Ба ифтихори 110 – солагии матбуоти даврии тоҷик

«Бухорои шариф» чӣ гуна пайдо шуд?

№30-31 (4450-4451) 11.03.2022

БШ.стр 1«Бухорои шариф» — нахустин рӯзномаи тоҷикӣ 11 марти соли 1912 дар матбааи шаҳраки Когони наздики Бухоро ба табъ расида, баъди чопи шумораи 153-юм, 2 январи соли 1913, иҷборан аз фаъолият бозмондааст.

Ба ифтихори зодрӯзи «Бухорои шариф», аз соли 1995-ум, 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.

 Поёни асри XIX ва ибтидои садаи XX, агар оғози рушди босуръат ҳам набошад, айёми нумӯи тағйироти иқтисоду иҷтимоъ ва бедории фикрии мардуми Осиёи Миёна буд. Вале бояд иқрор кард, ки чунин тағйирот дар Аморати Бухоро нисбат ба Туркистони Россия сусттару кундтар ба амал меомад, ки сабаби аслӣ ҳамоно ба ислоҳот хуш надош­тани амирони сулолаи манғития буд. Лек тақозои пешбурди мулкдорӣ аст, ки тағйироту таҳаввулоти кишварҳои ҳамсояву ҳампаймонро наметавон нодида гирифт ва ё инкор кард.

Аморати Бухоро низ дар ин бобат истисно буда наметавонист, балки имкон надошт, ки омилҳои таъсиргузори Россияи ҳамсояву ҳампаймонашро нодида бигирад. Пеш аз ҳама, имзои Аҳдномаи дӯстии миёни Бухоро ва Россия (соли 1873) ва тибқи он, соли 1886 бо фармони шоҳ Александри III таъсисёбии Намояндагии Россия дар Аморати Бухоро дар симои Агентии сиёсиро бояд қайд намуд, ки дар сарнавишти минбаъдаи Аморати Бухоро таъсири муайян дошт. Агентии сиёсӣ ба ҳайси намояндаи Ҳукумати подшоҳии Россия дар амри идоракунии сиёсати дохилии Аморати Бухоро нақши мушовири амири Бухороро мебозид. Инчунин, бояд зикр кард, ки Агентии сиёсӣ то соли 1910 дар тобеияти Вазорати хориҷии Россия буд ва пас аз он ба тобеияти генерал — губернатории Туркистон гузашт.

Дар пайи ин, тибқи навиштаи муаррих Намоз Ҳотамов, «бо назардошти вусъатёбӣ ва дурнамои муносиботи тиҷоратию иқтисодии Россия ва Бухоро, 28 майи соли 1894 шуъбаи Бонки давлатии Россия дар Бухоро таъсис шуд».

Ин омилҳо барои ба тарзи замонавӣ ҷараён гирифтани муносибатҳои истеҳсолию тиҷоратӣ дар Аморати Бухоро, дар пойтахти Аморат ва атрофи он пайдо шудани корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ ва шаклгирии табақаи буржуазияи маҳаллӣ мусоидат карда бошанд ҳам, бинобар тарси ҳукуматдорон ва рӯҳониёни мутаассиб аз бедории фикрии мардум, андешидани чораю тадбирҳои пешгирӣ ва барои афкори норозӣ ва ислоҳотхоҳӣ, ба ҳаёти маънавии Аморат ба таври дилхоҳ таъсиргузор набуданд.

Пешвои маънавии тоҷикон устод Садриддин Айнӣ дар асари «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» навишта буд, ки «револютсияи 1905-и Россия дар Бухоро таъсири калон бахшид, ҳаракати прогрессивӣ, ки пештар дар доираҳои танги ҷудогона буд, хеле ­вусъат ёфт. Газетаҳои русӣ ҳар гапро озодона менавиштагӣ шуданд, аз тарафи турк ва тоторҳои Россия, ки пештар ғайр аз «Тарҷумон» газетае надоштанд, газетаҳо ва журналҳои гуногун баромадан гирифт… Ҳамаи ин матбуот ба Бухоро ҳам меомаданд ва дар кушода шудани фикри мардуми Бухоро, ки дар зери идораи асримиёнагии сахти амир ва таъсири муллоҳои мутаассиб ях баста буданд, таъсир мекарданд».

