Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

Ёздаҳуми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ» баргузор гардид. Дар ҷамъомади ба ин муносибат доиргардида намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олии мамлакат ва воситаҳои ахбори омма ҳозир буданд. Хабарнигорамон аз муовини аввали ин марказ Файзалӣ Шарифов хоҳиш кард, ки ин рӯйдоди тозаро шарҳ диҳад:

- Муассисаи мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли  2012 таҳти рақами 716 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ» арзи вуҷуд кард.

Аз рӯзи ба тасвиб расидани қарори зикршуда то ин дам сохтори  Марказ тасдиқ,  кормандони дастгоҳи марказӣ, аз он ҷумла муовинон, сардорони шуъбаҳо ва дигар мутахассисон ба кор қабул гардиданд. Бахшҳои раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ  дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Зафаробод ва Шаҳринав таъсис ёфт.

Оиннома, Низомнома ва дастурамали  вазифавии кормандони марказ низ тасдиқ  ва синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Кормандони Марказ бо мақсади амалӣ гардонидани чорабиниҳои раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ, ташаккули  касбии насли наврас, дастгирӣ ва инкишофи истеъдодҳо дар худмуайянкунии касбӣ ва интихоби бошууронаи касб, бо назардошти шавқу ҳавас, майлу рағбат, қобилият ва шиносойӣ  бо касбҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо иштироки падару модарон, собиқадорони меҳнат  ва омӯзгорон ҷамъомад ва семинар-машваратҳо мегузаронанд. Барои амалӣ гардидани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва гузаронидани корҳои таблиғотӣ тибқи Нақша-чорабиниҳои «Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қарору фармоишҳо мансуб ба раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ аллакай дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино ва Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе бо 1798 нафар барои бедор намудани майлу рағбат ва қобилияти касбинтихобкунии онҳо тест-машваратҳои гурӯҳӣ гузаронида, натиҷаи  он ба саҳми маъмурияти мактабҳо ва хонандагон расонида шуд.

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам бо дигар давлатҳо оид ба интихоби касб, коргузорӣ ва дигар чорабиниҳои роҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ чанде пеш  бо ташкилоти байналмилалии GIZ ва ташкилоти ғайриҳукуматӣ «Хонаи ҷавонон» суҳбату  вохӯриҳо гузаронида шуд.

Бо дастгирии ин ташкилотҳо фиттаҳо оид ба тест-машваратҳои равонӣ (Ҷумҳурии Беларус) дастрас гардиданд, ки мавриди омӯзиш қарор доранд. Ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ GIZ идома  дорад.

Ғайр аз ин, дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо иштироки кормандони Марказ бо хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии  № 1 ва 13 оид ба интихоби бошууронаи касб мулоқотҳо  сурат гирифт.

Дар ташвиқу  тарғиби раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ дастурамалҳо мавқеи хоса  дорад. Аз ин рӯ, айни ҳол тавзеҳномаҳо бо номи «Интихоби дуруст  ва бошууронаи касб», «Кафшергари  газӣ-барқӣ» ва «Челонгар-сантехник» омодаи чоп аст.

Барои ташкил ва гузаронидани  курсҳои кӯтоҳмуддат бо мақсади тайёр намудани мутахассисон, аз ҷумла курсҳои      «Омӯзиши компютер» ва хизматрасонӣ дар самти туризм, синфхонаҳо ҷудо гардида, бо маводи зарурӣ ҷиҳозонида шуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»