Дар татбиқи паём саҳмгузор бошем

№12 (4908) 27.01.2025

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки «сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».

Чунин андешаронии Сарвари давлат бори дигар далели он аст, ки масъалаи мазкур ба масъалаи стратегии давлат табдил ёфта, тақдири ҳар як наврас барои калонсолон муҳим арзёбӣ мегардад. Дар замони муосир фазои иттилоотӣ ва тарғиботии Ғарбу Шарқ барои таъсиррасонӣ ба тафаккури наврасон дар набарданд, ки далели равшани он пайвастани бархе аз ҷавонони ноогоҳу зудбовар ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мебошад. Барои волидон, омӯзгорону донишмандони соҳаи сиёсатшиносӣ, педагогика, равоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ андешидани чораҳои зарурӣ ва бетаъхир лозим аст, ки сари вақт пеши роҳи чунин роҳгумзадагии ҷавонон гирифта шавад.

Мусаллам аст, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ муайян гардида, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он, тамоми имконоти худро истифода мебарад ва барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кӯшишу талош дорад. Ин тадбирҳо боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокию маърифат, давомнокии умр ва дар маҷмуъ, ба пешравии ҷомеа, болоравии сатҳи зеҳнияти инсон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сазовори аҳолӣ таъсири мусбат гузоштаанд. Ҳамзамон, собит гардидааст, ки мактабу маориф, инчунин, омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насле, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаю маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад.

Сарвари мамлакат, ҳамзамон, дар хусуси хатарҳои ҷаҳони муосир ва мушкилоти печидаи марҳилаи ҳассос таъкид карда, аз ҷумла афзуданд: «Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

Ин таъкиди Пешвои миллат моро водор месозад, ки зиракии сиё­сиро аз даст надода, бо кори пурмаҳсулу созандагӣ дар ободию пешрафти Ватан саҳми шоиста гузорем.

Маъруфҷон МАҲМУДОВ,

номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон