Боиси таҳсину офарин аст, ки мавқеъ ва манзалати омӯзгор бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт афзун мегардад.
Зеро омӯзгор на танҳо илму адаб меомӯзад, балки меъмор, ҳайкалтарош ва наққошест, ки тарҳи фарди ояндаро дорои сифатҳои олии инсонӣ, савод, тарбия ва фаҳмиши расо мебинад. Ранҷи мекашидаи ӯ дар таълиму тарбияи насли наврас на камтар аз ранҷи модар аст. Агар модар ба тифл шираи ҷон бахшад, омӯзгор ба ӯ шираи маърифату ирфон медиҳад.
Беҳуда нест, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки муаллим бояд дар таълиму тарбия ба хатоӣ роҳ надиҳад. Омӯзгор бояд тавре таълиму тарбия намояд, ки шогирдонаш, дар ҳақиқат, чун ворисони арзанда ба камол расанд ва баҳри бунёди ҷомеа нақши муассир дошта бошанд.
Пешаи омӯзгорӣ муқаддасу табаррук буда, дар ҷомеаи мутамаддин мақому мартабаи олӣ ва рисолати раҳнамунсозӣ дорад. Пас ин касб бояд насиби он инсоне гардад, ки соҳиби маърифати баланд ва ахлоқи ҳамида бошад.
Омӯзгор бо ақлу хирад чашми ҳар инсонро ба олам боз мекунад, сабақи одамгарӣ меомӯзонад. Аз олами тираву тори ҷоҳилият бурун меорад ва дари олами рӯшноӣ, илму маърифатро ба рӯяш боз месозад. Ҳидояти омӯзгор аст, ки ҳар як инсон ба ҷаҳон бо чашми дил назар мекунад, аз баду неки ҷаҳон воқиф мегардад, дӯстро аз душман, сафедро аз сиёҳ фарқ мекунад. Ва барҳақ дар ситоиши омӯзгор гуфтаанд: «…Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ба роҳи рост раҳнамунашон месозанд, ки чандон кори осон нест».
Омӯзгор, ба қавли бузургон, муҳандиси рӯҳи инсон аст. Тавре муҳандис нақша ё ягон кореро ташкил мекунад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозад. Муаллимро оинаи халқ низ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯз аст, ки ҳар калому ҳар нигоҳ ва ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Хуррам он кас, ки сазовори ин ном ва касби пуршараф аст.
Омӯзгор ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба ҳар кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифли аз олами маънӣ бехабар олим сохт.
Дар мамлакат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Сол аз сол баланд бардоштани музди маоши омӯзгорон, бо унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонидани онҳо ва дастгирии омӯзгорони ҷавон аз ғамхориҳои Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Пас, омӯзгорон ҳам дар ҷавоби ин ғамхориҳо муваззаф ҳастанд, ки пайваста дар ҷустуҷӯ бошанд, илмҳои замонаро пурра аз худ намоянд ва сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ ба сатҳи баландтар бардоранд, то насли нав тавонад баробар бо насли замон дар ҷомеаи мутамаддин гомҳои устувор гузорад.
Сардори давлат беҳтар кардани сифати таълим ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгорро яке аз роҳҳои асосии ноил гардидан ба ҳадафҳои созандаи Давлату Ҳукумати кишвар маънидод карда, гуфтаанд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду ҷанбаи муҳим — таълим ва тарбия иборат аст. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки рисолат ва вазифаи муҳимтарини падару модарон тарбияи хуб, ёд додани адаб ба фарзанд ва таъмини шароити мусоид барои ӯ мебошад. «Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон омезиш ёбад, фарзандон, албатта, таълиму тарбияи дуруст мегиранд ва ба роҳи рост ҳидоят мегарданд. Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд».
Шоир беҳуда нафармудаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Омӯзгорро зарур аст, ки ба насли наврас, яъне насли хушбахти замони Тоҷикистони соҳибихтиёр таърихи истиқлолият, қадру қимати сулҳу субот ва оромиву осоиштагиро бештар фаҳмонад. Зеро танҳо тавассути шинохти дурусти таърихи халқ метавонем фарзандони хешро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву созандагӣ ба воя расонем.
Метавон бо ифтихор иброз дошт, ки шиори имрӯзаи омӯзгорони Тоҷикистони соҳибистиқлол, омӯзгоре, ки таҳти сиёсати бунёдкоронаи фарзанди барӯманди миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, ояндаи миллатро эъмор менамояд, басо сода аст: «Дуруст тарбия намудани насли наврас», «Ҳамчун омӯзгори асил ҳастии худро ба донишандӯзии фарзандони халқ сарф намудан», «Шогирдонро мисли нури чашми хеш азиз донистан», «Баҳри босавод, бомаърифат, соҳибҳунар ва соҳибкасб шудани шогирдон шабонарӯз заҳмат кашидан», «Ҳар як шогирдро чун инсони комил ба воя расонидан», «Ҳамчун шамъи худсӯз қалби шогирдонро бо дониш мунаввар сохтан» ва ғайра.
Набояд фаромӯш сохт, ки омӯзгорро эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, худфидоӣ ва муқаддас донистани рисолати касбӣ дар ҷомеа обрӯманд, боэҳтиром ва соҳибқадр мегардонад. Омӯзгор бо серталабӣ, соҳибхирадӣ, донишҳои мукаммал ва гуфтору рафтори шоиста маҳбуб мегардад. Насли наврас мудом кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба ин зумра омӯзгорон монанд бошанд.
Беҳтарин туҳфа ва беҳтарин мояи ифтихор барои ҳар як муаллим ба камол расонидани шогирдони сазовори даврон аст. Бошад, ки ин орзуи омӯзгорон дар ҳама давру замон ҷомаи амал пӯшад.
Фарангис Немонова,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе