Шарқшиноси фаронсавӣ Франсис Ришард тамоми умр дастхатҳои нодири донишмандони тоҷику форсро, ки сарчашмаи муҳими илмӣ ба ҳисоб мераванду ҳоло дар Аврупо нигоҳдорӣ мешаванд, мавриди омӯзиш қарор додааст. Номбурда узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, мураттаб ба кишвари мо меояд. Чанде пеш меҳмони Тоҷикистон буд. Дастхатҳои мазкур чӣ гуна ба Аврупо роҳ ёфтанд ва дар рушди илми ҷаҳонӣ чӣ нақш гузоштанд? Чаро донишмандони Аврупо ба дастхатҳои ниёгони мо таваҷҷуҳи махсус доранд? Ба хотири дарёфти посух ба ин ва суолҳои дигари марбут ба мавзӯъ хабарнигори рӯзнома Фарзона Файзалӣ бо ӯ суҳбат намуд.
- Ба мероси мардуми Осиёи Миёна аз кай ошноӣ пайдо намудед ва чӣ боис гардид, ки ба таҳқиқи дастхатҳои донишмандони ин сарзамин пардозед?
- Китобхонаҳои пешрафтаи Аврупо III — IV қарн пеш саъй мекарданд дастхатҳои илмӣ, таърихӣ, адабӣ, аз ҷумла мероси хаттии кишварҳои шарқро ҷамъоварӣ ва ҳифз намоянд. Баъзе дастхат ва ҳунарҳои шарқӣ дар Фаронса низ мавҷуданд, ки ман овони ҷавонӣ дар бораашон медонистам. Он замон ба миниатюра, ки аслан дар китобҳо-дастхатҳои қадимии донишмандони Шарқ истифода мешуд, робита доштам. Шавқи омӯзиши ин ҳунар маро ба Институти миллии омӯзиши маданият ва забонҳои шарқии INALCO — и шаҳри Париж (INALCO соли 1669 бунёд ёфта, аз маъруфтарин ва қадимтарин марказҳои илмии Фаронса ба ҳисоб меравад) овард. Ҳангоми таҳсил дар хусуси мероси хаттии донишмандони Осиёи Миёна ва аҳамияти он дар рушди тамаддуни башарият маълумоти фаровон гирифтам. Барои баҳраманд шудан аз онҳо лозим буд, ки забони дастхатҳоро омӯзам. Ҳамин тавр, замони донишҷӯӣ забони форсӣ ва каме арабиро омӯхтам.
Дар аввалин дарс устодамон Жилбер Лозор гуфт, ки беҳтарин намунаи забони форсӣ дар Тоҷикистон истифода мешавад. Ин ҷумла дар хотираи ман ҳанӯз зинда аст. Аз он замон саъй мекардам ба Тоҷикистон сафар кунам.
Баъд аз хатми институт бисту нуҳ сол дар Китобхонаи миллии Фаронса масъулияти феҳристнависии дастхатҳои тоҷикӣ-форсиро ба зимма доштам. Ин муддат чандин ҷилд феҳристи дастнависҳоро мураттаб намудам. Баъдан, аввалин раиси бахши ҳунари исломии Осорхонаи Лувр дар Фаронса будам. То бознишаста шудан, дар Китобхонаи забонҳои шарқӣ кор кардам. Манзурам ин аст, ки тамоми умри ман сарфи омӯзиш ва таҳқиқи дастхатҳо ва ҳунарҳои Шарқ шудааст.
- Чаро аврупоиҳо ба мероси хаттии мардуми Шарқ таваҷҷуҳ доранд?
- Дар ин самт ду фарзия вуҷуд дорад. Фарзияи аввал ин аст, ки дар Аврупо мехостанд таърихи ҷаҳонии муфассал (албатта, ин хеле васеъ ва ғайриимкон аст) тартиб диҳанд. Фарзияи дигар ин барои пешбурди корҳои илмӣ мебошад. Умуман, баъд аз давраи эҳё аврупоиҳо мехостанд тамаддуни гуногунро шиносанд. Аз ин миён тамаддуни тоҷику форс барояшон муҳим буд.
- Дар замоне ки воситаи паҳн кардани иттилоъ вуҷуд надошт, чӣ гуна аврупоиҳо тавонистаанд аз навгониҳои илми Шарқ огоҳ шаванд?
- Таърих гувоҳ аст, ки миёни Осиёи Миёна ва Ғарб дар гузаштаи дур ҳам робитаи илмӣ вуҷуд доштааст. Баъзе аз донишмандон, чун Носири Хусрав, сафар менамуданд, мулоқот мекарданд, китоб мебурданд ё китоб оварда, ҳамин тавр, аз навгониҳои олами илм огоҳ мешуданд.
Сониян, Тоҷикистон дар гузашта бо Ҳиндустон равобити хуби тиҷоратӣ дошт ва мардуми Ҳинд илму пешрафти ин сарзаминро медонистанд. Вақте англисҳо Ҳиндустонро соҳиб шуданд, аз ин роҳ бо тамаддуни тоҷикон ошно гардиданд. Омадурафт баъдтар, ҳангоме, ки роҳи оҳани Самарқанду Бухоро сохта шуд, вусъат ёфт. Маҳз дар он замон дастхатҳои нодир ба Аврупо интиқол ёфтааст.
Дар Аврупо қарни XV донишгоҳҳо пайдо шуда, минбаъд рушд кард. Каме баъдтар Гутнберг дастгоҳи чопӣ ихтироъ намуд, ки дар заминаи ба чоп кардани китоб оғоз карданд. Он замон беҳтарин матн ва муҳимтарин дастхатҳои илмӣ ҷамъоварӣ тарҷума ва чоп гардиданд. Онҳое, ки хатти арабӣ ва форсиро намедонистанд, баъд аз тарҷума ва чопи китобҳо ба илм дастрасии бештар пайдо карданд. Мутаассифона, дастгоҳи чопӣ он ҷо хеле дер расид. Мардум аз дастнависҳои ноқис истифода мекарданд. Ба ин иллат соҳибони аслиашон аз онҳо ба таври зарурӣ истифода бурда натавонистанд. Ин муддат мо дар Аврупо маълумоти муҳимтарини илмӣ, масалан нуҷумӣ, ҷамъоварӣ намудем, ки барои пешрафти илми Аврупо ногузир буд.
- Маълум мегардад, ки ғояҳои асосии назариявию амалӣ нахуст дар Шарқ заминагузорӣ шудааст…
- Бале. Агар ба қоруни вусто нигарем, возеҳ мегардад, ки он ҷо илму фарҳанг равнақ доштааст. Баъдтар он бо сабабҳои гуногун пароканда мешавад. Масалан, бо сабаби ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна як гурӯҳ донишмандон аз Осиё Миёна берун рафтанд. Он муддат баъзе китобҳо оташ ё ғорат шуда, нопадид гаштанд. Аз ҷумла, дастнависҳо ҳам. Он замон ҳар чӣ донишмандон анҷом медоданд, дар дастхатҳо сабт мешуд. Пароканда шудани дастхатҳо ин маънии пароканда шудани илмро дошт. Ҳоло нусхаҳои зиёди хубу нафис берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар китобхонаҳои Истанбул, Қоҳира, Эрон, Ҳиндустон нигоҳдорӣ мешаванд. Дар тӯли таърих хеле аз ин дастнависҳо ба Аврупо интиқол ёфт. Дар Аврупо барои омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи онҳо садсолаҳо пеш марказҳои махсуси илмӣ ва тарҷумонӣ таъсис доданд.
- Имрӯз дар Аврупо кадом дастхатҳои нодири ниёкони мо маҳфузанд?
- Як нусхаи нафис ва бисёр ҷолиб дар бораи растаниҳои шифобахш асари Диоскорид (Диоскорид аз донишмандони Рими қадим буда, дар олами илм ба ҳайси падари ботаника ва аз асосгузорони фармакология шинохтаву эътироф шудааст) мебошад. Китоб ба забони юнонӣ эҷод шуда, аммо тарҷумашуда ба арабӣ ва баъдан ба тоҷикӣ аст. Ба қарни X тааллуқ дошта, дар Ҳолланд нигоҳдорӣ мешавад. Чопи Самарқанд будани он собит месозад, ки он замон илми тиб дар ин ҳудуд равнақ доштааст ва уламои давр китоби мазкурро тарҷума намуда, ҳамчун манбаъ истифода мекарданд.
Умуман, дар Аврупо дастхатҳо вобаста ба тиб, ки моли донишмандони Шарқ мебошанд, хеле зиёданд. Масалан, дар шаҳри Париж чандин дастнависҳои қадимиро метавон вохӯрд, ки дузабонианд. Як қисмашон ба забони арабӣ, қисми дигар ба забони тоҷикӣ — форсӣ мебошанд.
Яке аз аввалин дастнависҳои Камоли Хуҷандӣ, алъон дар Олмон маҳфуз мебошад. Маълум шуда, ки он ҳанӯз дар замони зиндагии муаллиф ба Олмон интиқол ёфтааст. Таълифоти Закариёи Розӣ ва нусхаҳои фалсафа аз ҳаким Тирмизӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Синоро низ метавон пайдо кард. Дар ибтидо ин нусхаҳо пароканда будаанд, аммо онҳоро мукаммал намудаанд.
Замони кор дар Китобхонаи миллии Фаронса аз миёни нусхаҳои хаттии Осиёи Миёна дастхатҳоеро вомехӯрдам, ки як теъдоди он аз Тоҷикистон харидорӣ шудаанд.
Дар Осиёи Миёна марказҳои илмии омӯзиши дастхатҳо вуҷуд доранд, аммо ҳанӯз хеле аз ин мерос таҳқиқ нашудааст. Мардум бояд, ки мувозиб бошанд, то мероси қадим аз байн наравад. Аҳамияти он мерос бахусус барои ҷавонон хеле бузург аст. Ҳифз кардан, таҳқиқ ва таблиғи он вазифаи имрӯзиён аст.