Вабое, ки бо номи «коронавирус» ё «Covid-19» пайдо шудаву чанд моҳ боз дар олам сайр дорад, ба фоҷиаи умумӣ барои инсоният табдил ёфтааст. Ҳоло беш аз сад ҳазор нафар аз ҳаёт маҳрум ва наздик ба ду миллион нафар гирифтори он шудаанд.
Ҳоло аксар давлатҳои дунё, ҳам кишварҳои пешрафта ва ҳам мамолики ҷаҳони сеюму рӯ ба тараққӣ, чораҳои амниятиву пешгирикунандаро ба роҳ мондаанд. Пеш аз ҳама, дар бисёре аз давлатҳо карантин ҷорӣ ва ба кор ё кӯча баромадани мардум манъ шудааст. Хиёбонҳо, бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз одамон холӣ гаштаанд. Марказҳои тиҷоративу маъмурӣ, маконҳое, ки ба истилоҳ ҳафт рӯзи ҳафта 24 соат пуродам буданд, тамоман беодам мондаанд. Бузургтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба таъхир гузошта, барномаҳои фарҳангӣ, консерту шабнишиниҳо, мулоқоту вохӯриҳо манъ шудааст. Ҳамаи ин ба хотири амнияти ҷони инсонҳо ва нигоҳ доштани онҳо аз гирифторӣ ба бемории мудҳиш аст.
Дар ҳамин ҳол, яъне, дар айни авҷи вабо, чанде аз шабакаҳои ҷаҳонӣ, алалхусус, телевизионҳои давлатии «А ҳабер», «ТРТ ҳабер»-и Ҷумҳурии Туркия ва бахши форсии радиои «Би-Би-Си», порчаи филмеро, ки беш аз ним аср муқаддам (соли 1964) аз ҷониби коргардони шинохтаи тоҷик Комил Ёрматов бардошта шуда буду аз зиндагии олими барҷастаи халқи тоҷик дар соҳаи тиб — ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ҳикоят мекунад, намоиш дода истодаанд. Он порча аз филми «Абӯалӣ ибни Сино» дар бораи пешгирӣ ва бартараф кардани бемории марговаре, ки дар шаҳри Бухоро пайдо мешавад, қисса мекунад. Дар он Ибни Сино дар бораи тарзи дармони вабо тавсияҳо медиҳад. Чунончӣ, маслиҳат медиҳад, ки масҷидҳо ва бозору дӯконҳо бояд муваққатан баста шаванд ва мардум ибодатро дар хонаҳояшон ба ҷо оранд. Ибни Сино мегӯяд: «Вабо аз роҳи ҳаво ва аз шахс ба шахс интиқол меёбад, як шахси бемор метавонад садҳо нафарро бемор намояд». Дар он замон ин дархости Ибни Сино ба хашми шахсони ифротӣ рӯ ба рӯ шуд ва онҳо дастур дода буданд, ки китобҳои тиббии ӯ сӯзонда шаванд.
Дар ҳақиқат, таваҷҷуҳ кардани кишварҳои олам ба дастуре, ки аз ҷониби олими форсу тоҷик — Ибни Сино ҳазор сол муқаддам пешниҳод шуда, роҳи пешгирии ваборо нишон медиҳад, барои мо тоҷикон боиси ифтихор аст. Вале чандон таваҷҷуҳ накардани худи мо ба ин дастур ва риоя накардани қоидаҳои аввалиндараҷа дар ҳолати авҷи вабо боиси нигаронии ҷиддист. Шукр, ки ҳоло дар кишвар ягон нафар бо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ин набояд моро фориғболу бепарво намояд. Бояд эҳтиёткор бошем ва аз рафтан ба маконҳои серодаму ҷамъиятӣ худдорӣ кунем. Бахусус, тибқи дастури Ибни Сино, дар ҳамин шабу рӯз дар хона анҷом додани тоату ибодат барои ҳар як нафар беҳтар аст, зеро эҳтимоли паҳншавии вирус дар маконҳои серодам ва интиқол ёфтанаш аз як нафар ба нафари дигар хеле баланд аст.
Аз муваққатан баста шудани масҷидҳо набояд ҳангома барпо кунем, балки зарур аст якдигарро аз аҳамияти солим ва эҳтиёткор будан огоҳ созем.
Шуҳрат ҚОСИМОВ,
сокини шаҳри Душанбе