Дар вилояти Хатлон бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Исломии Рушд қарор аст то ду соли оянда 66 муассисаи таълимӣ ва 5 бинои шуъбаи маориф бунёд гардад.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашуралӣ Олимӣ зимни суҳбат гуфт, ки аллакай дар 13 мактаб корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, ҳар як муассиса барои 240 нафар хонанда, дар як баст, пешбинӣ шудааст.
Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки муҳлати ниҳоии сохтмони иншоот то охири соли 2023 буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани мактабҳо 15840 нафар хонанда дар як баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Феълан дар ҳама муассисаҳои таълимии вилоят 82717 хонанда таҳсил доранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»