Ҷаҳон ҳама вақт ба неруи ақлонӣ ниёз дорад ва маҳз он кишварҳое, ки аз ин неру пурғановатанд, дар тамоми соҳаҳо пешсаф ва намунаи ибрат мебошанд. Олимон ва донишмандон дар ҷомеа ҳамеша пешсафу пешоҳанг ва бунёдкор маҳсуб меёбанд ва ягон иқдом дар ҷомеа бидуни назария, яъне илму дониш, ҷомаи амал намепӯшад. Аз ин рӯ, нақши зиёӣ дар тамоми давр, хусусан дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, хеле бузург мебошад. Зиёӣ, ки шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аҳли ҷомеаро сӯйи созандагӣ ҳидоят намуда, дар пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он, таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва меҳан саҳмгузор аст.
Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 20 марти соли равон зимни мулоқоти худ бо зиёиёни кишвар чунин зикр карданд: «Зиёӣ бавуҷудоранда, рушддиҳанда ва пешбарандаи афкори ҷомеа, намунаи ибрати мардум, бахусус насли ҷавон, аст. Зиёӣ меҳвар ва ченаки баҳои ҷомеаи беруна ба ҷомеа ва кишвари мост. Зиёӣ ченаки дараҷаи маданият ва тафаккури миллат маҳсуб мешавад. Зиёӣ пул миёни дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеа мебошад».
Олими шинохтаи соҳаи иқтисод, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академик, Аълочии маорифи Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Аҳророва Алфия Додохоновна аз зумраи чунин зиёиён мебошад. Номбурда 9 августи соли 1943 дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро соли 1960 хатм намуда, таълимро дар собиқ Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ) идома додааст. Соли 1965 донишкадаро хатм намуда, соҳиби дипломи «Муҳандис – электромеханик» гардидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ин бонуи қавиирода соли 1966 ба ҳайси муҳандиси калони шуъбаи техникию истеҳсолии Сарраёсати энергетика ва электрификатсияи Тоҷикистон шуруъ намуда, баъдан тайи ду сол ба ҳайси тадқиқотчӣ – таҷрибаомӯзи Донишгоҳи марказии иқтисодию математикии Академияи илмҳои ИҶШС (ш.Москва) кор кард. Аз соли 1973 то ин замон ӯ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолияти пурсамар дорад.
Айни замон Алфия Аҳророва ба сифати профессор – мушовири ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолият менамояд. Фаъолияти номбурда дар тамоми вазифаҳо барои ҳамкорон ва донишҷӯён ибратомӯз аст.
Алфия Аҳророва дар соҳаи таълимоти олӣ собиқаи кории беш аз 40- сола дошта, тӯли ин муддат дар тайёр намудани муҳандисон ва иқтисодчиёни касбии болаёқат саҳми арзанда гузошт. Ӯ муаллифи беш аз 200 кори илмӣ, аз ҷумла панҷ монография бахшида ба такмили тавозуни энергетикаи минтақавӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои обию барқӣ, нақшакашии иқтисодию иҷтимоии низоми таъминоти Осиёи Миёна бо ангиштсанг, идораи талабот ва асосноккунии сиёсати нархномаи неруи барқ, таҳлили таъсири муҳити дохилию беруна ба рушди устувори комплекси энергетикии Тоҷикистон мебошад. Корҳои илмии мавсуф аз ҷониби олимони соҳа баланд арзёбӣ гардида, созмонҳои байналмилалии илмӣ низ эътироф намудаанд.
Зери роҳбарии бевоситаи ин олими пурмаҳсул нуҳ нафар корҳои илмиашонро, ки ба ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи кишвар бахшида шудааст, бомуваффақият ҳимоя намуда, номзади илмҳои иқтисодӣ шуданд. Алфия Аҳророва ҳамзамон роҳбарии аспирантҳоро оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ дар сатҳҳои гуногун ба уҳда дорад.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ҳангоми раиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буданаш зиёда аз 180 кори номзадии олимони ҷавон бомуваффақият ҳимоя шудааст.
Таҷрибаи касбии ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он баҳои баланд гирифтааст. Бо тавсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ӯ дар татбиқи лоиҳаҳои бузург оид ба такмили сохтори низоми энергетикии кишвар, идораи манбаъҳои обӣ, таълимоти бизнес ва иқтисодиёт фаъолона иштирок намуд. Ин олимаи пурмаҳсул ва худогоҳу меҳандӯст дар кишварамон аввалин зане мебошад, ки унвони илмии доктори илмҳои иқтисодиро соҳиб шудааст.
Алфия Аҳророва муносибатҳои хуби корию касбии худро бо донишгоҳҳо ва олимони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Италия, Эстония, Юнон, Швейтсария ва дигар давлатҳо ба роҳ монда, бо онҳо пайваста ҳамкорӣ менамояд.
Бо пешниҳод ва иштироки бевоситаи ӯ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ факултети «Соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент», кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот», инчунин тахассусҳои «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот», «Иқтисодиёт ва идораи соҳаи энергетика ва алоқа» таъсис ёфтаанд.
Барои фаъолияти бисёрсолаи пурмаҳсул А. Аҳророва бо ҷоизаву мукофотҳои гуногун сарфароз гаштааст.
Ин аст рисолати азалӣ ва ҳамешагии як нафар зиёӣ, ки меҳандӯстӣ ва худогоҳӣ дар замири қалбаш маъво гирифтааст.
Зарина РАҶАБОВА, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, декани факултети
«Соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент»-и ДТТ ба номи академик М.Осимӣ,
Ашур АШУРОВ, мудири кафедраи «Менеҷменти истеҳсолӣ»-и ДТТ ба номи академик М.Осимӣ