Бунёд ва таъмири 500 маркази инкишофи кӯдак

№ 25.02.2025

 Дар Тоҷикистон бунёду таъмири 500 маркази инкишофи кӯдак бо маблағи 125 миллион доллар идома дорад.

Ба иттилои  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 744 адад расида, дар онҳо 113 ҳазору 970 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки нисбат ба соли 2023 -юм  37 муассиса ва 9049 кӯдак зиёд мебошад.

Барои дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2 ҳазору 884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 131 ҳазору 317 кӯдак таъсис дода шуд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат 245 ҳазору 287 нафар ё 23,2 фоизро ташкил медиҳад.

Марказҳои инкишофи кӯдак бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон ва баланд бардоштани малакаю маҳорати эҷодии наврасон таъсис дода шудаанд.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»