Чоршанбесурӣ

№36 (4776) 20.03.2024

Оине, ки нишонаҳои он миёни тоҷикон боқист

aaaaДар охирин рӯзи чоршанбеи соли хуршедӣ, пеш аз Наврӯз, мардуми ориёитабор маросиме доштанд, ки онро Чоршанбесурӣ меномиданд. Тибқи мушоҳидаҳои пажӯҳишгарон, то охири асри XIX ва аввали асри XX ин оин дар тамоми манотиқи тоҷикнишини Мовароуннаҳр роиҷ буд. Онро бо оинҳои моҳи сафар омезиш медоданд ва марбут ба ин моҳ медонистанд.

Дар чоршанбеи охири моҳи сафар дар минтақаҳои Дарвоз, Қаротегин, Ёхсу бегоҳӣ, пас аз ғуруби офтоб, гулхани оташро фурӯзон намуда, се бор аз болои он мепариданд, ки онро мардум «чоршанбеи охири сол» ва ё «алавпарак» низ меномиданд. Бовар доштанд, ки ба ин васила аз беморӣ, нодорӣ, бадбахтӣ ва гуноҳи соли пешин худро пок месозанд. Дар асри XIX ва аввали асри XX ин маросимро тоҷикони Бухоро «чоршанбеи суннӣ», дар баъзе ноҳияҳо «чоршанбесурӣ», тоҷикони Косон «чоршанбесурак» меномидаанд.

Солҳои 1920 — 1950 дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бегоҳии чоршанбеи охири сол дар майдону кӯчаҳо оташ фурӯзон намуда, пиру ҷавон аз болои он се бор мепариданд. Баробари ҷаҳидан мегуфтанд: «Зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман». Дар баъзе ҷойҳо ин суханро ин тарз ёдовар мешуданд: «ранҷурию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман».

Дар Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, Яғноб, Бухоро, Самарқанд, Бадахшон ва аксари ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳоло ҳам дар арафаи Чоршанбесурӣ хонаро тамиз кардан, гирди оташдонро тоза намудан, оташ афрӯхтан, ҳазориспанд дуд кардан, гирди сар намак гардондан, гиреҳ кушодан, кӯза шикастан, чойнику пиёлаи осебдидаро дур андохтан, оташбозӣ ва амсоли ин ба назар мерасад. Бештари ин маросим барои он сурат мегиранд, ки инсон аз зиёну заҳмат, номуродиҳои гузашта эмин бошад ва Наврӯзро бо хушӣ истиқбол намуда, дар соли нав тандурусту солим зиндагӣ кунад. Яке аз суннатҳои аз қадим байни духтарони Бухорову Самарқанд ва баъзе маҳалҳои тоҷикнишин боқимонда «Бахткушоён» мебошад. Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» зимни тасвири «Сайри Файзобод» ва «Иди Нав­рӯз ва сайри Ширбадан» аз маросими ҷашни Наврӯз ёдовар шудааст. Бархе аз онҳо оинҳое мебошанд, ки марбути Чоршанбесурӣ буда, ҳоло бо ин ном ифода намешаванд.

Дар ноҳияи Сухи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабл аз Наврӯз ба ҳолати оташдон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро бо гили сафед тармим мекунанд. Ҳамрадиф бо хонатаконӣ зарфҳоро шуста, ба тоқҳо мечинанд. Баъдан, ҳазориспандро, ки онҳо «исириқ» мегӯянд, дуд карда, ба чаҳор гӯшаи хона равон месозанд ва ин мисраъҳоро такрор мекунанд:

Исириқро дуд кун,

Балоҳоро дур кун.

Инсу ҷинни бади хеш,

Сӯзад дар оташи тез.

Рӯзи чоршанбеи охири қабл аз Наврӯз мардон мӯй метарошанд, духтарон ва дӯшизагон мӯйи худро майдабофӣ (чил адад) мекунанд. Шомгоҳони он рӯз паридан аз болои оташ дар тамоми Сух расм аст. Дар деҳоти «Тул», «Қалъача» ва «Ғазновӣ» амали мазкурро Чоршанбесурӣ меноманд. Мардуми Сух, ҳамзамон, се оташ меафрӯзанд ва бо гуфтани ин суханон аз рӯйи оташ мепаранд: «Рӯйи пок аз туву домани пок аз мо, зиёну заҳматамоя афшондему сӯзондем». Ба даври гулхан ҷамъ омада, каф бар ҷониби оташ нигаронида ба рӯй мекашанду мегӯянд: «Ба рӯйи муборакат гардам, зардиямро гиру сурхиятро бите!». Ҳамин маросимро бо андаке тағйирот дар байни тоҷикони ноҳияи Шаҳрисабз низ метавон дид.

Дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум бегоҳии рӯзи чоршанбе ба тозаву пок кардани хонаҳо ва асбобу анҷоми рӯзгор оғоз мекарданд. Марди хонавода барои таъмири дару девори хона аз ҷойи махсус хок меовард, ки ҳангоми овардани он касе ӯро набояд бинад. Ӯ ин корро замоне мекард, ки пардаи торики шом атрофро фаро мегирифт ва ё субҳи барвақт мебуд. Дар баъзе ҷойҳо инро «ситдуздӣ» (хокдуздӣ) мегӯянд. Аз ин гил лойи мулоим тайёр намуда, деворҳои аз дуд сиёҳгаштаи хонаҳоро андова мекарданд. Баъд аз таъмир кадбону бо мадади фарзандони болиғ бо гарди орд рӯйи девор, сутун, бархе аз тирчӯбҳои хонаро бо ҳар гуна нақшу нигор, ба мисли Офтоб, Моҳ, ситораҳо, пайи пойи гӯсфанд ва ғайра оро медод. Ҳангоми покиза кардани хона ва муҷаҳҳаз кардани он ба хонаву ҳавлӣ даромадани шахсони бегона, ҳатто хешу табор низ манъ мешуд.

Мо ҳоло баъзе оини марбут ба Чоршанбесуриро миёни мардуми кишварамон мушоҳида менамоем. Махсусан аз болои оташ паридан рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар ноҳияву шаҳрҳо ва «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе иҷро мешавад.

Таҳияи Гулчеҳра САЙФИДДИНОВА,

устоди ДМТ