Расо бист сол муқаддам – якуми августи соли 1995 силоҳбадастони сиёҳпӯшу сиёҳдил бо дастуру супориши аз худ сиёҳдилтаре роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Айнулло Неъматовро дар рӯзи равшан дар назди манзилаш ба қатл расониданд.
Баъзан вомехӯранд нафароне, ки Худованд барояшон умри дарозро арзонӣ надоштааст, вале онҳо тавонистаанд бо амалҳои анҷомдодаашон аз худ хотираи нек ба ёдгор гузоранд. Зиндаёд Айнулло Неъматов аз зумраи чунин инсонҳои шоиста буд. Ӯ ҳамагӣ 44 сол умр дид, вале дар тӯли зиндагии кӯтоҳ ба мардум, ба Ватани маҳбуб содиқонаю ҷавонмардона хидмат намуд.
Баъд аз он ки бо саъю талоши ҷонфидоёнаи мардуми ватанхоҳ кишвари азизамон аз вартаи ҳалокат раҳо ёфт ва ҳукумати қонунӣ барқарор гардид, дар назди роҳбарияти давлати тозабунёди мо адои вазифаи боз ҳам ҷиддитару муҳим, яъне ҳифз намудану пойдор нигоҳ доштани истиқлолияти миллӣ меистод, ки фидокорию ҷоннисории бемислро тақозо мекард.
Дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсози кишвару миллат ба Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷик Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки дар атрофи худ шахсиятҳоеро муттаҳид намояд, ки онҳо, аз як ҷониб, таҷрибаи кофии фаъолият дар мақомоти гуногун ва аз ҷониби дигар, муҳаббату садоқат ба Ватану халқи худ дошта бошанд.
Айнулло Неъматов аз ҷумлаи шахсоне буд, ки маҳз ба ҳамин мақсад ба марказ даъват шуд. Роҳбари давлат ӯро ба вазифаи Мудири корҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд. Айнулло Неъматов дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият боварии Роҳбари давлат – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо заҳмати шабонарӯзиаш сазовор гардид.
Ӯ баъди узви Раёсат ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш низ вазифаашро бо камоли масъулият адо менамуд. Вале муҳаббати бепоёне, ки нисбат ба миллату Ватан, садоқати беандозае, ки нисбат ба Сарвари давлат дошт, душманони даврро безобита менамуд ва сабаби куштори бераҳмонаи ӯ низ маҳз ҳамин ҷоннисорию фидокориаш гашт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки пос доштани хотираи гузаштагон ва гиромидошти онҳо қарзу вазифаи ҳар яки мост.
Вобаста ба ин ҳидоят ба қалам додани баъзе хотираҳоро дар бораи ин инсони нексиришт, ки ҳам кору пайкор ва ҳам зиндагию рӯзгораш барои дигарон ибратомӯз буд, вазифаи инсонии хеш меҳисобам.
Ибтидо хотираҳои бародари дилсӯзаш Кароматулло Неъматовро доир ба ин фоҷиаи мудҳиш рӯи варақ меорем:
- Якуми августи соли 1995 тири қотили номарде риштаи ҳаёти бародарамро барканд ва ӯро дар айни камолоташ ҷавонмарг сохт.
Дар ҷанозааш мардуми зиёде гирд омада буд. Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, вазирону дигар роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои ноҳиявӣ, шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар маросими мотам бо суханони нек хотираашро арҷгузорӣ намуданд.
Ману хоҳарам Маликамоҳ бори гарони ин фоҷиаро бардошта тавонистем, вале модарамон, ки баъди фавти шавҳар ба ҷавониашон нигоҳ накарда, умри азизашонро дар роҳи камолоти мо сарф карданду нагузоштанд азоби бепадариро бикашем, дар фироқи фарзанд сӯхтанду бо нолаи «бачамой» тарки олами бевафо намуданд.
Чанде нагузашта завҷааш Хосиятбону низ бори фироқи ҳамсари маҳбубашро бардошта натавониста, бо ҷигарбандҳояш падруд гуфт. Чун модар ҳам даргузашт, тарбияи фарзандони ноболиғро духтари калонӣ – Сайёра ба уҳда гирифт. Дӯстони содиқи бародарам бошанд, нагузоштанд, ки онҳо хориро бубинанд. То ин дам ду духтарашро хонадор кардем. Ташвишу тараддуди ҳама чорабинию маъракаҳои оилавиро бевосита бародари гиромиқадрамон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҳамсари меҳрубонашон апаи Рӯзигул бар дӯш гирифта буданд.
Бист сол пеш бародарам оламро тарк гуфта бошад ҳам, ғамхории падаронаи Сарвари давлатамонро ҳоло ҳам эҳсос мекунем. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2001 № 620 Айнулло Неъматов бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II мукофотонида шуд.
Ва инак хотираҳои духтари калонӣ — Сайёрабону, ки аз қалби пурэҳсоси ин ҷигарбанди шодравон садо медиҳанд:
- Мо се хоҳарон аз меҳру навозишҳои падарамон ҳеҷ сер нашуда будем. Падари меҳрубонамон низ аз дидори мо серӣ надоштанд. Он кас, ки худ аз меҳри падар барвақт бенасиб гашта буданд, мехостанд ин ҳама бетараҳҳумии зиндагиро бо роҳи меҳрубонию муҳаббати беандозаашон нисбат ба фарзандон ҷуброн кунанд. Вале сад афсӯс, ки қисмат беадолатии худро дар сарнавишти мо низ такрор кард.
Баъд аз он рӯзи наҳсе, ки ҷасади сарду ба хун оғӯштаи падарамро ба хона оварданд, мо — хоҳарон ҳамарӯза ин шеъри пурсӯзу гудозро такрор мекунем:
Падарамро куштанд,
Падари оқилу соҳибназарамро куштанд,
Дилу ҷону ҷигарам сӯхт тамом,
Дилу ҷону ҷигарамро куштанд.
Тири ноҳақ, ки аду барҷигари ӯ зада буд,
Мехӯрад ҳар нафасе бар ҷигарам.
Ҷавҳари маънии дунё, падарам,
Падарам, во падарам, во падарам…
Ҳамкорону ҳамсафони равоншод низ хотираҳои фаромӯшнашудании хешро пеши назар оварда, онҳоро бо некӣ ёдоварӣ менамоянд. Аз ҷумла собиқ муовини раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Қиматгул Рустамова давраҳои вазнини ҳамкориашро бо Айнулло Неъматов ба таври зайл иброз намуд:
- Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бар асари бесарусомониҳо Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилоят дар вазъияти ногуворе қарор гирифт. Раиси комиҷроия Қурбон Мирзоалиев бо роҳи фишор аз вазифа барканор гардид. Раиси баъдӣ — Ҷиёнхон Ризоев ва муовини якуми раис Сайфиддин Сангов қурбони дасисабозиҳои замони ҷанги дохилӣ гаштанд. Хулоса, вазифаи роҳбарии Комиҷроия ба як мансаби хатарнок табдил ёфта буд.
Мо — се нафар муовинони раиси Комиҷроияи вилоят – Маҳмадсаид Убайдуллоев, Назрулло Қармишев (равонаш шод бод!) ва банда, ки дучори вазъияти ногувор гашта будем, пайваста барои баромадан аз чунин ҳолат машварат мекардем. Гоҳо ба ягон хулосаи умумӣ меомадему гоҳи дигар машваратҳоямон бенатиҷа анҷом меёфт. Вале дар сари як масъала андешаю пешниҳоди ҳамаамон як буд: ҳар чӣ зудтар иҷлосияи вакилонро даъват ва раиси Комиҷроияро интихоб кардан зарур аст.
Чун ҳамаи мо дурандешии котиби Комиҷроия Айнулло Неъматовро медонистем, машварати навбатиамонро бо иштироки ӯ гузаронидем. Дар ҷараёни нишасти тӯлонӣ Айнулло таҳлилҳои мантиқии худро бо дарназардошти вазъияти рӯз хулоса кард:
-Дар чунин шароити мураккаб, ки вилоят дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дораду шароити мардум рӯз то рӯз танг шуда истодааст ва ҳалли ҳар як масъала иқдоми бетаъхиру бехаторо талаб мекунад, ба идора кардани вилоят касе қодир буда метавонад, ки ақлу хиради модарзод, шуҷоату матонат, донишу қобилияти хос дошта, некбину дурандеш бошад.
Баъди чунин таҳлили воқеиву хулосаи мантиқӣ мо ҳамаамон фаҳмидем, ки Айнулло Неъматов киро дар назар дорад ва гузашти вақт дуруст будани ин андешаи дурбинонаро собит намуд.
Хотираи яке аз дӯстони қарину ҳамсафи собиқи Айнулло Неъматов — Роҳбари кунунии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Расулов:
- Амри тақдирро бинед, ки пас аз нуҳ соли даргузашти Айнулло Неъматов маро ба вазифае, ки дар замони зиндагиаш бар дӯши ӯ вогузор буд, таъин намуданд. Баробари ба кор шурӯъ карданам бори сангини масъулияти шодравонро дар он шароиту муҳити носозгор амиқан эҳсос намудам.
Вале маслиҳатчиву машваратчии ман боз ҳамон ҳамкорони собиқи Айнулло Неъматов гаштанд. Ҳанӯз ҳам зимни баҳсу баррасии масъалаҳо онҳо пайваста хотирнишон менамоянд: «Айнулло Неъматов ин корро ин хел ҳал мекарданд, агар он кас мебуданд чунин муносибат менамуданд, агар он кас мебуданд…». Яъне усули кору муносибати оқилонаю фозилонаи Айнулло Неъматов баъди маргаш низ чун амали намунавӣ раҳнамои мост.
Ҳар гоҳ ки аз қадамҷойи шодравон мегузараму вориди утоқи корӣ мегардам, ба назарам мерасад, ки нақши пойи ӯ ҳанӯз ҳам дар он ҷойҳо боқист.
Дар ин рӯз, ки ёрону наздикон ва пайвандони Айнулло Неъматов хотираҳои неки зиндаёдро пеши назар меоранд, мехоҳам як лаҳзаи фаромӯшнашавандаеро рӯи коғаз биёрам.
Вақте ба тӯйи арӯсии фарзанди калонии шодравон омодагӣ дида мешуд, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша аз ҷараёни зиндагию рӯзгори аҳли хонаводаи марҳум огоҳанд, маро ба назди худ хонда, супориш доданд, ки як-ду рӯз барвақттар ҳамроҳи одамони наздики ин оила ба хонаи раҳматии Айнулло Неъматов рафта, назорат кунем, то ягон камбудӣ пайдо нашавад ва сипас таъкид карданд:
-Сайёраро аз номи ман самимона табрик намоед ва коре кунед, ки ӯ дар рӯзи тӯй бепадар буданашро ҳис накунад.
Тибқи ин дастур мо — дӯстони наздики хонадон ду рӯз пештар ба шаҳри Кӯлоб рафтем ва супоришҳои падаронаи Сарвари давлатро ба ҷо овардем.
- Мо беш аз 20 сол бо шодравон дӯстию ҳамкорӣ доштем, аҳли оилаҳоямон низ рафтуомади ҳамешагӣ доштанд, — бо некӣ ба ёд меорад собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхон Сафаров ва дар зимн ин лаҳзаҳои баёдмонданиро пеши рӯ меоварад:
- Вақте ки Умеда — духтари дуюми Айнулло Неъматов ба дунё омад, мо аз ин хурсандии оилавӣ беҳад шод шудем. Зимни табрику таҳният ба волидайни тифли навзод як пешниҳод кардам:
-Чӣ мешавад, ки ман ҳамин духтари шуморо аз ҳоло «банд» кунам? Дилам мехоҳад, ки баъди калон шуданаш ӯро келин намоям, то ки ба ин восита риштаи дӯстии шахсию оилавиамон боз ҳам мустаҳкамтар гардад.
Айнулло Неъматов аз таҳти дил хандиду ба пешниҳодам чунин посух гардонд:
-Домулло Амирхон, аҳду паймон бастану онро нашикастан кори ҳар кас нест.
-Хайр, Худо хоҳад, зиндагӣ инро исбот мекунад, - ҷавоб додам ба он кас.
…Ман бисёр мехостам, ки дар рӯзи туйи фарзандонамон суҳбати 18 сол пешамонро ба волидайни Умеда ба ёд биёраму «исботи зиндагӣ»-ро хотиррасон кунам.
Аммо сад афсӯс, ки умр ба падару модари Умеда вафо накард. Рӯзе, ки Шокиру Умеда бо либосҳои шаҳиву арӯсӣ дар пеши тахт қарор доштанд, ҷойи Айнулло ва Хосият дар тӯйхона холӣ буд. Вале имони комил дорам, ки рӯҳи покашон он ҷо ҳузур дошту баробари дигарон шодикунон ба навхонадорон дуои нек медоданд.
Ҳоло мо аз ҳосили зиндагии фарзандонамон Шокирҷону Умедаҷон ду набера дорем ва онҳо нури хонадони моянд.
Хислати наҷиби инсонии Айнулло Неъматов дар муносибатҳои шахсии ӯ зоҳир мегардид, ба ҳар касе, ки метавонист, дасти ёрӣ дароз менамуд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ онро миннат намекард.
Ҳангоми муносибат ва дастгирии дигарон маҳал, мансабу мақом ва мавқеи хешу табориро аслан ба инобат намегирифт, баръакси баъзеҳо фоидаю зарарашро бар тарозуи тамаъ барнамекашид. Муносибаташ софдилонаю содиқона ва холисонаю одилона буд.
Муаллифи ин сатрҳо, чунин хислатҳояшро аз рӯи муносибате, ки шахсан бо ман дошт, дарк намудаам. Ин ҷониб аз рӯи мавқеъ ва мақомам шахсе будам, ки ба дарди ӯ ҳеҷ гоҳ даво шуда наметавонистам. Аз ман ҳеҷ «бӯйи умеде» набуд, вале дар кору бор ва зиндагию рӯзгорам ин қадар ба ман кумак расонидааст, ки бародар ба бародари худ он қадар кумак намекунад. Ин буд, ки дар рӯзи вафоташ аксар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ёру дӯстон ва шиносҳо ба назди ман омада, чун ба шахси мотамдор таъзия баён мекарданд.
Хотираҳо дар бораи Айнулло Неъматови некному нексиришт интиҳо надоранд. Бо вуҷуди ин, як лаҳзаи фаромӯшнашудании дигарро махсус қайд накарда наметавонам.
Дар рӯзи тӯйи арӯсии Сайёрахон яке аз шахсиятҳои ботадбиру рӯзгордида зимни табрикоти самимонаи навхонадорон даст ба дуо бардошта, чунин фотиҳаи нек дод:
-Илоҳо, баъд аз нуҳ моҳу нуҳ рӯз дар ин оилаи ҷавон фарзанди нозанине ба дунё биёяд ва агар ӯ писар бошад, номашро Айнулло гузоранд, то ки симои сарвари хонадон аз нав зуҳур намояд…
Баъд аз як сол дар ин оила Айнуллои нав чашм ба олами ҳастӣ кушод. Зимнан, пеш аз ин Ҳамрохон Расулов набераашро Айнулло ном гузошта буд, аз паси ин ману Амирхон Сафаров ва акаи Кароматулло низ набераҳои навбатиамонро Айнулло ном гузоштем.
Сарнавишти Айнулло Неъматов ин инсони покизарӯзгору нексиришт ҳамин гуна будааст. Умри кӯтоҳ имкон надод, ки ӯ тӯйи фарзандонашро бубинад ва дар рӯзи тӯй аз пешонии фарзандонаш бибӯсад ва ба онҳо фотиҳаи падарона диҳад, вале аз паи ӯ ва ба хотири пойдории номи неки ӯ Айнуллоҳои нав ба дунё омаданду меоянд.
Чунин бошад тариқи зиндагонӣ,
Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»