Мулоҳиза ва пешниҳод

Бунёди гулхонаҳо дар бому ҳавлии МТМУ зарур аст

№67 (4329) 20.05.2021

Phipps.Conservatory.and.Botanical.Gardens.original.14613Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 — 2040 ба тарбияи кадрҳои барои ҷомеаи мутамаддин зарурӣ мусоидат карда, боиси ба воя расидани насли навҷӯву эҷодкор мегардад. Татбиқи барномаҳои бузурги давлатӣ ва рушди бемайлони мамлакат дар сурате имконпазир мегардад, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон омода шаванд. Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар низ истифода бурдан аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Солҳои охир дар бархе аз манотиқи Федератсияи Россия ҷиҳати ошноии хонандагони бо табиати атроф ва ҷалби онҳо ба кори манфиатнок дар бом ва ҳавлии баъзе аз муассисаҳои таълимии навсохт гулхона (­оранжерея)-ҳо бунёд мешаванд. Масалан, боми Литсейи рақами 15-и шаҳри Ставропол ба ватани беш аз 150 рустанӣ аз гӯшаву канори дунё табдил ёфтааст. Дар он ҷо на танҳо гулҳои гуногун, балки дарахтони лимӯву хурмои арабӣ ва ҳатто қаҳва низ нашъунамо меёбад. Парвариши рустаниҳои қитъаҳои Амрикову Африқо вақт ва заҳмати зиёдро тақозо дорад, — мегӯяд мудири гулхона Мария Антсева. — Аз ин ҷо меваҳои гуногунро чидан мумкин аст. Муаллимону хонандагон беш аз ҳама бо дарахтони лимӯ ифтихор менамоянд, ки меваи баъзе аз онҳо то 1 кг вазн дорад. Дар гулхона дарахтони нодир низ парвариш мешаванд. Яке аз онҳо «монстера» аст, ки соли сипаришуда бори нахуст ҳосил дод.

Макотиби Москваи нав бошанд, бо навгониҳояшон ҳамаро ба ҳайрат овардаанд. Масалан, дар мактаби  миёнаи рақами 1392 барои хонандагон маҷмааи нави маърифатӣ — гулхона бунёд гардид.

Дар он ҷо бештари дарсҳо — биология, ҷуғрофия ва ҳатто тарбияи ҷисмонӣ дар гулхонаи зебо гузаронида мешаванд. Хонандагон гулхонаро «Сафинаи сабз» ном мебаранд.

Моҳӣ, аз ҷумла, карпи ҷопонӣ, ки дар ҳавзи махсус парвариш меёбад, боиси ифтихори кормандони гулхона аст. Ҳар моҳӣ шиноснома ва номи хос дошта, онро табиатшиносони наврас барояшон интихоб намудаанд.

- Ҳамааш аз он оғоз ёфт, ки хонандагонро ба боғи «Кои — парк» бурда будем, — ба ёд меорад омӯзгори фанни технология Елена Кошеева. — Дар он ҷо кӯдакон бори нахуст карп­ҳои зебои ҷопониро  дида,  ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ҳамон ҷо қарор қабул шуд, ки ба парвариши моҳиҳо машғул мешавем.

Дар мактаби миёнаи № 29-и шаҳри Подолск низ гулхона бунёд хоҳад шуд, ки аз гулхонаҳои мавҷуда фарқ хоҳад дошт. Он бо таҷҳизоти навтарини барқу гармидиҳӣ муҷаҳҳаз буда, хонандагону омӯзгорон метавонанд дар он ҷо тадқиқот гузаронанд. Моҳӣ ва парандаҳои гуногунро парвариш намоянд.

Бунёди чунин иншооти ғайриодӣ айни ҳол дар лаборатория санҷида мешавад. Дар нусхаи гулхонаи «ҳушманд» хонандагон низоми идоракунии гулхонаро месанҷанд. Тавассути таҷҳизоти электронӣ оид ба ҳарорати гулхона, дараҷаи рутубати ҳаво маълумоти дақиқ гирифтан мумкин аст. Пайвастагӣ бо шабакаи интернет имкон фароҳам меорад, ки ин нишондиҳандаҳо, ҳамчунин, тозагии ҳаво ва обёрии  рустаниҳо, ба низом дароварда шаванд.

Гулхона иншооти «мухтор» буда, аз якчанд манбаъ — неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, биогенераторҳо, дастгоҳи танзимкунандаи ҳарорати «Келвин» неруи барқ мегирад.

- Аз сабаби он ки мо дастгоҳи «Келвин» — ро насб намудем, эҳтиёҷоти гулхона ба барқ зиёд нест, — мегӯяд омӯзгори фанни технология Андрей Бобирев.

- Неруи барқро аз моҳиён низ гирифтан мумкин аст. Дар гулхона чунин таҷриба низ гузаронида мешавад. «Пулакчаҳои моҳиён низ аз таъсири ларзиш, ки дар натиҷаи ғалоғула ва садоҳои баланд пайдо мешавад, метавонанд барқ истеҳсол намоянд. Мо дар лоиҳа инро ба назар гирифтаем, — шарҳ дод сармуҳандиси лоиҳа Сергей Полянский.

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ низ чанд гулхона дар боми биноҳои истиқоматӣ ва ҳавлии бархе аз муассисаҳо бунёд гардиданд. «Боғи зимис­тона»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва гулхонаи  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур намунаи беҳтарин мебошанд. Хуб мешуд, дар оянда ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёди  гулхонаҳо дар бом ва ё ҳавлии онҳо ба назар гирифта мешуд.

Таҳияи Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»