Мехоҳам, махсус зикр намоям, ки таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат дар сатҳи маҳаллӣ хеле беҳтар шудааст, лекин кӯшиш бояд кард, ки ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа шароити боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Андешаҳои парешон раҳораҳ хаёламро беихтиёр ба дунёи зебою рангини тифлакони маъсум бурд. На ба он дунёи тифлоне, ки ҳар субҳ домони модар мегиранду дунё барои онҳо фақат меҳр асту муҳаббату шодмонӣ. Андешаҳо дунболи дунёи кӯдакони дигарро мегирифт: кӯдакони номурод, бенасиб аз меҳру муҳаббати модарӣ. Тифлаконе, ки дар ятимхонаҳо зиндагӣ доранду чашм ба роҳи модаронанд. Дар хаёлам ятим то ин дам кӯдаки урён, хору зор, номурод ва маҳзуну ғамбор менамуд. Ин андешаҳо маро ба Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1-уми шаҳри Душанбе овард.
Остонаи хуштарҳу зебо, саҳну гулгаштҳои озода, овезаю мусаввараҳои ҷолибу диданӣ — ҳама гулбоғи пуртароватеро мемонад, ки кас аз диданаш рӯҳу зиё гирифта, ҳаловат мебарад. Кӯдакон бо либосҳои тозаю озода, фориғ аз ғами дунё, дар айвончаҳои хушсохти тобистона бо шавқ бозӣ мекарданд. Вале як чиз касро ноҳинҷор мекард: ҳар касе, ки вориди саҳни ҳавлии Хонаи кӯдакон мегашт, тифлакон ба умед чашм сӯяш медӯхтанд. Дар симои ӯ касеро меҷустанд.
Он чӣ муҷиби яъсу ноумедии онҳост — ҳамон меҳру муҳаббати азалии модари ширинсухан асту халос. Ҳамон меҳрубониҳои ками аз модар ёдгормонда дар ҷаҳони онҳо намеғунҷид. Шояд аз он лаҳзаҳо шоистатар лаҳзаеро дар лавҳи хотир ҳифзу ёддошт накарда бошанд, шояд он лаҳзаҳо барояшон ҷовидонист.
- Гоҳҳо мебинем, ки кӯдакон ба фикр фурӯ мераванд. Бархе хурдтараконро хаёли канору оғӯши гарми модар дар сар бошад, наврасонро эҳсоси нигаронӣ аз оянда, онҳо фикри фардои худро мекунанд, – мегӯяд Галина Петровна, ки 22 соли умри бобаракати худро барои тарбияи ин насли аз модар ҷудо сарф кардааст.
- Тахайюлоти кӯдакон рангин аст. Онҳо дар муҳити хонаи кӯдакон обутоби маънавӣ ёфта, хеле ҳассосанд. Чашми ин гуна кӯдакон нисбатан барвақт ба дунё во мешаваду ақлашон тезтар расо мегардад. Пайваста мебинем, ки кӯдаконро гиря гулӯгир мекунад, дар чашмонашон ашк ҳалқа мезанад. Ин ҳолат мо — мураббиён ва парасторонро ашкрез мекунад. Охир, онҳо мояи ифтихор, маҳсули заҳмати шабонарӯзии мо ҳастанд. Каси комил ба тақдири фарзанди инсон бетараф шуда наметавонад. Тӯшаи мо дар кӯлвори зиндагӣ аз ин дунё ризояти Худованду кӯдакони ятим аст, – бо шеваи ба худ хос мегӯяд апаи Галина.
Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1-уми шаҳри Душанбе соли 1967 таъсис ёфтааст. Муассисаи мазкур 120 нафар кӯдаки ятиму бесаробонро бо таълиму тарбия фаро гирифтааст. Дар он тифлакони ятим, фарзандони оилаҳои камбизоат, маҳбусон, муҳоҷирони меҳнатии бенишон ба сар мебаранд.
Айни замон вобаста ба синну сол 110 нафар тифл дар 10 гурӯҳ ҷудо шуда, 20 нафар мураббӣ ва 20 нафар парастор онҳоро нигоҳубин мекунанд. Барояшон дар як рӯз чор маротиба хӯроки серғизо дода мешавад. Бо мақсади солимӣ кӯдакони гирифтори маризиҳои равонӣ, олусии чашм, лакнати забон, фалаҷию камақлӣ таҳти назорати доимии духтурони иллатшинос мебошанд.
Ҳуҷраҳо, рахти хоб, ҳаммому толорҳои мусиқию варзишӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида, шароити зисти тифлон бениҳоят хуб аст.
Худованд ҳусну ҷамоли ҷонорое барояшон насиб гардонида. Нигоҳашон меҳрбор, нармгуфтору ширинбаён аст. Ин порае аз сифатҳои ҳамидаи мураббии ғамхору мушфиқ – Рукатмо Менгиева мебошад, ки вазифаи директории хонаи кӯдаконро бар дӯш дорад.
Рукатмо хатмкардаи факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мебошад. Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёнаи рақами 14-и ноҳияи Фархор оғоз бахшида, 26 сол аст, ки мунису ҳамдами кӯдакон мебошад.
- Дӯст доштам аз хурдӣ меҳрубонию навозиш, ғамхорию дилсӯзиро, — чунин оғоз кард суханашро апаи Рукатмо. Мехостам марҳами дили реши хастае бошам, хурдтараконро бештар дӯст медоштам. Падарам мегуфтанд: — «Каъба чӣ равӣ, рав дилеро дарёб». Шиори ман аз овони донишҷӯӣ байти Шайх Саъдист:
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Бо апаи Рукатмо суҳбат мекардаму ҳайратам меафзуд, ки чаро кори ӯ сармашқи фаъолияти дигарон нест. Ӯ касбашро ончунон дӯст медорад, ки агар омиле садди гуфтораш нашавад, соатҳо дар бораи хулқу атвори ҳар як кӯдак, вазъи равонӣ, хашму ситезаи хосаи атфол, заъфи молии волидайн сухан мегӯяд, ки на ҳар гӯш тавони бардошти он қадар суханро дорад. Ин суханон самараи ҳамон маҳбубиятҳост, ки маънавиёти ӯро ғанӣ гардонидааст. Бо таваҷҷуҳ мебинам: кӯдакон ханда мекунанд, вале хандаи аз гиря ғамангезтар, хандаи бе меҳру навозиши модар, модаре, ки рисолати азалии худро гум карда ё модари дар нимароҳи зиндагӣ ҳайронмонда. Мебинам, ки меҳри фарзанд бо ҳамин қадар сӯзу сози ҷонсӯз дигар тавони ҷигархун кардани модарро надорад. Бо шеваи ин хандаҳои талх фақат мураббиҳо қодиранд ҳамнаво шуда, мунису ҳамдами онҳо гарданд, чунки дар Хонаи кӯдакон мураббиён симои асосӣ мебошанд ва онҳо метавонанд меҳру муҳаббати модариро то андозае ба онҳо эҳдо намоянд.
Барои кӯдакон омӯзишҳои амалӣ гузаронида мешавад. Онҳоро ба хонаи бобою бибӣ, холаю аммаҳояшон низ мебаранд, то дар оянда риштаҳои хешу таборӣ канда нашавад ва онҳо эҳсоси танҳоӣ накашанд.
- Шуғли ман ниҳояти рисолат ва армонҳои дили ман аст, вале фикр мекунам, то ҳол ятими хастаеро ба андозае, ки дилам ҳузур ёбад, «нахандондаам». — «Ҳазрати Алӣ (р.а) дар торикии шаб нон ва хурмо ба дӯш мегирифт ва ба дари хонаи ятимон мерафт, бе он ки шиносо шавад, ба онҳо медод ва фақат ризогии Худоро мехост».
Кампиру мӯйсафедон, ки умрашонро дидаанд, боз «оча» мегӯянд. Офарин ба ин тифлакон. Мо ҳарчанд кӯшиш кунем ҳам, он меҳру муҳаббате, ки модар ба кӯдак медиҳад, дода наметавонем. Ин чизи табиӣ аст. Худованд ба ҳар васила рӯзирасон аст. Чуноне ҳазрати Бедил мегӯяд:
Ғам махӯр, Бедил, ғами дунё, ғами атфоли оламро,
Ки яздон пур кунад, пеш аз тифл пистони модарро.
Шукр, ки дар заминаи таваҷҷуҳи зиёди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар кишвар ягон кӯдак эҳсоси ятимӣ намекашад, – суҳбатро хотима медиҳад Рукатмо Қаландаровна.
Абдухолиқи МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»