Бо иқдоми соҳибкор Зайлобиддин Мақсудҷонов, ки дар Федератсияи Россия фаъолият мекунад, дар зодгоҳаш — деҳаи Понғози ноҳияи Ашт мактаби замонавӣ ба маблағи 10 миллион сомонӣ бунёд хоҳад гашт.
Тавре сардори шуъбаи маорифи ноҳия Муяссар Ҳайдарзода зикр кард, мактаби деҳа, ки бо усули ҳашар солҳои 60-уми садаи гузашта бунёд шуда буд, дар ҳолати басо ногувор қарор дорад.
Айни ҳол гузоштани таҳкурсии бино ба итмом расида, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба соҳибкор барои олиҳимматӣ ва ватандӯстиаш арзи сипос кард.
Тавре маълум гардид, соли равон бунёди биноҳои нави таълимӣ дар ноҳия вусъати тоза пайдо кард. Ҳоло корҳои сохтмони биноҳои МТМУ №65-и шаҳраки Шайдон, МТМУ №7-и деҳаи Понғоз ва бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия босуръат идома доранд. Сохтмончиён то ҷашни Наврӯзи соли 2020 биноҳои нави таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданианд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»