Албатта, то ин замон барои пайдоиши матбуот дар Осиёи Миёна заминаҳои фарҳангию маънавӣ вуҷуд доштанд. Ҳафтаномаҳои форсизабони «Ахбор» (Деҳлӣ, 1798), «Ҳиндустон» (1810), «Мирот-ул-ахбор» (1822), «Коғазбор» — нахустрӯзнома дар Эрони Қочорӣ (1837), «Сироҷ-ул-ахбори афғония»-и Маҳмуди Тарзӣ (Кобул, 1911), ки тавассути корвони савдогарон то ба Самарқанду Бухорову Қӯқанду Фарғона мерасиданд, миёни зиёиёни маҳаллӣ даст ба даст гашта, мавриди мутолиа ва хоҳиши пайравӣ қарор мегирифтанд. Онҳо барои пайдоиши нашрияҳои ҷадидии оғози садаи XX кишварҳои Шарқи мусулмонӣ заминагузор буданд ва дар навбати худ нашрияҳои ҷадидии минтақа барои рӯйи кор омадани «Бухорои шариф» заминаи боэътимод гузоштанд.

Зимнан, пайдоиши маорифпарварӣ чун ҷараёни адабию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсӣ дар Тоҷикзаминро, ки бо асарҳои аллома Аҳмади Дониш (1826 — 1897), бахусус «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» (1873), «Наводир-ул-вақоеъ» (1875-1890) ва «Рисолаи таърихӣ» (1896) — и ӯ доман паҳн намуда, ба ташаккули афкори сиёсию иҷтимоии мардум такони ҷиддӣ дод, сарчашмаи заминагузори пайдоиши матбуоти тоҷикӣ бояд донист.

Ба гуфтаи устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, «дар садаи XVII – XVIII дар ҷомеаи тоҷикон навмедии таърихӣ қувват гирифт, ки гӯё аз оянда умед намонд. Аммо дар нимаи дувуми садаи XIX, пас аз тасарруфи Россия Осиёи Миёнаро, дар осори Аҳмади Дониш боз умеди таърихӣ пайдо шуд ва равшангарон роҳҳои растагории миллиро ҷустанд».

 Ҳадафи аслии насли аввали маорифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш, Савдо, Шоҳин, Ҳайрат, Возеҳ, Асирӣ ва дигарон дар пайравӣ ба мафкураи маорифпарварони чӣ Ғарбиву чӣ Шарқӣ, бо роҳи тарғиби ғояҳои хайру адолат, илму маърифат иллатҳои сохти муайяни ҷамъиятиро барҳам задан, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан буд, ки намояндагони минбаъдаи ҷараёни маорифпарварӣ ин ғояҳоро ривоҷ додаву мутобиқи тақозои замон мушаххастар сохта, то ба зарурати тағйир додани сохти давлатдорӣ расониданд.

Фаъолияти маорифпарварони оғози асри XX, бо дарки он ки барои аз вартаи ҷаҳолату ақибмондагӣ берун кашидани мулку сарзамин ислоҳоти иҷтимоӣ зарур аст, вале ҳамоно бо умеди адолату маърифати амир дар роҳи ислоҳи роҳбарӣ ва машваратхоҳиву маслиҳатпазирии ӯ идома меёфт. Аз ин ҷо, онҳо ба иқдомоти сиёсӣ даст намезаданд, балки талошу пайкорро ба тағйир додани низоми мактабу маориф, такмили усули таълиму тарбия дар мадорис, ба кишварҳои Россия, Туркия ва Олмон барои таҳсил фиристодани ҷавонони лаёқатманд равона месохтанд.

Вале аз даҳаи дуюми асри XX дар афкори маорифпарварони тоҷик тағйироти куллӣ рӯй зад, яъне афкори адабию фарҳангӣ тобиши бештари сиёсию иҷтимоӣ касб намуд, ки инро метавон аз таъсиргузории ҳаводиси сиёсию иҷтимоии пуравҷ идомапайдокарда дар кишвари ҳамсояи шимолӣ – Россия бар асари Инқилоби солҳои 1905-1907 ва шакли мунтазам гирифтани равобити фарҳангии маорифпарварони тоҷик бо ҳаммаслакони туркӣ, тоториву бошқирдӣ, тавассути тоҷирону сайёҳон бештар паҳн гардидани адабиёту матбуоти даврии ин кишварҳо донист.

Дар баробари маҷаллаи «Мулло Насриддин» (Тифлис, Табрез, Боку,1906-1932), нашрияҳои манотиқи мусулмоннишини Россия «Тарҷумон» (Боғчасарои Қрим, 1883-1918), «Шӯро» (Уфа, 1908-1917), «Вақт» (Оренбург, 1906-1917), ки бо ибтикору талош­ҳои ҷадидони озар, турк, тотор, бошқирд таъсис шудаву берун аз минтақаҳои фаъолияташон низ шуҳрат доштанд, барои ташаккули ақидаҳои маорифпарварон ва ҷавобгӯ ба талаботу тақозои воқеият, афкори фаҳмиши сокинони маҳалу минтақа амал кардани онҳо, таъсири мусбат мерасониданд. Устод Айнӣ баъдтар навишта буд, ки «ин газетаҳо ба Бухоро ҳам омаданд ва дар афкори умумии Бухоро низ ҷаҳише ба вуҷуд оварданд».

Омили муассири ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтани пайдоиши нашрияҳои мус­тақил бо забонҳои мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна, ба имзо расидани Манифести шоҳи Россия аз 17 октябри соли 1905 дар бораи эҳдои озодиҳои демократӣ, аз ҷумла озодии сухан, ки масъулияти маъмурию судии матолиби хислати зиддиҳукуматидоштаро ба дӯши муҳаррирони нашрияҳо вомегузошт, ба ҳисоб меравад. Санади мазкур, ки низ ба шарофати Инқилоби якуми рус рӯи кор омадааст, бо вуҷуди маҳдудиятҳои зиёд дар роҳи озодии сухан, барои пайдо шудани матбуоти озодихоҳи Осиёи Миёна низ то андозае заминаи сиёсию ҳуқуқиро фароҳам месохт.

Ин «лутф»-и подшоҳ, дар баробари болшевикон, ба ҷадидони минтақа ва доираҳои тиҷоратии наздик ба онҳо имкон дод, ки дар 10-12 соли пурҳаводиси оғози садаи XX дар Қӯқанду Тошканду Самарқанду Фарғона беш аз 10 нашрия бо ному даъвоҳои гуногун, бо забонҳои туркӣ, ӯзбекию тоҷикию русӣ, туркманию форсӣ — «Рабочий» (1905-1906), «Осиё» (1905), «Вақт» (1905), «Рабочий листок Молот» (феврал-октябри с.1906), «Земля и воля» (апрел-декабри с.1906), «За народ» (1906), «Солдатский листок «Правда» (январ-апрели с.1906), «Тараққӣ» (1906-1907), «Хуршед» (1906), «Туҷҷор» (1907-1908), «Шуҳрат» (1907-1908), «Азия» (1908), «Маҷмӯаи моварои баҳри Хазар» (1908), «Красное солнышко» (1909)-ро таъсис дода, аз 1 то 36 шумора ба табъ расонанд.

Ҳамчунин, агар роҳандозӣ шудани чопи ин нашрияҳоро нишонаи авҷ гирифтани муборизаи болшевикон баҳри барҳам задани мутлақияти подшоҳӣ ва бедории афкори ҷадидони маорифпарвари маҳаллӣ ҳисобем, аз миёни онҳо «Бухорои шариф» дар Аморати Бухоро ягона нашрияи тоҷикӣ буд.

Таъсисёбӣ ва минбаъд фаъолияти «Бухорои шариф» низ рӯйдоди басо ҷолибу ибрат­ангез буд. Ба қавли устод Айнӣ, ки дарвоқеъ, муҳаққиқони таърихи «Бухорои шариф» чун манбаи муътамад ба навиштаҳои ӯ такя намудаанд, «ҷавонони Бухоро кайҳо боз дар фикри нашри газетае буданд, лекин чораи онро намеёфтанд. Зеро ҳукумати Бухоро, ки ба ягон кори одии маданӣ роҳ намедод, ба нашри газетае, ки дар пеши назараш чун муфаттише шуданаш мумкин буд, чӣ гуна роҳ дода метавонист. Элчихонаи ҳукумати рус бошад, ба нашри як газетаи озодфикр рухсат додан он тараф истад, ба ин кор аз ҳукумати амир ҳам бештар монеъ мешуд».

Вале фикри нашри газета ҷавонони Бухороро ором намегузошт ва боз ҳам ба навиштаи устод Айнӣ «ҷавонбухороиён ба «латоиф-ул-ҳияли» бисёр соли 1330 ҳиҷрӣ (моҳи марти соли 1912 мелодӣ) ба васотати вакили сиёсии Россия аз амир рухсати нашр кардани як рӯзномаро гирифтанд». Аз чунин маълумоти устод Айнӣ «омили русӣ» — и қазияи «Бухорои шариф» — ро на танҳо чун омили таъсиргузории вакили сиёсии Россия ба пайдоиши нахустин нашрияи тоҷикӣ, балки умуман ба корҳои идоракунии Аморати Бухоро метавон ҳисобид. Лекин ҳоло бифаҳмем, ки вакили сиёсии Россия ба чӣ далел барои рухсати нашри рӯзнома ба амир восита шуд.

Аз як тараф, рушд пайдо кардани савдою тиҷорати пахта, пӯсти қароқӯл, пашм, миёни ширкату тоҷирони Бухоро ва Россия, дар Бухоро фаъол будани намояндагиҳои бонк ва ширкатҳои саҳомӣ, зарурати ташвиқу тарғиби молу коло ва хизматрасониҳо (ба маънои имрӯза – реклама)-ро тақозо намояд ва ҳамчун яке аз ҳадафҳои рӯзнома қарор гирифтани «мусоидат намудан ба ривоҷу равнақи робитаҳои тиҷоратии тоҷирони бухороӣ ва рус» гардида бошад, аз тарафи дигар, ба қавли устод Айнӣ, «Мирзо Муҳиддин ҳам, ки бо корҳои тиҷоратиаш бо Элчихона рафтуой дошт, тарафи рухсат додан ба газетаро гирифт ва барои бо идораҳои рус шиносонидани мардуми Бухоро, барои ривоҷи пахтакорӣ лозим будани газетаро фаҳмонида, барои итминони хотири Элчихона Ҳайдархоҷа Мирбадаловро , ки дар он ҷо хизмати тарҷумониро ба ҷо меовард, ба мудирии газета тавсия кард».

Тавре маълум мешавад, «Бухорои шариф» бо ташаббус ва талош­ҳои фарзонамардони маорифпарвари Бухоро — Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷ Ҳаким, ки ҳар ду аз аҳли тиҷорат буда, бо доираҳои ҷадидони маорифпарвар ҳамкорӣ доштанд, таъсис шуда, 4 рабеъ-ул-аввали соли 1330 ҳиҷрӣ, якшанбе, 11 марти соли 1912 милодӣ, дар матбааи хусусии сарватманди яҳудитабор Қ. Л. Левин, воқеъ дар шаҳраки Когони 15 километрии Бухоро, ба табъ расидааст. Тибқи навиштаи нашрия, мудирони (муҳаррирони) «Бухорои шариф» Мирҳайдар, писари Хоҷа Қосим Мирбадалуф ва Мирзо Ҷалол Юсуфзода, соҳиби имтиёз Қ. Л. Левин будаанд («Бухорои шариф», 1912, 11 март, №1).

 «Бухорои шариф» дар шумораи нахустин ба хонандагон муроҷиат карда, даврияти рӯзномаро «ҳаррӯза, ба истиснои айёми иду ҷумъаҳо» ва таъиноти рӯзномаро «илмӣ, адабӣ, иҷтимоӣ, фаннӣ, иқтисодӣ, ба тараққии бародарони исломӣ хоҳад кӯшид. Мизони мундариҷот мутобиқати «Қуръон»-и шариф ва зарурати ислом хоҳад буд», эълон дошта, ҳамчунин, навиштааст, ки «рӯзномаи мо аз ёрморкоҳо, мисли Нижнӣ-Нувғуруд ва ғайра маълумот дода, аз моли алтиҷораи дохил ва хориҷ ва маҳсулоти Бухорои шариф ва атрофу тобеи он мисли пунба, пашм, пӯсти қароқул, қимати мазаннаи нон, гӯшт, пунба, абрешим, чой ва ғайраву ғайра иттилоот хоҳад дод».

Дарвоқеъ, «Бухорои шариф» бо дарназардошти ӯзбекзабон будани аҳолии атрофи Бухоро, аз 14 июли соли 1912 бо забони туркӣ ҳамчун замима, нашрияи «Тӯрон» — ро низ таъсис дод, ки он 49 шумора ба табъ расид.

«Бухорои шариф» дар 153 шумораи табъгардидааш ба ваъда вафо кард, яъне, дар инъикоси воқеаву рӯйдодҳои Бухорову минтақа, кишварҳои мусулмонии ҷаҳон, зарурати ислоҳи мактабу мадраса, таъсису роҳандозӣ намудани макотиби усули нав, беҳдошти тандурустӣ, зироаткорӣ, бунёди корхонаҷоти саноатӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ, ривоҷу равнақи робитаҳои тиҷоратии тоҷирони бухороӣ ва рус ва дигар масоили доғи рӯз чун оинае дар дасти аҳли мутолиа ва дастур барои аҳли идораву коргузорон, ҳамаи онҳое, ки озодию ободии мулкро мехостанд, хидмат кард.

Аз оғози фаъолияти «Бухорои шариф» як соле ҳам нагузашта, ба навиштаи устод Айнӣ, «2 январи соли 1913 ба идораи газета аз номи Элчихонаи рус бо имзои Петров ба ин мазмун мактуб омад: «Бо хоҳиши ҷаноби олӣ амири Бухоро, аз ҳамин рӯз эътиборан газетаи «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» аз нашр боз дошта мешавад».

Сабабу омилҳои басташавии «Бухорои шариф» — ро шоҳиди воқеот, устод Айнӣ дар он дарёфтаанд, ки «чун «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» диққати назари умумии аҳолии Туркистонро ба худ ҷалб карда, дар димоғи хонандагон афкори олия илқо намудан гирифт, ин кор ба кайфияти маъмурони рус мувофиқ наафтод… Зеро аввал гумон карда буданд, ки мисли «Туркистон вилоятининг газети», ки зери иродаи Истромуф (Остроумов) дар Тошканд нашр мешуд, як ҷарида хоҳад шуд. Сонӣ диданд, ки бар хилофи маъмул, ин рӯзномаҳо ба танвири афкори миллати ислом хидмат карданд.».

Ҳамин тариқ, падидаи таърихӣ – нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф», ки чун меваи дерпазаки ниҳоли боғи чандинсолаи маорифпарварону ҷадидони Бухоро, ба шарофати таҳаввулоти таъсиргузори кишвари Россия гул кардаву муғча кушода буд, боз бо амри хостаҳои намояндаи ин кишвар, аз нашъунамои минбаъда бозмонд.

Азбаски шарҳу тафсири батафсили мундариҷоти матолиби «Бухорои шариф» дар қолаби ин мақола намеғунҷад, онро ба фурсати дигар гузошта, ҳоло ҳамин қадар гуфтанием, ки ин нахустнашрияи тоҷикӣ баҳри бедор намудани эҳсоси худшиносию ватандории сокинони Тоҷикзамин хидмати бесобиқаро анҷом дод ва барои минбаъд доман густурдани сухани катбии тоҷикӣ дар минтақа заминаи боэътимод гузошт.

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,

муаллими калони кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