавонанд. Аммо ин сухан ба мо, фарзандону пайвандони  Маҳмуд Исмоилов дахл надорад. Зеро маҳз бо ташаббуси бародарам Шавкат, дар куҷое набошем, зуд – зуд ҷамъ меоем, ба дидори ҳамдигар расида, сари як дастархон менишинем, ёдоварии волидону аҷдодон менамоем. Ҳарчанд дар хонавода фарзандони аз рӯи синну сол аз Шавкат бузургтар буданд, аммо баъди даргузашти падару модар маҳз он кас саробону сарвари ҳама шуданд ва ҳоло ҳам ҳалқаи пайванди байнамон ҳастанд.

Дар хотирам ҳаст, ки падар, бо дарназардошти босабру тамкин, мулоҳизакору меҳнатдӯст будан, доимо мегуфтанд, ки Шавкатро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Воқеан ҳам, ҳамин тавр шуд. Ба бародари меҳнатқарин, ҷӯяндаву худфидоям муяссар гардид, ки дар остонаи 40 — солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя карда, баъди 3 сол профессор шаванд. Аммо афсӯс, ки қиблагоҳ чанд моҳ пештар аз рисолаи докторӣ ҳимоя намудан ва вазири адлияи кишвар таъин шудани Шавкат Исмоилов аз ­дунё гузашт ва бисёр комёбии мо, фарзандонро дида натавонист.

Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ ҷодаи илму маърифат Шавкатро аз олами таҳқиқу тадрис ба арсаи сиёсату давлатдорӣ овард. Бо салоҳдиди Сарвари давлат ӯ нахустин вазири адлияи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ таъин гардид. Ҳамчунин, ҳамчун узви гурӯҳи корӣ дар таҳияи аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмати арзанда ба ҷо овард. Ба ҳайси вакили мардумӣ ва раиси яке аз комиссияҳои бонуфуз дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат вазифаи касбиву рисолати инсониро сарбаландона ба ҷо овард.

Бо вуҷуди дар вазифаҳои баланд фаъолият намудан Шавкат Исмоилов ҳаргиз робитаро бо устодон, ҳамкорону шогирдон ва муассисаҳои илмӣ канда накард. Ҳатто ҳангоми вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан дар ДМТ вазифаи мудири кафедраро ба зимма доштанд. Яъне, шавқи машғул шудан ба тадқиқоти илмӣ, таълифи асарҳо ва тарбияи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ чун пештара дар дилашон маъво дорад. Вобаста ба ин масъала танҳо ҳаминро мегӯям, ки таҳти роҳбариашон даҳҳо нафар рисолаи номзадиву докторӣ ҳимоя карда, ба қаламашон чандин асару рисолаи бунёдӣ, дастури таълиму китоби дарсӣ ва зиёда аз 200 мақола тааллуқ дорад. Дар ин радиф садҳо мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносиро тарбия намуда, аввалин шуда, дар самти асосҳои ҳуқуқии иқтисодиёти бозаргонӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, экология, энергетика тадқиқоти судманди илмӣ анҷом додаанд.

Бо забони дароз гуфта метавонам, ки Шавкат Исмоилов ҳаргиз аз пушти мансабу унвон нарафтаанд ва намераванд. Новобаста ба ин, хизмати содиқонаашон ба халқу Ватан борҳо қадршиносӣ гардида, беҳтарин подошу мукофоташон сазовор гардидан ба боварию эътимоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иззату эҳтироми аҳли ҷомеа мебошад.

Доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шавкат Исмоилов тавассути саъю талош ва кӯшишу ғайрат ба мақому мартаба расида, номбардори авлод ва волидон буданро дар амал нишон доданд. Ҳоло ҳам дар ҷодаи илм собитқадамона заҳмат мекашанд ва дар оиладорӣ низ намунаи ибрат ҳастанд.

Малоҳат ИСМОИЛОВА,

доктори илмҳои  иқтисодӣ, профессор