Чила. Азёдҳо аз ёдҳо

№151-152 (4891-4892) 20.12.2024

ЯлдоАз овони кӯдакию наврасӣ хотираҳои фаровон дорам. Бештар дар ёдам номи Чила мондааст, зеро Ялдоро намедонистам ё ба забон намеоварданд. Бо сабабе ки таътили зимистона наздик меомад, Чила фаромӯшам нашудааст. Ва низ борҳо аз солхӯрдагони деҳ аз боби Чила мешунидам. Хеле чизҳое буд, ки ному унвони маҳалу мавзеъ Чиларо дар хотираам устувор мекард, мисли: Чилахон, Чилчанор, Чилманор, Чилсутун, Чилучорчашма, чилчароғ, чилтан, чилҳунар, чилҳуҷра, чилагӣ, чилтов, чилбанд, чилдурӯғ, чилашин, чилёсин ва ғайра.

Хеле зиёд аз ман мепурсанд, ки дар навиштаҳоям чаро истинод ба пирону мӯйсафедони деҳа мекунам? Он замон телевизиону радио вуҷуд надошт, ягона маркази ахборӣ ва мояи донишҳои мо китоб буду суханони онҳо. Ҳатто аз китобҳои он овон, ки ба таълимоте вобастагӣ доштанд, ҳарфҳои сода ва фаҳмояшон ба мо наздиктар менамуданд. Ончуноне борҳо ёд меорам, бибиам Аноргул ҳисобро дар деҳоти атроф аз ҳама хубтар медонист. Донишу мушоҳидаҳояш ба модарам гузашта буданд. Пеш аз шаби Чила омодагиҳои ҷиддӣ мушоҳида мешуд. Амакҳоям, хоса амаки Теша, такудав мекард. Ҳезуми зардолуву чормағз ва тут захира менамуд. Аз хонаи амаи Хадича себу анор, аз каҳдони бобои Аҳрор тарбузу харбуза, аз захираҳои худашон санҷид, чормағз, писта, қоқи қандак (тилимҳои харбузаи хушк), анҷир, тут, челон, мавиз, зардолуқоқ, талқон, хулоса анвои меваҳои хушку тарро ҷамъ меовард, ки манбаи шодии мо мегардид. Гандумбирён бо нахӯду кунҷид шодиро афзунтар мегардонд, зеро мо низ бенасиб намемондем. Дар тоқиҳо аз онҳо мегирифтем ва мерафтем барои чиликдангалу дигар бозиҳо. Дар деҳот ҳаёт ҷӯш мезад. Амакҳоям Теша ва Юсуф захираи қуруту равғани зардро бештар назорат мекарданд. Хоса амаки Теша, ки бештар меҳмондор буд. Дӯстони човандозаш он шаб гирди ҳам меомаданду достони «Гӯрғулӣ» мешуниданд. Баъзан бо оғози мавсими бузкашӣ се чор рӯз мемонданд. Занҳо «лаб зери дандон», дар хидмати меҳмонон мешуданд. Он рӯзу шаб­ҳо аловхона ё нонхона «бозори гардон»-ро мемонд. Момаи Гулбаргу Одинамоҳ, холаи Басгулу Момаҷон, апаи Зумраду Қумрӣ хамиру фатир мехелиданду нони чапотӣ, кулча, фатирхамир рост мекарданду дар чагдон мебастанд.

Дар миён мехоҳам аз падидаи шодиафзое ёд биёрам. Ҳазор сол аст, ки дар анвои нони гирдаву чапотӣ, ки Сӯзании шоир дар осораш сутуда:

Ғуломи кунҷиду кокиву қабаҳои тунук,

Роҳии чеҳраҳои чапотиву лабҳои гирда…

тағйиротеро дучор намеоем. Ва аз нонҳои хурду бузурге, мисли кулча (кулича) ва гирдай калон, ки дар осори Рӯдакӣ ва Низомӣ дучор меоем. Ба вижа дар ашъори устод Рӯдакӣ:

Нони кашкиннат раво нест низ,

Нони самуд хоҳию гирдай калон.

Аз ҳамон овон болои кулчаву нонҳоро кунҷид мезаданд ва то кунун анъана идома дорад. Чуноне аз Ҳаким Низомӣ далел дорем:

Ҳамон қурсаи шаккаромехта,

Чу кунҷид бар он гирдаҳо рехта.

Баробари пухтани нонҳои гуногунандоза шӯрбову гӯштбирён аз гӯшти гӯсфанд ва барои субҳона маҳсулоти қурутовро омода менамуданд. Аз бӯи калаву почаи сӯхта, ки дар дегдончаҳои берун сурат мегирифт, димоғҳо ба дод меомад. Тамоми шаб каллапоча меҷӯшиду далдаву кашк. Субҳи Чила тарҳавло, кочӣ, тухмбашир, ширруған, ширкаду, ширбиринҷ, нашоистаро хӯрдан савоб медонистанд.

Аз рӯйи тахмини банда ва тибқи осораш ба рӯзи Чила Мавлавии Балхӣ бештар эътиқотманд буд. Мегӯянд, ки дар оғози Чила, рӯзи ҳабдаҳум ба ҳаждаҳуми декабри соли 1273 дунёро тарк намудааст. Эҳтиромаш ба анъана ва маросими зодгоҳаш буд, ки аз онҳо борҳо ёд кардааст:

Кочӣ созӣ, ки рӯз барф асту ваҳал,

Донӣ, ки зи баҳри чист ин расму амал?

Яъне, ки ба сурат ар наму тар ширест,

Ин дар маънӣ наботу кочисту асал.

Модарам мегуфт, ки шаби аз ҳама дарозтарин шаби Чила аст. Дар дилам ҳарос пайдо мешуд, ки гӯё дигар рӯз намешавад. Дилам сиёҳ мешуд. Аммо такудаву омодагӣ, пухтани нонҳои чапотиву фатири кӯраку сангакӣ умедворам мекарданд, ки ҳамааш хуб мешавад. Гӯсфанд мекуштанд, гӯшти бузро дар зимистон касе намехӯрд. Амаки Теша мегуфт, ки буз рӯда дораду равған. Аз рӯдааш зеҳи дутор месохту равғанашро ба мӯзаҳояш мемолид, ки об накашанд.

Меҳмонон дар ҳуҷраи калон менишастанду дар хонаҳои муқаррарӣ барои ба гап гирифтани мо бибиам Аноргул ва бибии Тоҷинисо афсона мегуфтанд. Фасонагӯён бачаҳоро метарсонданд, ки дар ин шаб аҷинаву албастӣ гирди хонаҳо мегарданд. Ӯро мешунидему пахта мекунҷидем. Яъне, нахро аз чигит тоза мекардем. Аз ҳуҷраи шафат садои суҳбати мардон ба гӯш мерасиду садои гӯрғулихон. Гоҳе падарам маро наздаш мешинонд. Аз сурудхонии ҳофиз чизе намефаҳмидам. Ҳайрону шефта гӯш андохтани меҳмонон маро ба тааҷҷуб меовард. Аҷаб рӯзу шабҳои хуше буданд бароям.

Аз модарам мепурсидам, ки онҳо солҳои ҷанг дар шаби Чила чӣ кор мекарданд? Посух медод, ки бо сабаби қаҳтӣ ва вазнинии рӯзгор гандумҷӯш мепухтанд ва меваҳои хушку тар дар дастархон мениҳоданд. Ба ҷойи чой аз пӯстлохи анор ва ҷойкаҳаку кокутӣ истифода менамуданд. Тарбузу анору чилону санҷид ҳатмӣ буд. Вобаста ба гардиши чархи фалак, ки рӯзҳо ба дарозӣ мекашиданд, аз ин баъд хӯрдани мосту чакка ва анвои дигар, ки миҷозашон сард аст, мумкин буд. Аз пушт гармӣ меояд ва ба инсон зиён надорад. Миҷози онҳо гарм мешавад.

Воқеан, ҷашнҳо ва рӯзҳои хосаи аз падарон вомонда на танҳо барои шодиву нишоту ҳамдастӣ ва гирди ҳам омадан, балки андарз ва маҷмӯи донишҳо буданд, ки ба тадриҷ сабзиши дубора меёбанд.

Ҷ. АСРОРИЁН,

номзади илмҳои таърих