Чанде пеш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён дар доираи «Рӯзи дарҳои кушода» баргузор шуд.
Дар намоишгоҳ асарҳои рассомон, ҳайкалҳои аз гаҷ сохташуда, расмҳои бо техникаи гуногун эҷодшуда, ки лаҳзаҳои гуногуни ҳаётро тасвир мекунанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ Ҷамшед Ғанизода муътақид аст, ки «Рӯзи дарҳои кушода» имкон фароҳам меорад, ки ҳаводорони санъати воло бо фаъолияти донишкадаи навтаъсис аз наздик шинос шаванд ва дар раванди интихоби касб ба он таваҷҷуҳ намоянд.
Дар намоишгоҳ намунаҳои либоси имрӯзаи миллӣ — маҳсули эҷоди донишҷӯёни донишкада муаррифӣ шудаанд.
Ҷамшед Ғанизода иброз дошт, ки бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн, рушди ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон ва ғайра, ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Мавсуф зикр намуд, ки давоми соли 2015 ташкил намудани ду конференсияи илмӣ-амалӣ ва ба нашр расонидани маҷмӯаҳо ба нақша гирифта шудааст. Маълумотномаҳои иттилоотӣ дар ин бобат ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ равон карда шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон» ташкил шуд.
Дар донишкада аз рӯи 26 равияи тахассусӣ устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Сабзалӣ Шарифов, Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуфҷон Сангов, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакаров, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизробшо Холов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зиёратшо Довутов ва дигарон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»