Баъди суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ва директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон», ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир шуд, гузоришҳои иштирокчиён манзури аҳли нишаст гардид.
- Агар аз диди шаффофияту нафосат, суфтагию содагии забон, хоса риояи дурусти имло, услубу бандубасти забонӣ ба таълиму тарғиби забони давлатӣ назар андозем, солҳои қабл солҳои «тиллоӣ»-и забони тоҷикӣ маҳсуб мегардад, гарчанде он замон чунин як ниҳоди бонуфуз – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз аз меъёрҳои забони адабии тоҷик дифоъ мекунад, мавҷуд набуд. Вазъи забони адабии тоҷик забоншиносонро нигарон кардааст. Дар роҳи рушду инкишофи забони тоҷикӣ рахна пайдо шудааст, ки ба таълиму тарбияи донишҷӯён низ бетаъсир намондааст. Интишори Қонуни забон дар ҷумҳурӣ бояд заволи ҳама гуна иштибоҳу зиёдаравӣ дар риояи имло бошад, то ба маънои луғавии калимаҳо маънои дигар бор нагардад, — таъкид намуд Шаҳбоз Кабиров – профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки мавриди ҷонибдории аҳли ҳамоиш гардид. Чунин андешаҳо ва масъалагузориҳои ҷиддӣ боиси қабули як тавсияномаи мураттаб иборат аз нуҳ банд дар ин конференсия шуд.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки дар ҷумҳурӣ қариб ягон нашрия ё интишорот дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолият намекунад. Дар натиҷа, навиштаҳое ба нашр мерасанд, ки дар онҳо аксаран риоя накардани муқаррароти Қонуни забон мушоҳида мешавад.
- Масалан, дар китоби «Ҳуқуқи замини Тоҷикистон» (муаллифонаш устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон), ибораҳои «Шоҳроҳи Бузурги абрешим», «ошхонаи миллӣ» ва шиори услубан хатои «Мо як Ватан, як замин ва як забон дорем, ки онро ном Тоҷикистон аст», роҳ ёфтаанд, ки «маҳсули заҳмати зеҳнии» бархе аз забондонҳост. Ба иллати риоя накардану надонистани меъёрҳои адабии забони тоҷикӣ ин ибораҳо ислоҳи худро наёфтаанд. Ҳуқуқи замин (ишора ба номи китоб аст), яъне чӣ?! Оё замин ҳуқуқ дорад? Ё худ, ошхона миллӣ мешавад ё хӯрок? Тарзи дурусташ «Ошхонаи хӯрокҳои миллӣ» мебошад.
Чунин хатою иштибоҳҳо аз тарафи ашхосе, ки меъёрҳои забонро риоя намекунанд, ба он оварда расонидааст, ки ибораҳо маънои луғавии худро гум карда, муносибати маъноию мантиқиашонро аз даст медиҳанд.
Дар маҷмӯъ, аҳли нишаст амалӣ намудани як қатор чорабиниҳоро, ба амсоли зиёд кардани соатҳои таълимии забони модарӣ, ба роҳ мондани имтиҳоноти хаттӣ чун методи беҳтарини анъанавӣ, бо назардошти ниёзи соҳибзабонон бознашри «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (нашри аввал – Москва, 1969), назорати номгузорӣ, матни шиору овезаҳо ва зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти муассисаҳои ноширии хусусиро тавсия намуданд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»