Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, таҳлили рушди 30 — солаи мамлакатро дар ҳама самт фаро гирифт. Пешвои миллат таъкид карданд, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буда, рӯзҳои орому осуда ба осонӣ муяссар нашудаанд.
Аҳли маорифи кишвар хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ низоми маорифи мамлакат дар чӣ ҳол қарор дошт. Тайи cӣ соли Истиқлолияти давлатӣ аҳли маориф ва илми кишвар дар баробари дигар сокинони мамлакат дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар рушду нумӯъ ва тарғибу ташвиқи низоми кунунии сиёсии кишвар саҳми назаррас гузоштанд.
Роҳбари давлат зимни таҳлили бахши иҷтимоӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид карданд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Ин таъкиди Пешвои миллат мо — аҳли маорифи кишварро, водор месозад, ки дар самти таълиму тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллӣ ва таърихӣ кори зиёдро бояд ба анҷом расонем. «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад» гуфтани Пешвои миллат раҳнамои ҳар як омӯзгор ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи кишвар бояд бошад. Зеро маҳз тавассути афроди босаводу донишманд метавон миллатро дар олам муаррифӣ ва мондагории онро дар саҳифаҳои таърих таъмин кард.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон бештар талош карда, мақому манзалати онҳоро дар кишвар баланд бардорем.
Аз рӯзи аввали ба арсаи сиёсат қадам ниҳодан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат эълон карда, дар таҳким ва рушди он саҳми арзанда гузоштанд, ки инро мардуми кишвар эътироф ва эҳтиром мекунанд.
Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат аст, ки таълиму тарбия дар ҳама зинаи таҳсилот ба низоми муайян даромад, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба тасвиб расиданд, стандарту барномаҳои таълимӣ таҳияву таълиф, китобҳои дарсӣ нашр гардиданд. Ҳамчунин, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат вусъати тоза пайдо кард.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва таҳкими низоми маориф таъкид карданд: «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Моҳияти ин таъкиди Роҳбари давлат он аст, ки мо — омӯзгорон, дар омода кардани хонандагони забондон бештар ҷаҳд намоем. Зеро донистани забонҳои хориҷӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ташвиқи бештари илму фарҳанг ва дастовардҳои мардуми тоҷик, огаҳии комил доштан аз навовариҳои олам мусоидат менамояд.
Таҳсил дар хориҷи кишварро низ Роҳбари давлат дар асоси донистани забонҳои хориҷӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд».
Аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар навъҳои стипендия 20 фоиз зиёд мешавад. Ин иқдом, ки аз ҷониби Пешвои миллат тайи 30 соли истиқлолияти кишвар пайваста роҳандозӣ мешуд, бори дигар собит сохт, ки ба инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Яке аз масъалаҳои мубрам такмили технологияи иттилоотӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютер ва интернет мебошад. Шоҳиди онем, ки дар аксар кишварҳо гузаштан ба технологияҳои рақамӣ афзалият пайдо кардааст ва гузаштани Тоҷикистон низ ба ин раванд ногузир аст. Дар ин робита, Сарвари давлат чунин супориш доданд: «Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд».
Дар маҷмӯъ, иҷрои бетаъхири супоришу дастурҳои додашуда барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,
муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон