Миллати тоҷик фарзандони фарзона доштаву дорад, ки пешрафту рушди таърихи башарӣ ва ҷомеаи инсониро бидуни онҳо тасаввур наметавон кард. Ҳамчунин, зодагони ноқобиле низ доштаву дорад, ки ҳамеша хоҳони шикасти давлату дар ҳоли зиллат қарор гирифтанаш будаанд ва миллату давлатро бо ночизтарин чизе барои хоҷагони бегонаи худ ба фурӯш гузоштаанд…
Тоҷик баъди ҳазор сол, пас аз он ҳама шебу фароз, ки зери зулму ситами истеъморгарон қарор дошт, дар даҳаи охири асри гузашта, мисли дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид. Вале тоҷик бо даст ёфтан ба истиқлолият ба мушкилтарин марҳилаи худ ворид ва дигарбора гирифтори бозии таърих шуд. Гирифтори ҷанги таҳмилие гашт, ки ба манфиати бархе гурӯҳҳову давлатҳо тарҳрезӣ гардид. Бо истифода аз «дӯстон»-и дохилӣ ва содагии бархе мардум бадхоҳону муғризон хостанд ба истиқлолияти миллат латма зананд ва нагзоранд, ки дар арсаи байналмилалӣ соҳиби «ман»-и хеш бошад ва боз мисли ҳазор соли пеш бо илму маърифати худ оламгиру оламшумул гардад.
Сарфи назар аз ҳама оташафрӯзиҳои дасти сеюм, тоҷик бо асолати таърихии худ ва бо саъю талоши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанг хотима бахшида, ба ҳам омад ва баҳри шукуфоии сарзамини худ камар баст.
Воқеан, даст ёфтани миллати тоҷик ба ин дастовард, пеш аз ҳама, ба саъю талоши Пешвои миллат тааллуқ дорад, зеро маҳз аз худгузаштанҳову ҷоннисориҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки гурӯҳҳои даргир дар муддати кӯтоҳ паси мизи гуфтушунид нишастанд ва сухан аз сулҳу ваҳдат гуфтанд.
Дарвоқеъ, Истиқлолияти давлатиро метавон мадюни ваҳдати миллӣ шуморид, зеро агар ваҳдат намебуд, имрӯз миллат ба ҷое намерасид ва шояд дар сафҳаҳои тазкираҳову таърихномаҳо аз он ёд мешуду бас. Таъйиди ин гуфтаҳо аҳволи зори давлатҳову миллатҳоест, ки бо доштани таърих ва ҳамдину ҳамзабон будани афроди миллат, вале набудани ваҳдати милливу ҳамдилӣ дар байнашон имрӯз даргири чунон ҷангидану харобкориҳоеанд, ки рӯ ба нестӣ овардаанду бими парокандашавию азнавтақсимнамоии кишварашон таҳдид мекунад. Ба ин хотир, ваҳдати миллиро метавон бо боварии том эҳёи дубораи миллат ва таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ номид. Ба таъбири Пешвои миллат: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид».
Оре, ваҳдати миллӣ дар замоне, ки ҷаҳон ҳар лаҳза ба дигаргуниву таҳаввулот рӯ ба рӯ мешавад, дар олам, хусусан, дар кишварҳои осебпазир, аз мубрамтарин ва печидатарин масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад, зеро бақову рушд ва дар сафҳаи таърих мондагор шудани миллату давлат марбут ба ин падида мебошад. Ба таъкиди коршиносон, маҳз бо ваҳдат метавон кишварро аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсӣ ва ғайра рушд бахшид, зеро дар партави он тамоми афроди ҷомеа аз як гиребон сар бароварда, барои пешравию тараққии сарзамини худ камари ҳиммат мебанданд. Ҷомеаи миллӣ бо ваҳдати миллӣ ҷомеаест, ки тамоми афроди он, сарфи назар аз тааллуқоти қавмию забонӣ ва мазҳабӣ, худро узви комилҳуқуқу баробарҳуқуқи он ҳисоб намуда, барои тараққиву рушди он вафодорона саъю талош менамоянд.
Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин дастовардҳоест, ки эҳёи арзишҳои миллиро таъмин намуда, барои бақои ин миллат ва муаррифӣ намудани он дар сатҳи байналмилалӣ сабаб шудааст. Маҳз баракати ин ду дастоварди миллист, ки имрӯз дар ҳар риштае метавон таҳқиқ намуду сухан аз илму маърифат гуфт. Дар партави ин ду дастоварди бузург миллат муддати кӯтоҳе ба комёбиҳо ноил шуд ва парчами худро дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон партавафшон намуд. Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои миллат шароит фароҳам овард, ки «тақдири хешро ба дасти хеш бинависад», соҳиби Конститутсия бошад ва тамоми саъю талошро дар роҳи рушду нумӯи сарзамини офтобӣ сарф намояд. Хато намешавад, агар гӯем, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих маҳз пас аз даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ ба соҳибистиқлолии комил даст ёфт ва парчамбардори номи хеш гардид. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодату бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар кадом шахси соҳибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон — Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад».
Дарвоқеъ, ваҳдати миллӣ боис шуд, то миллати тоҷик соҳиби истиқлолият ва давлатдорӣ гардад, ки назирашро дар таърихи чандинҳазорсола шоҳид нашуда буд, зеро имрӯз назар ба ҳар вақти дигар миллат метавонад бо гузаштаи худ ифтихор намояд, арзишҳои таърихии худро эҳё созад ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби ҷойгоҳи вижаву ташаббускори бузургтарин ибтикороти байналмилалӣ бошад.
Пас аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои миллат, ба илму маориф афзуда, барои таълиму омӯзиш ва таҳқиқу пажӯҳиш тамоми шароит фароҳам шуд. Барои таъйиди ин гуфтаҳо метавон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ёд намуд, ки бевосита дар замони Истиқлолияти давлатӣ, ба вижа баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, дар самти таълиму тарбияи парчамбардорони миллат ва муаррифӣ намудани илму маорифи кишвар ба ҷаҳониён ба бузургтарин дастовардҳо ноил гардидааст.
Абдусалом МИРАЛИЕВ, муовини якум, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим, профессор