Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест

№30 (4770) 07.03.2024

WhatsApp Image 2024-03-05 at 15.42.07Зарина Ҳақназарова аз хурдӣ меҳри дӯзандагиро дар дил мепарварид. Куртаҳои шинаму зебои дӯхтаи модараш, ки бонувони ҳамсоя ба бар мекарданд, ӯро ангеза дод, то ин ҳунарро омӯзад. Вақте модараш куртаи нав ба тан мекард ё либоси омодакардаашро ба фармоишгар пешниҳод менамуд, ҳисси кунҷковии Заринаи хурдсол бештар мегардиду бо суолҳои бешумор, ба қавле модарашро имтиҳон мекард. Модараш дар оилаи коргар ба воя расида, ҳамчун дӯзандаи чирадаст машҳур буд.

Дар наврасӣ барои лӯхтакҳо аз боқимондаи матои куртаҳои дӯхтаи модараш либос омода мекард. Модараш ҳамеша мегуфт, ки ҳунарманд ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи каси дигар намешавад. Ба ҳамин хотир мехост, ки духтараш касби ӯро омӯзад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар синфи 7-ум Зарина ҳунари дӯзандагиро аз бар намуд ва падараш ба ӯ дастгоҳи либосдӯзӣ туҳфа кард.

Нахустин либосҳоро барои модару хоҳаронаш дӯхт, ки хеле зебо буданд. Маҳсули дастонаш зуд дар маҳалла ва баъдан дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки Зарина дар он ҷо таваллуд шудаву ба воя расидааст, машҳур гашт. Ҳунараш сол аз сол сайқал ёфт. Аз нигоштаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ва барномаҳои телевизиону радио, ки ба дӯзандагӣ бахшида мешуданд, нозукиҳои пешаро омӯхт ва дар дӯхти куртаҳои тоҷикӣ навгониҳо ҷорӣ намуд, ки ба мизоҷон писанд омад. Аз ин лиҳоз талабот ба куртаҳои дӯхтааш бештар шуд.

- Дӯзанда бояд ба шакли матоъ, махсусияти дӯхтани пироҳан, интихоби сӯзан ва ришта таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунад. Дарозии кӯк, пора кардани матоъ, санҷидани сифати он, пайваст намудани ҷузъҳои матоъ бо ёрии дарзҳо, омода кардани дастгоҳи дӯзандагӣ ва нигоҳубини онро донад, — гуфт Зарина Ҳақназарова.

- Ҳунари дӯзандагӣ дар назари аввал осон менамояд, аммо баъд аз ворид шудан ба муҳити пурмашаққат душвории ин касб маълум мегардад. Чевар бояд дақиқкор ва пурсабр бошад. Дӯзандагӣ нозукиҳои зиёд дорад ва надонистани он мушкилиҳои зиёде пеш меорад. Завқу салиқа ва донишу таҷриба барои дӯзанда нақши асосӣ мебозанд,- афзуд ӯ.

- Ба апаи Зарина бештар навхонадорон дӯхтани либосҳои арӯсиро фармоиш медиҳанд. Дар дӯхтани либосҳои арӯсӣ маҳорати хоса дорад. Ҳунару истеъдоди дӯзандагии ӯ на танҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои г атрофи шаҳр низ маъруф аст,- гуфт ҳамкораш Мавлуда.

Вақте Зарина Ҳақназарова ба корхонаи мо ба кор омад, аз рӯзҳои аввал ҳамчун зани меҳнаткашу кордон, бонуи соҳибзавқу хушсалиқа ва дӯзандаи моҳиру касбӣ худро муаррифӣ кард. Ӯ бисёр зани меҳрубон аст. Ба ҳамкасбон ёриашро дареғ намедорад. Баъзан поси шаб ба хона меравад, вале субҳгоҳон бо ширинии лазизе дар даст ба корхона ворид мешавад. Рӯзе ӯро набинем, гумон мекунем наздиктарин нафарамонро гум кардаем, — иброз дошт ҳамкораш Манижа.

Зарина Ҳақназарова аз он изҳори хушнудӣ менамояд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ рушд намуд. Маҳз, дар ин замина занони тоҷик бо пӯшидани либосҳои миллӣ фарҳангу тамаддуни миллии тоҷиконро ҳифз ва муаррифӣ менамоянд.

Ба андешаи қаҳрамони мо, агар чевар дар корхонаи дӯзандагӣ кор кунад, пас ба ҳайат дохил мешавад, ки ҳар кас уҳдадорию вазифаи худро дорад. Муҳим он аст, ки фармоишро дар вақташ бо сифати баланд омода кунанд.

Дӯзанда боз чӣ гуна хислатҳо бояд дошта бошад, ки корашро дар сатҳи баланд ба анҷом расонад? Зарина ба ин пурсиши мо чунин посух гуфт: «Дӯзанда бояд пуртоқат бошад, касбашро дӯст дорад, аз назокатҳои мӯд огоҳ ва покизакор бошаду ба ақидааш устувор.

Дақиқкорӣ, чолокӣ ва чобукии дас­тон ва тобоварии ҷисмонӣ сифатҳои дигари нисбатан муҳими касби дӯзандагӣ мебошанд».

Тақдир ӯро аз ноҳия ба шаҳри Душанбе овард. Зарина аз як имтиҳони ҷиддӣ — қонеъ намудани талаботи мизоҷонаш дар пойтахт сарбаландона баромад. Бонувони пойтахт бо тарзи нав ва либоси мӯдшуда фармоиш медиҳанд ва номбурда талаботи онҳоро қонеъ менамояд. Бонувони фармоишгар аз кораш қаноатманданд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»