Дар ҷустуҷӯи маъонии нав

№75 - 76 (4495 - 4496) 18.06.2022

DSC_0953Муносибат ба гузаштаи миллат меҳвари худшиносии моро ташкил медиҳад, зеро тоҷикон дар тӯли таърих дар доираи низомҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ зиндагӣ карда, ҳоло дар роҳи интихоби идеяе, ки пайвандгари ҷомеа мебошад, қарор доранд.

Ҳамин имконияти интихоб, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд омад, ҷомеаро ба тарафдорони гузаштаи шӯравӣ ва мухолифони он давра ҷудо намуд. Гумон мекунам, ҳар ду ҷониб иштибоҳ мекунанд, зеро алҳол бояд дастовардҳои фарҳангиамонро чӣ дар давраи тоисломӣ, давраи шӯравӣ ва истиқлолиятро дар бунёди давлатдории навини тоҷикон нигоҳ дорем ва фаровон истифода барем. Дар доираи ин баҳсҳо мавқеи файласуфон хеле бориз аст ва бесабаб нест, ки аз солҳои 90-ум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар атрофашон олимону зиёиёнро ҷамъ карда, дар давлатсозию эҳёи миллат аз донишу таҷрибаи онҳо истифода мебаранд. Дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ, дар баробари бисёр шахсони муътабар, Кароматулло Олимов низ дохил буд. Ӯ намунаи иштироки бевоситаи як шахсият дар пешрафти ҷомеа ва як инсони ватанпараст мебошад, ки ба афкори умум ва ҷаҳонбинии ҷомеа таъсири бузург расонидаву мерасонад.

Аксар донишмандону адибони тоҷик, ки дар давраи шӯравӣ по ба арсаи эҷод гузоштанд, баъд аз пош хӯрдани он ва зуҳури даврони гузариш ҳаёти душвору нокомиҳои зиёд­ро аз cap гузарониданд. Мутаассифона, он нобасомониҳо рӯҳи чунин шахсиятҳоро халалдор месохт. Новобаста ба мушкилиҳо Кароматулло Олимов ҳамчун фарзанди сазовори миллат дар ҷомеаи баъдиҷангӣ бо шавқи беандоза ва муҳаббати самимона нисбат ба халқу диёр талошҳои бисёр намуд, ки ин аз пуштибонии бе чуну чарои вай аз сиёсати Сарвари давлат дарак медиҳад. Ӯ ба мисли дигар фарзандони асили Тоҷикистон ба хубӣ дарк кард, ки Ватан ба хатари бузург рӯ ба рӯ гашта, дар арсаи таърих рӯ ба нобудӣ гузоштааст, бинобар ин, вай фаъолиятро пурра барои нигоҳ доштани якпорчагии кишвар, сулҳу ваҳдат ва ҳифзи илму фарҳанги тоҷик равона сохт.

Ҳоло Кароматулло Олимов ҳамчун муҳаққиқи соҳаи таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ирфонии халқи тоҷик, ҳамчунин масоили назарию методологии фалсафа, сиёсатмадори барҷаста ва ташкилотчии нексиришт на фақат дар қаламрави кишвар, балки берун аз он низ шинохта шудааст.

Устод ҳамчун муҳаққиқи фалсафа ва тасаввуф кӯшиши зиёд намудааст, ки таърихи афкори миллат ҳаматарафа баррасӣ шавад, зеро ба қавли ӯ, то ҳанӯз на ҳама мутафаккирони бузург, ки аслан пайравони тасаввуф маҳсуб мегарданд, аз ҷониби муҳаққиқон баҳои сазовор гирифтаанд. Саҳми ин бузургони миллат бояд дар таърихи афкори фалсафию иҷтимоӣ ва адабиамон тавассути таҳқиқоти ҳамаҷонибаи мерос ва шахсияти онҳо муайян шавад. Барои мисол, осор ва рӯзгори як зумра шахсиятҳои барҷастаи тасаввуф, аз ҷумла Абӯсаиди Абулхайр, Абулқосими Қушайрӣ, Абӯабдурраҳмони Сулламӣ, Мустамаллии Бухороӣ, Аббодӣ ва чанде дигарон то ҳол ба таври бояду шояд таҳқиқ нашудаанд. Ҳол он ки нақши онҳо дар афкори ҷамъиятию адабии асрҳои миёнаи халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр хеле чашмгир мебошад. Устод кӯшиши зиёд намуд, то нишон диҳад, ки масъалаҳои назарияи маърифат ва ахлоқ дар афкори тасаввуф бо ҳам омезиш ёфта, намояндагони он худошиносиро аз инсонпарварӣ чудо карда наметавонанд.

Дар асарҳои «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII (таҳқиқи интиқодии таърихӣ-фалсафӣ)» ва «Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ» (соли 2014) назарияҳои фалсафии бузургтарин мутафаккирони тоҷик ва Машриқзамин Абдураҳмони Сулламӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Абулҳасани Харақонӣ, Мустамаллии Бухороӣ, Камоли Хуҷандӣ, Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва ғайра таҳқиқ шудаанд.  Проблемаҳои мавриди таҳқиқ, ки дар он китобҳо қарор доранд, ба таври интиқодӣ, холисона, вобаста ба ҷараёни таърихию сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ шудаанд. Ба ақидаи муҳаққиқони таърихи фалсафа ин асар саҳми ҷиддии муаллиф дар таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик мемешад. Ӯ аз ҷумлаи аввалин муҳаққиқони таърихи андешаҳои фалсафию иҷтимоии мактаби тасаввуфи Хуросон (асрҳои Х-ХІІ) маҳсуб мешавад, ки дар онҳо назарияҳои фалсафии бузургтарин мутафаккирони тоҷик инъикос ёфтаанд ва дар миёни муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён ҳамчун сарчашма ва дастури хуби илмӣ ва методологӣ қабул шудаанд.

Проблемаҳое, ки устод мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, дорои моҳияти илмии мубрам буда, барои омӯзиши гузаштаи афкор ва фарҳанги мо, шинохти ҳувияти миллӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ ва мубориза ба ҳар гуна ифроту тафрит аҳамияти баланди назариявӣ ва амалӣ доранд. Монографияи «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат», ки соли 2018 ва такмилшудаи он соли 2021 (168 саҳ.) ба нашр расидааст, ба фаъолияти сиёсӣ ва илмию фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, аз ҷумлаи асарҳое мебошанд, ки ба масоили мубрами иҷтимовию сиёсӣ бахшида шудаанд.

Муаллиф ташаккули лидери миллии тоҷиконро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун факти бузурги таърихӣ аз лиҳози назария ва амалия тавзеҳ ва хислатҳои шахсию нақши бузурги сиёсию фарҳангии меъмори сулҳ ва ваҳдати миллӣ будани ӯро ҳамчун Пешвои миллат дар наҷоти давлат ва миллат аз нобудию парокандагӣ ба таври барҷаста нишон додааст. Ин асар низ аз тарафи аҳли илм баҳои сазовор гирифта, муҳаққиқон ба он истинод намудаанд.

Академик Кароматулло Олимов муаллифи як силсила мақолаҳо доир ба таблиғи фалсафа ва файласуфони тоҷик, силсилаи мақолаҳо оид ба классикони марксизм-ленинизм мебошад, ки бо дарназардошти шароити ҳозира таҳлилу баррасӣ менамояд. Дар таҳқиқоташ фаъолияти илмию ташкилӣ ва сиёсии намояндагони илми муосирро баррасӣ намуда, хонандаро бо шахсони бузурги илми муосир шинос менамояд. Яке аз онҳо монографияи «Ахтари дурахшони илм» мебошад (Қарори Шӯрои табъу нашри АМИТ №27 аз 15 июни соли 2020), ки дар ҳаҷми 10 ҷилди чопӣ дар нашриёти «Дониш»  чоп шуда, ки ба таҳқиқи фаъолият ва осори академик Муҳаммад Осимӣ ва саҳми ӯ дар пешрафти фалсафаи тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф ба ҷиҳатҳои асосии фаъолияти илмии М. Осимӣ дар соҳаи фалсафа таваҷҷуҳ намуда, саҳми ӯро дар ташаккули мактаби фалсафаи тоҷик дар замони шӯравӣ муайян намудааст. Ҳамчунин, аз тарафи М. Осимӣ таҳқиқ шудани проблемаҳои таърихи илм ва таърихи фалсафа дар ҷаҳон ва хусусан, таърихи фалсафаи тоҷик, инчунин таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи табиатшиносиро бо далелҳои мушаххас баррасӣ намуда,саҳми  М. Осимиро дар пешрафти илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносии шӯравӣ, тоҷик ва ҷаҳонӣ аз ҷиҳати илмӣ нишон додааст.

Маҳз бо ибтикори профессор К. Олимов чопи асари «Таърихи фалсафаи тоҷик аз аҳди қадим то асри XV» ба забони русӣ аз тарафи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ дар се ҷилд чоп шуда, ин асари бунёдии академикӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки берун аз он баҳои баланди илмӣ гирифтааст. Бобҳои «Таърихи фалсафаи тоҷик аз давраҳои қадим то асри ХV» ба забони русӣ ва «Таърихи фалсафаи тоҷик» дар 5 ҷилд ва 7 китоб шомил ҳастанд, ки дар маҷмӯъ 67 ҷилди чопӣ ба қалами устод мансубанд.

Муҳаббат ба Ватан, ҳурмату эҳтиром ба Давлату Ҳукумат барои профессор Кароматулло Олимов як чизи қолабию намоишӣ нест. Дар яке аз суҳбатҳо устод гуфт: «Ватанро чӣ хеле ки ҳаст, дӯст доштан даркор, ҳар як шахс муҳаббати худро ба Ватан дар амал бояд нишон диҳад, Ҳукуматро танқид кардан осон, беҳбудиро ҳар як шахс дар худашу гирду атрофаш муҳайё созад».

Осор, ҳаёт ва фаъолияти профессор Кароматулло Олимов, хосатан зиндагиномаи ӯ ҳатман ба шогирдону муҳаққиқон ва мутафаккирони ояндаи тоҷик таъсири амиқ хоҳад расонд. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки моҳияти осору фаъолияти академик Кароматулло Олимов башардӯстӣ ва ватанпарастӣ буда, барои пешрафти андешаҳои гуманистию адабӣ, фалсафӣ ва тасаввуфии ҷомеа саҳми арзишманд дорад. Мактабе, ки Кароматулло Олимов бунёд кардааст, мактаби матонату хоксорӣ, илму одамдӯстӣ ва ишқу муҳаббат мебошад.

Насиба СОДИҚӢ,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои фалсафа