Дар ниҳоди ҷавонон ватанпарастиро бояд ташаккул дод

№151 (4257) 17.12.2020

Асри XXI асри бо суръати баланд рушд ёфтани илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ буда, бархӯрди манфиатҳо, ба ҳам омехташавии тамаддунҳо ва дар ин замина, аз байн рафтани арзишҳои фарҳангии миллатҳоро ба миён овардааст. Ин равандро бо номи ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия низ мешиносанд, ки ҷаҳонро ба деҳаи кӯчак шабеҳ гардонида, имкон фароҳам овардааст, ки одамон аз тариқи маҷозиву реалӣ муошират ва дар фурсати кӯтоҳ ба дурдасттарин гӯшаи олам сафар кунанд.

Ба ибораи дигар, ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати системаҳои иттилоотӣ тадриҷан ба ҳаёти мардум ворид гардида, бевосита ба ҷомеа таъсир расонида истодаанд. Эътироф бояд кард, ки бисёре аз навгониҳои асри нав ба инсон таъсири манфӣ расонида, қудрат доранд моро аз арзишу муқаддасоти миллӣ дур созанд. Пеш аз ҳама, насли ҷавон, ки ояндаи миллатанду дурнамои давлат ба он вобастагӣ дорад, бештар зарар мебинад. Зеро аксар найрангҳои омодакардаи назариясозони замони нав ба насли ҷавон нигаронида шудааст.

Бинобар ин, на танҳо ҷавонони кишвари алоҳида, балки ҷавонони дунё таҳти хатари манқуртшавӣ қарор доранд. Ин бошад, ҳар як ҷомеаро водор мекунад, ки барои беш аз пеш ба ғамхориву тарбия ва таълим фаро гирифтани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳад.

Насли ҷавон, ки аз нисф зиёди аҳолии мамлакат арзёбӣ мешаванд, аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат бархӯрдоранд. Бо вуҷуди ин, аз хатари равандҳои муосир (аз қабили аз байн рафтани арзишҳои фарҳанги миллӣ дар натиҷаи омезиши арзишҳои фарҳангии беруна ба ҷомеаи мо, инчунин зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, нашъамандӣ ва ғайра) эмин нестанд. Ҷавононро бояд ҳар чӣ бештар ба машғулиятҳои гуногун, бо дарназардошти менталитет ва фарҳанги миллӣ, фаро гирифт, то фурсат барои даст заданашон ба амалҳои номатлуб пайдо нашавад. Илова бар ин, дар ниҳоди онҳо хоҳишу ҳаваси анҷом додани корҳои барои ҷамъият фоиданокро бояд парвариш дод.

Қобили зикр аст, ки эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва дигар сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ба зиракии сиёсӣ сахт алоқаманданд. Ин дар навбати худ, тақозо мекунад, ки ба тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон, диққати ҷиддӣ зоҳир гардад. Онҳо тарзе тарбия шаванд, ки ба Ватан ва муқаддасоти он содиқ бошанд. Ин ҷанба бояд аз наврасӣ дар ниҳоди ҳар нафар ҷой дода шавад, хоса, дар замони пурҳаводису мураккаби ҷаҳонишавӣ.

Аслан, ватандӯстӣ худшоносӣ ва ҳувияти миллиро дар оила падару модарон, сипас, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ сайқал медиҳанд. Бинобар ин, бояд баҳри баланд бардоштани тарбияи ватанпарастии насли наврас ва ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ кӯшиш ба харҷ дода шавад. Чунки ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ метавонад майлу рағбати ҷавононро аз равиш ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ боздорад. Аз ин лиҳоз, ҳамаро зарур аст ба тарбияи ватанпарастиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон дар оила, боғча ва муассисаҳои таҳсилотӣ аҳамияти ҳаматарафа диҳанд, то дар оянда насли ватандӯст ба камол расад.

Файзигул ШЕРАЛИЕВА,

директори МТМУ №3-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе