Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

№ 17.11.2023

ДУСТИ

Тоҷикон аслан мардуми инсондӯсту сулҳхоҳанд. Мардуми мо дӯстиро авло медонанд, зеро саодати зиндагии инсонҳо дар дӯстӣ, ваҳдат, эҳтироми якдигар аст.

Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Пас мезазад, ки баҳри рӯзгори ширин, гуворо ва пурсаодат ба ҳамдигар меҳру муҳаббат дошта бошем, дӯстӣ намоям. Беҳуда бузургони илму маърифатамон аз қадимулайём дӯстиро тарғибу ташвиқ накардаанд. Чунончӣ Ҳофизи Шерозӣ фармудаанд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Яъне, нисбат ба инсонҳои дигар набояд дар қалб кина ва бадбинӣ парварид. Агар мабодо чунин ҳолат ба вуҷуд ояду эҳсос намойӣ, зуд онро решакан бояд кард, зеро ба таъкиди бузургон ниҳоли душманиву кинаву адоват ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигареро ба бор нахоҳад овард. Ягона чизе, ки боиси оромии дил ва шодиву нишот мегардад, дӯстӣ ҳаст!

Имрӯз низ мардуми тоҷик дӯстиву ваҳдатро шиор ва пешаи худ қарор додааст, зеро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мо бори дигар шаҳди талхи сӯзандаи бадхоҳиву душманиро чашидем. Хушбахтона, ақли солим боло гирифт ва мухолифатҳо бартараф шуданд. Ба бахти миллат шахсе сарвари давлат интихоб гардид, ки сулҳофару бунёдкор аст. Аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба сарҷамъӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ даъват карданд ва бо саъю талошу хирадмандии хеш тавонистанд ваҳдатро дар кишвари тозаистиқлоламон пойдору устувор гардонанд. Ин ва дигар иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки кишварамон дар роҳи рушд қарор гирад. Давоми даҳсолаҳои охир зери сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои миллат дар роҳи бунёдкориву ободонӣ мо ба комёбиҳои беназир муваффақ шудем.

Таъмини сулҳу оромӣ, дӯстии байни ҳамдигарӣ файзу баракатро афзун менамояд. Дар замони муосир, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле мураккабу печида гардидааст, хушбахтона дар Тоҷикистони азизи мо ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаю таҳкимбахш мардуми кишвар гардидааст. Халқи шарифи тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат ҳамеша дар кӯшиши он аст, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки дар дигар давлатҳо низ сулҳу дӯстӣ барқарору ҳукмрон бошад. Халқи бомаърифати тоҷик ҳамеша ба дигар халқу миллатҳо паёми дӯстӣ равон мекунад.

Дар фарҷом низ мехостем андарзи Хусрави Деҳлавиро барои хонандагон манзур кунем:

Дӯстӣ бояд аз он гуна ҷӯст,

К-он абадуддаҳр бимонад дуруст.

Ёсуман ҶАББОРОВА,

Хонандаи синфи 11-и МТМУ №72 ба номи Гулчеҳра Сулаймоноваи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе