Далели қотеи дастгирии ислоҳоти конститутсионии Президент

№133 (4716) 08.11.2023

Абдуфаттох_Шарифзода2Дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъй­пурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаю андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Аз таърихи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти конститутсионӣ дар поёни асри ХХ бармеояд, ки кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадуми асри ХХ шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то ба марҳалаи ниҳоии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конс­титутсионӣ мебошад.

Қабули «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои 1990 — 1991 аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки раванди қабули Қонуни асосиро суръат бахшиданд, вале кӯшиши воқеан, ҷиддӣ ва ҳадафманди таҳияи лоиҳаи Конститутсия баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ дар кишвар оғоз шуд. Баъдан Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ бо роҳи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шӯрои Олӣ дар таърихи 23-юми августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон тасдиқ намуд.

Дар ҳамин ҷаласа муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ва тафсири моҳияти сиёсии ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат изҳор дошт: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат, мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».

Сарвари Тоҷикистон бо зикри аҳамият ва зарурати ҳамоҳангсозии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба равиши судманди ислоҳоти конститутсионии Тоҷикистон асос гузошт, ки яке аз заминаҳои бисёр муҳими истиқболи ҷаҳонии кишвари мо гардид.

Дар асоси дастурҳои Сарвари давлат гурӯҳи кории Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбандии дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва суннату тафаккури ҳуқуқии миллӣ дар муддати шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия, яке дар шакли идораи президентӣ ва дигар дар шакли идораи парламентиро таҳия намуда, ба баррасии мардум пешниҳод кард. Таҳия намудани ду лоиҳа бесабаб набуд. Аз замони таҳияи аввалин лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардида буд, дар афкори умум дар асоси бархӯрди неруҳои мухталифи сиёсию иҷтимоии кишвар дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва ҳатто комилан хилофи ҳамдигар изҳор мешуданд. Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият ва дар натиҷаи таҳлили амиқи воқеияти сиёсии кишвар, бинобар набудани ҳизбу созмонҳои соҳибтаҷриба ва фароҳам наомадани пойгоҳи муносиби идоракунии парламентӣ дар Тоҷикистон, ба хулосаи ягона расид, ки лоиҳаи шакли идораи президентӣ ба баррасии халқ тавсия дода шавад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст 6-уми ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва беш аз 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуданд.

Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конс­титутсия ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамон рӯз ба вуқӯъ пайваст, далели қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти конститутсионии Президент, ҳадафу барнома ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии ӯ буд.

Тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақоме, ки амалӣ шудани меъёрҳои онро ба уҳда дошт, Комиссияи оштии миллӣ буд. Дар қатори масъалаҳои дигаре, ки ҳаллу фаслашон ба уҳдаи комиссияи мазкур вогузор карда шуд, масъалаи дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар низ шомил буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешниҳоди худро доир ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ирсол доштанд. Маҷлиси Олӣ қарор «Дар бораи гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва 26-уми сентябри соли 1999 бо раъйи халқ як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд.

Тағйиру иловаҳо дар қисмати ҳокимияти иҷроия асосан ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доштанд ва муҳлати салоҳияти президентиро аз панҷ то ба ҳафт сол тамдид намуда, ба ӯ ҳуқуқи мустақилона таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, мустақилона баровардани масъалаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ҳаққи мустақилона таъин ва озод намудани намояндагони салоҳиятдори Тоҷикистон (сафирон) ва ғайраро муқаррар намуданд.

Соли 1999 дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бо таваҷҷуҳ ба таъсиси парламенти касбӣ, ки  имконияти такмили сифатии қонунҳо ва ифодаи пурратари манфиати воҳидҳои ҳудудии алоҳида ва табақаҳоро фароҳам меовард, сохтори парламенти думаҷлиса муайян гардид ва дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Бар асоси ин муқаррарот қонунҳое, ки Маҷлиси Олӣ ба унвони мақоми қонунгузор таҳия ва қабул мекунад, аз ҷониби ҳокимияти иҷроия ба амал татбиқ мешаванд ва аъзои парламент дар таъини шахсони мансабдори мамлакат иштирок мекунанд. Ин салоҳият маҳакест, ки тавозуни ҳокимиятро фароҳам меоварад. Маҷлиси Олӣ чун мақоми воқеан қонунгузор ва намояндагӣ ба сифати мақом расмият пайдо кард, ки манфиатҳои ҳама табақаҳои ҷамъиятро ифода менамояд.

Мутобиқи ин навовариҳои конститутсионӣ аввалин бор дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти думаҷлисаи доимоамалкунандаи касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар рушду инкишофи андешаи парламентаризми миллӣ ва амалияи демократисозии давлату давлатдорӣ таъсири файзбахш расонид.

Дар доираи қонунмандии иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои кишвари рӯ ба инкишоф ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки он 22-юми июни соли 2003 бо раъйи мардум амалӣ гардида, 22-юми майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд.

Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои солҳои 2003 ва 2016 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф ва ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд, синни 30-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар гардид.

Тавре академик Маҳкам Маҳмудзода дар мақолааш зикр кардааст: «Сарфи назар аз он ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуюмин шуда, баъди Россия соҳиби Конс­титутсия гардид ва ин Конститутсия, бинобар таҳлили коршиносони САҲА, ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, танҳо бо исботи он далел, ки қабули Конс­титутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифтааст, гуфтаи Сарвари давлат­ро оид ба ҷавобгӯи арзишҳои демократӣ будани Конститутсия дуруст мебарорад».

Дар асоси Конститутсияи соли 1994 қабулгардида шаш маротиба ҷиҳати таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии намояндагӣ интихоботи даврии парламентӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020), панҷ маротиба интихоботи президентӣ (солҳои 1994, 1999, 2006, 2013, 2020) бо иштироки бевоситаи халқи Тоҷикистон баргузор шуда, низоми қонунгузорӣ бо се раъйпурсии умумихалқӣ се ислоҳоти конститутсиониро (солҳои 1999, 2003, 2016) ҳамчун давраҳои рушди табиати ҳуқуқии мардум паси сар кард ва талаботи моддаи 6 Конститутсия, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст, воқеан амалӣ ва соҳибихтиёрии халқ дар Тоҷикистон собит гардид.

Мутобиқи моддаи 64-уми Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад. Ҳокимияти иҷроия ба ҳайси рукни тавоно ва зудамали ҳокимияти давлатӣ пурра ба Президент мутааллиқ дониста шуда, ӯ ҳамчун раис роҳбарии Ҳукумати мамлакатро низ ба уҳда дорад.

Дар асоси муқаррароти Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ амалӣ мегардад. Ҳокимияти қонунгузорро Маҷлиси Олӣ, ҳокимияти иҷроияро Президент ва ҳокимияти судиро Суди конс­титутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар зинаҳои судӣ амалӣ месозанд.

Ин се рукни ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ мустақил буда, ба якдигар тобеъ намебошанд, аммо мустақилияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ба маънои мутлақ нест, зеро ҳеҷ яке аз онҳо бе ширкати рукни дигар, яъне бидуни робита ва таъсиргузории мутақобила вазифаҳои худро дар ҳадди лозим ба сомон расонида наметавонад. Чунончи, қабули қонунҳо салоҳияти Маҷлиси Олӣ аст, вале қонун фақат баъди имзои Президент ҳукми амал пайдо мекунад ва ё худ ҳама фармонҳои Президент дар бораи таъину озод намудани аъзои Ҳукумати мамлакат барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

Ҳамин тавр, чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия иброз доштанд: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад».

Феълан ҳам, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равандҳои созандаи қаблан анҷомёфта оид ба воридсозии тағйиру иловаҳо ба он бозгӯи роҳу равиши ба худ хоси давлатдорию идоракунии Тоҷикистон ва зарурати мутобиқ гардонидани  қонунгузорӣ ва чаҳорчӯбаҳои рушди сиёсию ҷамъиятии кишвар ба шароити замони муосир буда, аз ҳар як фарди ватандӯсту масъулиятшинос донистан, риоя ва татбиқи меъёрҳои дахлдори ин санади олиро дар ҳамаи сатҳу зинаҳо тақозо мекунад.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,

доктори илмҳои таърих,

профессор