Моҳи октябри соли 1958 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) бо теъдоди 1000 нусха шумораи нахустини маҷаллаи «Журналист» ба табъ расид. Ин нашрия аз ҷониби Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон омода гардид. Дар шумораи аввал ба забони русӣ гузориши муфассал аз ҷаласаи бюрои мазкур ба табъ расидааст. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки як сол пеш дар мамлакатамон (СССР-Б.К.) Иттифоқи журналистон ташкил гардид, ки дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор эҷодкоронро муттаҳид сохтааст. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки соли гузашта (соли 1957) Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ба ҳайати он 15 нафар, асосан роҳбарони нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, радио ва ТоҷикТа шомиланд. Дар ҷаласаи дуюми бюро беш аз 50 нафар ба аъзогии Иттифоқи журналистон қабул шуданд.
Баробари дарёфти журналистони боистеъдод, инчунин гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо бо олимон, меҳмонони хориҷӣ, коллективҳои меҳнатӣ аз самтҳои фаъолияти аъзои Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд, — зикр гардидааст дар гузориш. Дар бюро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ низ нишастҳои матбуотӣ ташкил карда мешуд.
Дар ҷаласаи охирини бюро масъалаи даъвати анҷумани нахустини ҷумҳуриявии журналистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қарор шуд, ки нахустин анҷумани журналистони Тоҷикистон нимаи аввали моҳи феврали соли 1959 гузаронида шавад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
«Ҳозир дар Тоҷикистон 7 газетаи республикавӣ, 4 газетаи вилоятӣ, 8 газетаи шаҳрӣ, 39 газетаи районӣ чоп мешавад, ки тиражи умумии онҳо қариб ба 400 ҳазор нусха мерасад» (Маҷаллаи «Журналист», №1 октябри соли 1958)