Пеш аз Инқилоби Октябр дар минтақаи Рашт мадрасаҳои хурду бузург арзи вуҷуд намуда буданд ва шахсони донишҷӯ он ҷо таълиму тарбия мегирифтанд. Баъди хатми мадрасаҳои маҳаллӣ аксари толибилмон барои такмили илм ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Хуқанд, Кобул, Деҳлӣ, Маккаву Мадина раҳсипор мегардиданд.
Мадрасаҳои Шингилич, Фатҳобод, Мунҷихарф, Яхакпаст ва Ярхичи қалъа машҳуртарин мадрасаҳои он замон дониста мешуданд.
Баъди барқарор гардидани Ҳукумати Шӯравӣ дар ин минтақа мактабҳои ибтидоӣ ва миёна таъсис ёфтанд ва таълим барои тамоми табақаҳои сокинон дастрас шуд. Омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва касбӣ-техникӣ ба фаъолият оғоз карданд. Як муддат Техникуми хоҷагии қишлоқ, ки ҳоло дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият дорад, дар ин диёр таъсис ёфта буд.
Хатмкардагони мактабҳои Раштонзамин қатори дигар ҷавонони ҷумҳурӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа мерафтанд. Баъди хатм бо ихтисосҳои гуногун ба зодгоҳашон бармегаштанд ва дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ саҳм мегузоштанд.
Мардуми Рашт ҳамеша орзу доштанд, ки дар диёри онҳо низ донишкадаву донишгоҳҳо бошанд, зеро ҷавонони лаёқатманд, ки аз сабаби набудани имконият наметавонистанд ба шаҳрҳои дигар бираванд, имкони дар онҳо идома додани таҳсилро пайдо намоянд.
Баъди ба сари Ҳукумат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батадриҷ вазъ дигар шуд. Зиндагии осуда оғоз ёфт, вале вазъи муассисаҳои таълимии водӣ хуб набуд. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо мақсади пурра намудани сафи омӯзгорон дар водии Рашт аз 12 апрели соли 2002 филиали шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраевро ташкил кард.
Шахсе, ки дар ин давра барои ба низом овардани кори ин муассисаи навташкил саъю талошҳои зиёд намудааст, яке аз олимони варзида, нахустроҳбари ин боргоҳи маърифат, номзади илмҳои педагогӣ Мирзохӯҷа Пиров буд.
Дотсент Мирзохӯҷа Пиров то моҳи июни соли 2008, яъне то ба нафақа баромаданаш роҳбариро дар ин донишгоҳ давом додааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди омӯзиши вазъи соҳаи маорифи минтақа 1 ноябри соли 2006 бо фармони худ таҳти №501 дар заминаи шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев таъсиси филиали донишгоҳро дар ноҳияи Рашт иҷозат дод. Дар ин давра дар шуъбаи ғоибонаи ДДОТ 708 нафар, аз ҷумла 156 нафар духтарон,таҳсил мекарданд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муҳлати кӯтоҳ биноҳои замонавӣ барои таҳсил ва хобгоҳу китобхона сохта, ба истифода дода шуданд. Мавзее, ки имрӯз донишкада дар он ҷойгир аст, солҳои пешин харобазоре беш набуд, ба як шаҳраки зебо табдил ёфтааст.
Аз моҳи июни соли 2008 то моҳи апрели соли 2011 сарварии филиали донишгоҳро муаллими калон Иброҳим Исроилов ба уҳда дошт.
Соли 2011 бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Сайдамир Ҷононов ба вазифаи ректори филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин гардид. Дар давраи роҳбарии Сайдамир Ҷононов як факултет, ҳафт кафедра ва даҳ ихтисоси нав, аз қабили математика-информатика, педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, химия ва биология, технология ва соҳибкорӣ, география, географияи ҳифзи табиат, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (дар соҳаи маориф), менеҷменти иҷтимоӣ (дар соҳаи маориф), низоми иттилоот ва рӯзноманигорӣ таъсис дода шуд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 таҳти №206 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» дар заминаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ташкил карда шуд.
Баъди донишкадаи мустақил эълон гардидани муассисаи мазкур ба он як факултет ва чор кафедра илова шуд. Имрӯз 77 нафар устодон дар ин донишкада ба донишҷӯён сабақ меомӯзанд, ки 14 нафарашон занон мебошанд.
Дар донишкада 2029 нафар донишҷӯ таҳсил дорад, ки аз ин 901 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1128 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Сол то сол сафи духтарони маҳаллӣ, ки орзуи идома додани таҳсилро доранд, рӯ ба афзоиш аст. Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имконият фароҳам меорад, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таълимии минтақа бо мутахассисони соҳибтаҳсилоти касбӣ баъди чанд соли дигар роҳи ҳалли худро пайдо намояд.
Соли равон, бинобар ба нафақа баромадани профессор Сайдамир Ҷононов, ба вазифаи ректори донишкада мутахассиси варзида, номзади илмҳои техникӣ М. Сангов таъин шуд.
Мо шукрона аз он мекунем, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо рӯз то рӯз гӯшае обод мешаваду зиндагии шоиста барои мардум таъмин мегардад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»
Бинои асосии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт