Тағйир ёфтани муносибатҳои абарқудратҳо дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҳои геостратегии онҳо ҷиҳати тасарруфи захираҳои бойи кишварҳои минтақа як амали муқаррарӣ шуда истодааст. Дастгирии рӯирост ва ё пардапӯшонаи инқилобҳои ранга ва табаддулотҳои сиёсӣ бори дигар бархӯрди нобоварии муносибатҳои сиёсии миёни қудратҳои ҷаҳониро собит менамояд. Чунин бархӯрди манфиатҳоро метавон дар Сурия, Ироқ, Либия мушоҳида намуд. Имрӯзҳо тарҳрезии заминаҳои интиқоли чунин бархӯрдҳо, аз он ҷумла, ба Осиёи Марказӣ низ аз эҳтимол дур нест.
Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи муҳими ҳамкориҳои бисёрсамта ба ҳисоб меравад. Мавқеи ҷуғрофии мусоид, боигариҳои табиӣ, нафти хом, газ ва ғайра диққати қудратҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.
Раванди таҳаввулоти Осиёи Марказӣ баёнгари он аст, ки минтақаро батадриҷ вориди бозии хатарнок карда истодаанд. Дар вазъияти нави геополитикии ҷаҳон муносибати Россия ва Ғарб (хоса ИМА) тезутунд шуда истодаасту кишварҳои Осиёи Марказиро зарур меояд, то дар раванди амалигардонии стратегияи сиёсати хориҷии хеш ин омилро ба эътибор гиранд. Қудратҳои манфиатдор баҳсҳои ҳассоси марзии миёни кишварҳои минтақаро тақвият дода, бо ин роҳ мехоҳанд вазъи сиёсиро ноустувор ва барои низоъҳои дохили минтақа замина омода намоянд.
Ҳар яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барномаҳои мушаххаси стратегии дарозмуддати худро барои тасарруфи Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ кардааст. Вале дар умум маълум нест, ки рушд ва амнияти минтақаро дар назар доранд ё не.
Дар айни замон се барномаи иқтисодии бузургҳаҷм — «Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё» — аз ҷониби Россия, «Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим» аз ҷониби Чин ва «Осиёи Марказии бузург» — аз тарафи Амрико тарҳрезӣ ва амалӣ шуда истодаанд. Рақобат байни ин қудратҳо барои нақши калидӣ бозидан дар минтақа ба омили таҳдидкунандаи амният табдил ёфтааст. Дар лоиҳаҳо манофеи миллию давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи дувум қарор дорад.
Барномаи «Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим» равобити иқтисодии Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои мухталиф тақвият мебахшад. Лоиҳаи мазкур аз ҷумлаи барномаҳои бузурги иқтисодии Чин маҳсуб ёфта, амалӣ шудани он нақши иқтисодии Чинро дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо куллан тағйир медиҳад. Бартарияти амалии барнома дар он аст, ки ба ғайр аз роҳи мошингард сохтмони роҳи оҳан низ ба нақша гирифта шудааст ва он кишварҳои минтақаро ба ҳам пайванд мекунад. Бинобар ин, Чин дар ноором гардидани вазъи минтақа манфиатдор нест. Вале рақибони дигар бо ноором кардани вазъи минтақа кӯшиши танг кардани нуфузи иқтисодии Чинро доранд.
Дар айни ҳол ҳамкории бисёрсамтаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо Чин ва Россия хеле назаррас аст ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИА) онро собит мекунад.
Россия, ки ташаббускори аслии ин барномаҳост, мехоҳад тавассути ин созмонҳо на танҳо амнияти ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро ҳифз намояд, балки, дар навбати аввал, манофеи сиёсӣ ва геополитикии худро пайгирӣ кунад.
Аммо муаммои минтақа дар чист?
Амрико ва шариконаш барои касб кардани нақши сиёсӣ дар минтақа лоиҳаи «Осиёи Марказии бузург»-ро тарҳрезӣ кардаанд, ки куллан хилофи ҳадафҳои Пекин ва Маскав мебошанд. Азбаски Амрико сардории эътилофи НАТО- ро ба уҳда дорад, бояд дар назар дошт, ки ҳама гуна ҳамкориҳои Амрико ба хотири танг кардани нуфузи ин кишварҳо дар минтақа мебошад. Ҳарчанд кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо барномаи «Ҳамкорӣ барои сулҳ» ба Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) имзо намудаанд, вале дар татбиқи барномаҳои сиёсӣ ин ҳуҷҷат ягон нақши меҳварӣ надорад.
Дар шароити бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як муаммои сарбаста табдил ёфтааст. Дар ин бозиҳо ҳар як амали ноҷо аз ҷониби ин ё он абарқудрат метавонад сабаби аз байн рафтани амнияти минтақа гардад, зеро бархӯрди манофеи қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ омили асосии таҳдидкунанда ба амнияти кишварҳои минтақа гардида, ба раванди сиёсӣ ва идеологии онҳо таъсир расонда, метавонад боиси ба таҳрик даровардани низоъҳои дохилӣ гардад.
Вобаста ба вазъи кунунии Осиёи Марказӣ метавон чунин ибрози назар кард:
- Ҷумҳурии Қазоқистон аз лиҳози ҷуғрофӣ тарзе ҷойгир гардидааст, ки бо ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ ҳамсарҳад аст. Бинобар ин, воситаи таъмини амнияти дохилӣ дорад. Ягон марзи кишвари аз лиҳози сиёсӣ ноустувор ё нуқтаи ворид гардидани ягон қувваҳои беруна надорад. Ин нуктаи бисёр муҳим ва калидӣ аст.
- Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир гардидааст ва аз нигоҳи ҷуғрофӣ нақши хосро дорост. Ӯ ҳамчун лидери Осиёи Марказӣ иддаои таъмини амнияти худро дорад. Ҳарчанд ин кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад бошад ҳам, хатти сарҳади он хеле кӯтоҳ аст ва бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, таҷҳизоти пешрафта назорат мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо минтақаҳои ӯзбекнишини Афғонистон барои худ «сарҳади сиёсӣ» ё пасҳавлӣ (буферная зона) сохтааст. Бинобар ин, Ӯзбекистон омилҳои таҳдидкунандаи худро берун аз сарҳад, дар ҳамин минтақа ҳаллу фасл мекунад. Давлатҳои дигари ҳамсарҳад барои он ҳеҷ хатаре эҷод намекунанд, зеро дар сурати рух додани ягон муноқиша метавонад сарҳади худро куллан бандад (инро таърих собит намуд).
- Ҷумҳурии Қирғизистон мавқеи ҷуғрофии хеле мувофиқ дорад. Аввалан ҳамсарҳад будан бо Чин кафолати амнияти ин кишварро таъмин мекунад. Аз тарафи дигар, Россия ва Қазоқистон низ дар таъмини амнияти он саҳми калон доранд. Бинобар ин, аз лиҳози ҷуғрофӣ ягон нуқтаи хатарнок барои амнияти кишвар вуҷуд надорад. Илова бар ин, баъзе омилҳои дохилие низ ҳастанд, ки амнияти ӯро тақвият мебахшанд.
- Туркманистон, ки мақоми бетарафиро ихтиёр намудааст, ягона кишвари минтақа мебошад, ки бо Эрон 992 км марзи муштарак дорад. Ҳарчанд аз нигоҳи сиёсӣ як кишвари ором ба назар расад ҳам, ҳамчун давлати калидӣ ҳама вақт дар мадди назари бозиҳои ҷаҳониву минтақавӣ қарор дорад. Барномаи интиқоли гази Туркманистон аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва Ҳиндустон сабаби пайдо шудани ҳаракати «Толибон» ва зери назорат қарор додани ин масир гардид. Аз лиҳози ҷуғрофӣ низ Туркманистон дар маркази минтақа ҷойгир аст ва ноором кардани ин кишвар метавонад кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто Эрон ва Қафқозро низ ноором кунад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ сарҳади тӯлонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, ки дар тӯли зиёда аз сӣ сол гирифтори даргириҳои дохилӣ мебошад. Азбаски вазъи сиёсии ин кишварро пешгӯйӣ кардан ғайриимкон аст, он ҳамчун манбаи низоъҳои минтақавӣ боқӣ мемонад. Кишварҳои ғарбӣ ва Амрико, новобаста аз эълони таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, ягон кори ҷиддие дар ин самт анҷом надода истодаанд. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда он аст, ки интиқоли қисмати ДИИШ ба марзҳои шимолии Афғонистон оғоз гардидааст, ки вазъи минтақаро мураккаб месозад. Чунин раванд метавонад вазъи кишварҳои ҳамсарҳадро низ тезутунд гардонад. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишвари нисбатан канора буда, ба вазъи минтақа таъсири калон дошта наметавонад, аммо онро ба пойгоҳи интиқоли қувваҳои бегона ба дохили минтақа метавонанд табдил диҳанд. Дар айни ҳол чунин барномаҳои геостратегӣ низ аз ҷониби баъзе коршиносон, аз ҷумла В. Малашенко (коршиноси рус) пешгӯйӣ шудааст.
Аз ин хотир, бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар минтақа, бояд сиёсати аз нигоҳи таҳлилӣ асоснокгардида амалӣ карда шавад. Нигоҳ доштани мувозинати сиёсӣ ва геополитикӣ бо абарқудратҳои ҷаҳонӣ хеле муҳим аст, зеро ноором гардидани вазъи сиёсии яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ боиси ноамнии кишварҳои дигари минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд.
Лоиқназари МУМИН, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон