Ба хотири гиромидошти шоири маъруфи Машриқзамин — Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмиву адабӣ доир гардид, ки дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар, олимону донишмандони покистонӣ, ҳайати устодон ва шогирдон иштирок доштанд.
Сафир аз ташаббускорони маҳфил, садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Аллома Иқбол бо эҷодаш дар бедории мардуми мусулмони минтақа саҳм гузоштааст.
- Иқбол бо Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ робитаи қавӣ дошт, — ёдовар шуд Имрон Ҳайдар. — Ӯ ин абармардро ҳамчун шахсе муаррифӣ кардааст, ки Кашмирро ташаккул дод ва ин «водии осмонӣ»-ро бо донишу маърифат, фарҳангу, санъат ва дин баракат бахшид. Дар маҷмӯъ, Ҳамадонӣ ва Иқбол барои худогоҳии мардуми мусулмон кӯшиш ба харҷ додаанд.
Дар конференсия маърӯзаи алоқамандони осори шоир шунида шуд. Аз он ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов дар мавзӯи «Образи «шоҳин» дар ашъори Муҳаммад Иқбол», устоди Донишгоҳи Алигарҳи Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор Рафиуддин дар мавзӯи «Тасаввури ишқ дар каломи Муҳаммад Иқбол» ва номзади илми филологӣ Ҳайдар Қурбонов дар мавзӯи «Муҳаммад Иқбол шоири ғазалсаро» суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ошноӣ бо Муҳаммад Иқбол ва осори фарсизабони ӯ нимаи дуюми асри ХХ оғоз гардид, ки аввал бо кӯшиши шоири маҳбуб Мирсаид Миршакар, баъдан олимон Абдуллоҷон Ғаффоров ва Шарафнисо Пӯлодова муяссар шуд.
Ёдовар мешавем, нуҳуми ноябри ҳар сол дар ДМТ «Рӯзи Иқбол» доир мегардад, ки олимони иқболшиносро гирди ҳам меорад.
М. УСМОН, «Садои мардум»