Дар дилу дидаи мардум

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

Вақте ки сухан бобати рушду инкишофи илми тибби муосири тоҷик меравад, пеш аз ҳама кору фаъолияти як зумра шахсиятҳои донишманди соҳа, ки тӯли солиёни зиёд барои таъсис додан ва ба талаботи муосир мувофиқ кунондани соҳаҳои нави илми тибби тоҷик пофишориҳо намуда, аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ боқӣ гузоштаанд, пеши назар меояд. Дар ҳақиқат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тӯли 73 соли мавҷудияти худ баробари тарбияи мутахассисони олидараҷаи соҳаи тиб, инчунин як зумра олимони тавонои соҳаро  ба воя расонидааст, ки бо кору фаъолияти ибратбахши худ на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам шуҳрат ёфта, донишгоҳи азизи худро бо асарҳои пурбаҳои илмӣ ба доираҳои гуногуни илмии дунё муаррифӣ намудаанд.

Яке аз чунин шахсиятҳои соҳибном устод Аслиддин Сайфиддинович Осимов мебошанд, ки 51 сол боз ҳамчун табиби моҳир дар хизмати халқ буда, аз ин 50 солашро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳри  пешбурди корҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа сарф намудааст.

Аслиддин Осимов 29 январи соли 1933 ба дунё омада, баъди хатми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд соли 1959 толибилми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шуд. Бо хатми ин даргоҳи муқаддас муддати 4 сол дар зодгоҳаш ҳамчун табиб хизмати халқро ба ҷой оварда, соли 1963 ҳамчун мутахассиси ҷавону ояндадор бо даъвати ректори онвақтаи донишгоҳ З.П.Хоҷаев боз ба донишгоҳ баргашт. Инак, расо 50 сол мешавад, ки устод дар ин даргоҳи илмӣ ба тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа машғул мебошад.

Нимаи дуюми солҳои 60-ум ба мақсади ташкили Хадамоти урологӣ дар Тоҷикистон яке аз олимони ҷавони соҳа Василий Николаевич Дунчик аз Ленинград ба шаҳри Душанбе даъват шуд.

Мавсуф қобилияти фавқулодда ва дониши баланди назариявии Аслиддин Сайфиддиновичи ҷавонро зуд ҳис карда, ӯро ҳамроҳи худ гирифт ва онҳо якҷоя тавонистанд, ки тӯли муддати кӯтоҳ дар назди кафедраи ҷарроҳии факултавӣ шуъбаи урологиро кушоянд.

Шуъбаи мазкур минбаъд на танҳо ба маркази табобати пешгирӣ ва ҷарроҳии бемориҳои урологӣ табдил ёфт, балки дар тарбияи як зумра кадрҳои соҳибихтисоси соҳа нақши босазо гузошт. А.С.Осимов бошад, таҳти роҳбарии профессори кафедраи урологияи Донишкадаи тиббии шаҳри Днепрепетровски Украина Алексей Владимирович Люлко оид табобати бемории санги гурда дар шароити осоишгоҳи «Хоҷа-обигарм»  соли 1970  рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Аслиддин Осимов ба хубӣ ҳис мекард, ки бе омода намудани  кадрҳои баландихтисоси бахши урология соҳаи мазкурро ривоҷу равнақ додан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар заминаи кафедраи ҷарроҳии факултетӣ гурӯҳи махсуси урологӣ таъсис дода, ба таълими сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобати бемориҳои урологӣ шуруъ намуд. Ин олими пухтакор махсусан ба масъалаи фаъолияти гурда, дар шароити баландкӯҳ ва ноҳияҳои иқлимашон гарми Тоҷикистон диққати махсус медод, зеро инкишофи бемориҳои урологӣ дар шароити иқлими гарми Тоҷикистон  хусусияти хоси худро дошт. Дар муддати на чандон тӯлонӣ номбурда тавонист, ки  беш аз 100 нафар  мутахассисони варзидаи соҳаро тарбия намуда, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба хизмати мардум сафарбар намояд. Вобаста ба ин, минбаъд ӯ масъалаҳои васеъшавии зерипӯстии варидии пойҳо, ташхис ва табобати эпидидимоорхитҳои музмини ғайримаъмул, нишондодҳо ва усулҳои бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешоб, омосҳои узувҳои таносул ва ғайраҳоро мавзуъҳои асосии   тадқиқотҳои илмии худ қарор дода, оид ба ин масъалаҳо якчанд мақолаҳои пурарзиш ба чоп расонид.

Моҳи  ноябри  соли 2009  аввалин маротиба  дар ҷумҳурӣ  таҳти роҳбарии А.С. Осимов як гурӯҳ ҷарроҳони варизида дар Маркази  урологӣ  амалиёти  пайвандсозии гурдаро  бомуваффақият анҷом доданд, ки яке аз комёбиҳои барҷастаи илми тибби муосири тоҷик маҳсуб меёбад. Баъди ин дар Маркази навтаъсиси ҷумҳуриявии илмии пайвандсозии узвҳои инсон амалиёти мазкур  солҳои охир ба беморони ба пайванди гурда ниёзманд таври боварибахш амалӣ гардонида мешавад.

Бо омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи урология А.С.Осимов тавонист қариб дар тамоми ноҳияву вилоятҳои ҷумҳурӣ хадамот ва шуъбаҳои урологиро таъсис диҳад. Дар баробари ин ӯ аз корҳои илмӣ дур нашудааст ва муаллифи ду монография, 100 мақола, 62 тезис, шаш дастури таълимию методӣ ва даҳ пешниҳоди навоварона буданаш далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки зери роҳбарии А.С. Осимов чор нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Устоди мо ҳамчун ташкилотчии моҳир тӯли солҳои дароз дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи донишгоҳ фаъолият намуда, дар беҳтар шудани сатҳу сифати омодасозии кадрҳои ҷавони тиббӣ саҳми беандоза бузург гузоштааст.

Номбурда солҳои 1974 -1995 ва 1998-2001 мудири кафедраи урология ва ҳамзамон солҳои 1974 – 1991 декани факултети муолиҷавии донишгоҳ буд.

Солҳои 1979-1996 устод сармутахассиси ғайривоҳидии урологии  Вазорати  тандурустии  ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Ҳамчунин солҳои зиёдест, ки ӯ ҳамчун узви Ассотсиатсияи  урологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа ва рушду инкишофи илми муосири урология саҳми арзанда мегузорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин устоди арҷманди ҳазорҳо нафар табибони ҷумҳурӣ  ҳар кадом вазифае, ки ба уҳдааш гузошта  бошанд, ба дасту дили пок, қалби пурҳарорат, ҳисси некбиниву хайрхоҳӣ фаъолият намуда, тавассути чунин хислатҳои наҷиби инсониаш сазовори обруи баланд ва иззату эҳтироми на танҳо устодону толибилмон, балки ҳазорҳо нафар дардмандону эҳтиёҷмандон гаштааст.

Соли 2001 раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино хизматҳои арзандаи ин марди соҳибфазилат ва устоди варзидаи донишгоҳро ба назар гирифта, ба ӯ унвони Профессори фахрии ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро сазовор донист.

Хизматҳои ин марди шарафманд, инчунин бо унвонҳои Аълочии тандурустии ИҶСШ, Духтури хизматнишондодаи Тоҷикистон, медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Устод Аслиддин Сайфиддинович Осимов инсонест  соҳиби  дили бузург, бо нигоҳи тоза ба ҳаёти ҳаррӯза ва ҷаҳонбинии фарох.  Синнаш ба 80 расида бошад, ҳам ӯро ҳамеша  бо азму иродаи қавӣ, нигоҳи пурумед ба зиндагӣ, ҷавондилу рӯҳбаланд дармеёбед. Имрӯзҳо ҳам ӯ ҳар саҳар бо андешаҳои саршор аз накуиву хайрхоҳӣ  ба кор меояд. Бо ҳар кадом  бемори  ба наздаш омада бо забони худи ӯ сухан мегӯяд: бо шоир бо забони шоирона, бо сиёсатмадор ҳамчун донандаи асрори сиёсат, бо олим бо забони илм ва бо мардуми оддӣ бо забони омиёна муошират мекунад.

Бале, танҳо инсонҳои фазилатпешаву хирадманд ба чунин  сифатҳои олии инсонӣ қодиранд ва устоди мо аз зумраи чунин инсонҳои бузургест, ки на танҳо бо кору амал, балки  бо хислатҳои неки инсониаш дар дили ҳазорҳо нафар ихлосмандонаш ҷо гирифта, роҳи тайкардаи ҳаёташ тимсоли ҷасорату мардонагӣ ва худафрӯзиву мушкилнописандиҳо баҳри расидан ба мақсадҳои наҷиб аст.

 

Касе, ки боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

 

Дилшод СОЛИЕВ,

доктори илмҳои тиб,  мудири кафедраи урологияи

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино