Бурду бохти барномасозӣ дар Тоҷикистон

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

Яке аз даҳгона

БарномасозМо дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки касбҳо «мемиранд», касбҳои нав «тавлид» мешаванд. Ҳоло мафҳуми «даҳгонаи беҳтарин» чарх мезанад, ки дар он даҳ касби оянда ва даркорӣ барои чанд соли баъд ном бурда мешавад. Яке аз касбҳои «даҳгонаи беҳтарин» барномасозист.

Мақсади барномасозӣ кори одамонро осонтар кардан маҳсуб шуда, ҳар як маҳсули барномасоз бо супориш ё тақозои ҷомеа тавлид мешавад. Барномаҳои мобиливу компютерӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, барномаҳои махсусе, ки дар ширкатҳои нақлиётӣ, бонкҳо, заводҳо, «web-студия» — ҳо ва ғайраҳо маҳсули барномасозон ҳастанд.

Дилхоҳ забони барномасозӣ аз маҷмӯи калимаҳо иборат буда, ҳастанд калимаҳои махсусе, ки барномасозон онҳоро барои бо компютер «гап задан» меомӯзанд. Вақте забони барномасозиро меомӯзанд, қадам ба қадам барнома аз тариқи фармондиҳӣ ба компютер, ки кадом фармон ба иҷрои кадом амал водор мекунад, сохта мешавад.

Барномасозӣ, ба мисли дигар касбҳо, самтҳои гуногун дошта, барномасозон ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд. Гурӯҳе барои телефони мобилӣ ва компютерҳо барнома менависанд, баъзеҳо бозӣ меофаранд, як идда барои роботҳо барнома месозанд, боқимонда барномаҳои заводу ширкат ва бонкҳоро менависанд.

Намояндагони касби мазкур мегӯянд, ки корашон ҳам ҷанбаи манфӣ дорад ва ҳам ҷиҳати мусбат. Манфӣ буданаш дар он зоҳир мегардад, ки одатан «ҳаёти болои курсӣ» доранд, қувваи ­биноии зиёд сарф намуда, кам ҳаракат мекунанд ва қисми зиёди вақт муоширати маҷозӣ доранд. Дар баробари ин, аз нисбатан кам будани рақобат, кори зиёд ва маоши хуб ёдовар мешаванд, ки ҷиҳати мусбати он ба шумор меравад.

Ҷавонони мо дар куҷо ин касбро меомӯзанд?

Ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад, новобаста аз ҷинсият ва синну сол, метавонад ба омӯзиши ин касб машғул шавад. Илова бар ин, барномасозӣ аз касбҳоест, ки онро метавон аз интернет омӯхт.

Ба қавли барномасоз Мустафо Зубайдуллоев, барои соҳиби ин касб шудан ягон хусусияти модарзодӣ даркор нест.

- Довталабони барномасозӣ бояд хоҳиш, сабр ва фаҳмиши мантиқӣ дошта бошанд. Хоҳиш, барои он ки кор бояд бо шавқи беандоза анҷом ёбад. Сабр, барои он ки ҳаёти барномасоз зиёдтар дар болои курсӣ бо компютер мегузарад ва нафаре муваффақ мешавад, ки соатҳои зиёд кор кунад. Мантиқ, барои он ки зимни навиштани барнома бояд ҳатман мантиқ риоя шавад, дар акси ҳол барномаи сох­ташударо на муштарӣ мефаҳмад ва на дигар истифодабарандагон, — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ҳоло дар як қатор макотиби олии кишвар донишҷӯёне таълим мегиранд, ки тахассусашон барномасоз аст.

Вале ҷавонони тоҷик ҳоло ба се маркази омӯзишӣ барои омӯхтани касби барномасозӣ мераванд. Инҳо «Алиф академия»-и «Алиф бонк», «Ilmhonа» ва «zypl.ai» мебошанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар «Алиф академия» омӯзиши барномасозӣ ройгон ва дар «Ilmhonа» ва «zypl.ai» пулакӣ аст.

«Алиф академия»-ро «Алиф бонк» 1 августи соли 2017 таъсис додааст.

Абдулло Қурбонов, ҳаммуассис ва роҳбари «Алиф бонк» мақсад ва муҳимияти «Алиф академия»-ро чунин гуфт:

- Ҳама кишварҳо, аз ҷумла Ватани азизамон, ба мутахассисон ниёз доранд. Тарбияву таълими муаллимон, табибон, муҳандисон ва садҳо мутахассисони дигар ҳамеша бояд афзалият дошта бошанд. Агар касберо интихоб кунем, ки имрӯз талабот ба омода кардани мутахассисонаш нисбат ба пешниҳод зиёд аст, ин шуғли барномасозист. Дар содироти барномаҳову молҳои зеҳнӣ рақобатпазир буда метавонем. Барномасозони тоҷик барномаҳое навишта истодаанд, ки бо онҳо метавон ифтихор кард, аз ҷумла барномаҳои мураккаби соҳаи бонкӣ. Зиёда аз 2000 нафар аз тариқи барномаҳои «Алиф академия» такмили малака намуда, баъзе аз хатмкардагон дар бонк ва боқимонда дар дигар корхонаҳо кор мекунанд.

Маркази омӯзишии «Ilmhonа», ки ба таври дигар «Тезкунандаи малакаҳо» ном бурда мешавад, ҳадаф дорад саводнокии ҷавонони кишварро дар соҳаи технология зиёд кунад. Директори ин марказ Фаррух Умаров гуфт, ки ҳанӯз соли 2017, вақти дар Исроил кор карданаш дарк кард, ки касби барномасозӣ бисёр серхаридор ва ояндадор аст. Соли 2014 «Ilmhonа» — ро таъсис дод ва ҳоло яке аз самтҳои асосии ин марказ ба ҷавонон омӯзонидани барномасозист.

Дар маркази мазкур омӯзиши барномасозӣ ба ду тарз амалӣ карда мешавад. Якум, як курс дар «Ilmhona» се моҳ давом мекунад ва маблағи таҳсил барои як моҳ аз 300 то 450 сомонӣ мебошад. Ҳар хонандае, ки холи ҷамъбастии имтиҳонаш аз 96 то 100 бошад, дар баробари сертификат 100 фоиз маблағашро бозпас мегирад. Хонандае, ки дар имтиҳон аз 90 то 95 хол мегирад, дар баробари сертификат 75 фоизи пулашро бозпас медиҳанд. Муҳассилине, ки аз 70 то 84 хол мегиранд, танҳо соҳиби сертификати «Ilmhona» мегардад. Ҳар хонандае, ки аз 70 хол кам мегирад соҳиби сертификат намешавад.

Дуюм, ҳар нафаре, ки шароит надорад, вале касб омӯхтан мехоҳад, дар сомонаи марказ менависад ва ба чанд саволи масъу­лин ҷавоб медиҳад. Вобаста ба мақсаду хоҳиши дархостдиҳанда, аз 50 то 100 фоиз маблағи таҳсилашро кам мекунанд.

Инчунин, «zypl.ai»  ҳам барномаи махсусро бо номи «Интеллекти сунъӣ» дорад, ки аз рӯи он ба ҷавонон барномасозиро меомӯзад. Ба гуфти Азизҷон Азимӣ, роҳбари «zypl.ai», бештари устодони марказ нафароне ҳастанд, ки дар хориҷа зиндагӣ ё таҳсил кардаанд. Тибқи иттилои мавҷуда, аз 2017 то охири соли 2020 ҳамаи дарсҳо дар марказ ройгон буданд ва дар ин муддат ба воситаи грантҳо хароҷоташонро мепӯшониданд, вале ҳоло дарсҳо пулакӣ ҳастанд. Зеро ба дарсҳои бепул ҷавонон камтар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ба ҷои хулоса

Ҳоло кишвари мо дар соҳаи барномасозӣ қадамҳои аввал ва ҳамчунин устувор гузошта истодааст. Аз ҷониби дигар, таваҷҷуҳи насли нав ба ин соҳа рӯз аз рӯз меафзояд ва дар як муддати кӯтоҳ, аз марказҳои омӯзишӣ ва макотиби олӣ барномасозони зиёд ба майдон омадаанд.

Вале набояд фаромӯш кард, ки вобаста ба омӯзиш ва кори барномасозӣ дар кишвари мо яке аз мушкилоти ҳалнашаванда ин дастрасӣ ва суръати интернет аст. Дар манотиқи гуногуни мамлакат суръати интернет ба таври бояду шояд нест, ки ба барномасозон мушкилӣ эҷод менамояд.

Умед аст, ки ба ин соҳаи муҳим ва касби барои оянда лозимӣ таваҷҷуҳ боз ҳам зиёдтар мегардад.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

  «Садои мардум»