Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир…

№76 (4659) 12.06.2023

Дӯстии ҷавонони миллатҳои гуногун яке аз омилҳои асосии субот ва пешрафти ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба густариши равобити ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро ба тақвияти дӯстӣ талқин менамоянд. Агар як сабаби дар хориҷи кишвар таҳсил намудани ҷавонон донишандӯзӣ бошад, омили дигар ин ошноӣ ба урфу одати кишвари мизбон ва пайдо намудани дӯс­тони нав аст.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷавонон панҷоҳ фисади аҳолиро ташкил дода, дар баробари таҳсилу кор, ҳомиёни марзу буми кишваранд.

Ҳақ бо ҷониби Фирдавсии Тӯсӣ аст, ки фармудааст:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Моро зарур аст, ки ҳамеша ваҳдату муттаҳидиро миёни ҷавонон тарғибу ташвиқ намоем, ҳидоятгари роҳи рост бошем, то ояндаи онҳо дурахшон гардад.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 200 донишгоҳу донишкада як миллион донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифтаанд, ки ба онҳо устодони ботаҷриба ва соҳибмактаб таълим медиҳанд. Яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии овозадор Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи шаҳри Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки мақоми давлатӣ дорад. Донишкадаи мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17-уми апрели соли 2021 ташкил шуда, айни ҳол ҷавонтарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Он аз чор факултет ва аз 11 кафедра иборат буда, зиёда аз 7000 донишҷӯ дорад. Донишкада аз биноҳои ҳозиразамон иборат буда, дар он барои устодон ва донишҷӯён шароити хуби таҳсил фароҳам аст. Синфхонаҳои кушоду барҳаво ва муҷаҳҳаз ба васоити техникии ҳозиразамон имкон фароҳам овардааст, ки таълиму тарбия дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардад. Барои донишҷӯёни дурдаст ва хориҷӣ хобгоҳи замонавӣ бунёд шуда, дар он аҳлона зиндагӣ доранд.

Банда номзади илмҳои математика – физика ҳастам. Аз моҳи августи соли 2019 ба ҳайси дотсенти кафед­раи математика ва физикаи донишкадаи мазкур фаъолият дорам. Солиёни зиёд дар кафедраи математикаи олии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо номи академик М.С.Осимӣ ба ҳайси дотсент фаъолият доштам.

Баробари ба донишкада омадан, бароям шароити хуб муҳайё намуданд, ки инро метавон далели раднопазири дӯстии мардуми ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд. Ректори донишкада, профессор Ғанишер Раҳимов ба қадри донишу донишҷӯ ва устодони соҳибмактаб мерасад. Бо аҳли донишкада меҳрубону ғамхор буда, кӯшиш менамояд, ки мушкилоти устодон сари вақт бартараф гардад.

Ҳоло бо чанде аз шогирдонам мавзӯъҳои муҳими математикаро тадқиқ карда истодаем. Умед дорем дар оянда олимони соҳибмактаб тарбия ёфтаву ба камол мерасанд.

Дар донишкада таҳсил бо забони давлатӣ, забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва куриёӣ ба роҳ монда шудааст. Устодони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корея, Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо ба кор даъват шудаанд. Бо мактабҳои олии кишварҳои дуру наздик шартномаи ҳамкорӣ дар зинаи бакалавриат, магистратура ва табодули донишҷӯёну устодон ба имзо расид, ки ин раванд бардавом аст.

Ҳамчунин, дар донишкада китобхонаи электронӣ фаъол аст, ки ин норасоии адабиёти дарсиро пурра аз байн бурдааст. Дар маҷмӯъ, ин ҷо барои донишомӯзӣ ва фаъолият шароити хуб фароҳам аст ва аҳли донишкада интизори ҷавонони лаёқатманди тоҷикистонӣ мебошанд.

Турдиқул ОРИФОВ,

дотсенти кафедраи математика ва физикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи шаҳри Деҳнав,

номзади илмҳои математика-физика